ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИН.  ҶАВОНОН БОЯД СИЁҲРО АЗ САФЕД ФАРҚ КУНАНД!

ДИН.  ҶАВОНОН БОЯД СИЁҲРО АЗ САФЕД ФАРҚ КУНАНД!

17 март 2025, Душанбе
7
0


Дар замони муосир ва тезутунд шудани муносибатҳои  сиёсии кишварҳои  ҷаҳон  ба  он оварда  расондааст, ки  гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳар роҳу  восита  мақсадҳои  нопоки  худро амалӣ менамоянд. Барои расидан ба  ҳадафҳои  худ гурӯҳҳои моҷароҷӯву ифротгаро аз ҳеҷ гуна амалҳои зишт рӯ намегардонанд. Сарварони  бадкеши терроризм, аслан барои  амалӣ сохтани  нақшаҳои  худ гурӯҳҳои ифротии  манотиқи  гуногунро мавриди  истифода  қарор медиҳанд. Барои  бо роҳи  осон ноил шудан ба  ин ҳадафҳои  нопок онҳо, асосан, гурӯҳҳои  ифротгарои  диниро маҳаки истифода  қарор медиҳанд. 

Таҳдидҳои манфиатҷӯёнаи ифротгароӣ боиси хатарҳои  умумиглобалӣ шуда истодаанд. Сарвари  давлати  тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда  буданд: “...ҷавонон бояд дарк  намоянд, ки  гаравидан ба  гурӯҳҳои  тундрав, даст задан ба  амалҳои  террористӣ ва  бадном  кардани  давлату  миллат оқибатҳои  ногувор доранд”. 
Таърихи адаб ва  фарҳанги  миллии мардуми  тоҷик  бо назардошти  ғояҳои башардӯстонаи худ дар миқёси мафкураи  умумибашарӣ ҳамчун ғанитарин фарҳангу  адаб шинохта  шудааст. Ин боигарии миллати  мо ҳамчун донишномаи  миллӣ ҳеҷ  гоҳе нагузошт ва  намегузорад, ки  инсоният ҳамчун даранда  ба  ҷони якдигар дастдарозӣ кунад.
Адабиёти  усули мактаби  ифротгароӣ нишон медиҳад, ки  ҳадафи  экстремизми  муосир бо баёни  истилоҳи  “ифротгароии динӣ” ин нишон додани  чеҳраи  дини  Ислом  дар шакли  манфур аст, то ин ки  аҳли  башар қазоват кунанд, ки ислом  аслану  усулан таълимоти  зишту  манфуре ҳаст. Аммо чун ба умқи масъала назар мекунем, мебинем, ки моҳияти  мафҳуми “ифротгароии динӣ”, ки чун ба  ислом  иртибот медиҳанд, мантиқан беасос  ва  дар заминаи бадбинию миллатгароӣ ба  миён омадааст.
Мавзуи  дин ва  ҷаҳони пешрафта  масъалаи  бисёрҷабҳа  аст. Арзишҳои  динӣ моҳиятан барои  рушди фарҳанг, илм, ҳуқуқҳои  одамон бояд хизмат кунад.
Бо назардошти  муносибатҳои  мутақобилаи  дин ва ҷаҳони  мутамаддин мо чанд нуқтаи  муҳими барои рушди  маънавиёт ва  ахлоқи  ҷомеаро баррасӣ карданӣ  ҳастем.
1. Густариши  муносибатҳои ахлоқӣ
Ҷаҳони имрӯза  динро ҳамчун манбаи асосии ахлоқи  ҷомеа шинохта  ва  қадрдонӣ мекунад. Арзишҳои  динӣ дар ҷаҳони  муосир, ки,  асосан, ба  демократия  ва  ҳуқуқи  инсон такя  мекунад, нақши  муҳим  дорад.
2. Таъсири  дин ба илми  муосир
Аз таърих ба мо маълум  аст, ки дар байни  дин ва  илм  ихтилофҳо зиёд буданду муносибатҳо сард. Аммо дар замони  муосир дар бисёр кишварҳо тавонистанд, ки динро бо пешрафтҳои илмӣ ҳамоҳанг кунанд.
Моҳиятан ҷаҳони имрӯзро ҳам, ки иддае бозичаи  худ қарор додаанд ва аҳдофи онҳо якмаром  ноором сохтани  вазъи  сайёраи Замин аст, онҳоро намояндаи ин ё он дин гуфтан нашояд. Зеҳнҳои  онҳо хориҷ  аз мафкураҳои  динӣ аст. Ҳол он ки  тафаккури  солими  динӣ тафаккури иғвобарангез нест. Моҳиятан ҳамаи динҳо манфиатҳои  башариро ифода мекунанд. 
Бахусус, агар мо ба Қуръон муроҷиат кунем, мебинем, ки  муҳтавои  ояҳои  ин китоб муносибатҳои  инсониро дар сатҳи ҳамкориҳо байни  одамон, динҳои  дигар ва  ҳатто муносибат бо ҷомеаҳои  инсонию давлатҳоро баёнгар ҳастанд. Ба тариқи  мисол ояи  63 аз сураи “Ал-фурқон”-ро меорем. “Ва (муъминон) раббонианд, ки  агар ба  онҳо шахсе  лозим  омад, ки  барои  хостае сухан кунанд, гуфтани “Салом” аст”. Тарҷимаи  ин оят манзур медорад, ки  дар муҳити  иҷтимоӣ одамон аз ҳамдигар сулҳро ҷустуҷӯ кунанд.
Ё ин ки ояте, ки сулҳро ба унвони эҳсоси ваҳдат ва  ҳамдигарфаҳмӣ таъриф мекунад, ояи  10-уми сураи  “Ал-Ҳуҷурот” аст. “Муъминон ба  якдигар бародар ҳастанд, пас байни  бародарони худ сулҳ ва созиш кунед”. Ояте, ки сулҳро унвони роҳи  беҳтарини  ҳалли  масъалаҳо таъриф  мекунад, ояи  28 аз сураи  “Ал-Бақара” аст: “Эй  касоне, ки  имон овардаед, вориди сулҳ шавед, ки  тамомиро ба сулҳ раҳнамун мешавед”.
Вақте дастури қуръонӣ, чунин аҳдоферо барои  башарият пешниҳод менамояд ва  ин китоб дастурамали  як  дини  умумибашарӣ аст, оё  метавон гуфт, ки намояндагони  содиқи ин китоби  барои мусалмонон муқаддас мардумони  ифротгаро бошанд.
Муҳтавои  ифротиён хостаҳои  қуръонӣ нест. Мафкураи  хароби  одамони  ифротгаро аз сарчашмаи  Қуръон об намехӯрад. Баръакс, онҳо гургҳое  ҳастанд, ки  дар либоси  одамӣ танаффури  худро аз инсоният пинҳон медоранд.
Ин танаффур нафсҳои шайтонии ин гургҳои  одамсурат, аст, ки раванди  ороми  зиндагии  мардумро халалдор месозанд.
Ифротгароии  динӣ, аз ҷиҳати динӣ асосноккунии  фаъолияти  бо дин рӯпӯшкунандае аст, ки  бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани  истиқлоли миллӣ ва худкомагиро ифода  менамояд.
Мутафаккири  бузурги  Чин Конфутсий барҳақ фармудааст: “Шамъи  кӯчакеро рӯшан намудан беҳтар аст аз он, ки тамоми ҳаёт торикиро лаънат кунӣ”.
Дар ин роҳ, бахусус  ҷавонон, ки  ояндасозони  миллат ҳастанд, шамъҳоеро мемонанд, ки  ояндаи  миллати  моро бояд рӯшан созанд. 
Дар ҷаҳони  муосир маънавиёт, бахусус фарҳангҳои  миллӣ, аз назари ҳувияти миллӣ хеле коста гардидаанд. Дин, ки намунаи  барҷастаи  илму  фарҳанг ва  маънавиёти миллии ҳамаи миллатҳост, мошини  иттилоотӣ ва  тарғибгари  маънавии ҷомеа  мебошад. Вазифаи  муқаддаси  инсонҳои шоиста, мардумони  бо илму  фарҳанг ин беғаразона ҷудо кардани сиёҳ аз сафед буда, барои  рушди ҷамъияти пешрафта  хизмат кардан аст.

Файзулҳасан ЗИКРУЛЛОЕВ,
омӯзгори фанни фалсафаи Муассисаи ғайридавлатии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар”

Санаи нашр: 17.03.2025 №: 57
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив