«ҶУМҲУРИЯТ» ВА ИСТИҚЛОЛИ ФИКРӢ

18 март 2025, Сешанбе
18


Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо худшиносии миллӣ муҳимтарин василаи ҳифзи фарҳангу забон ва арзишҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Давлату ҷомеа маҳз ҳамон вақт рушд меёбанд, ки мардуми он таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дошта бошанд. Дар таҳкиму рушди давлат ва баланд бардоштани маърифати худшиносиву худогоҳии миллӣ роҳу усулҳои зиёде мавҷуданд, ки воситаҳои ахбори омма, махсусан, матбуот ҷойгоҳи вижа доранд.
Мусаллам аст, ки ҷомеа ҳамеша ба муоширату иртибот ва иттилоъ ниёз дорад ва барои қонеъ гардондани ниёзҳои маънавӣ тадриҷан роҳҳои гуногуни таъсир расондан ба афкор ба миён омадааст, ки дар ин самт матбуоти даврӣ аҳамияти хосса дорад. Саҳми матбуот дар ташаккули тафаккур ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа муҳим аст ва ҳанӯз соли 1917 Зайнулобиддини Мароғаӣ дар китоби худ «Саёҳатномаи Иброҳимбек» чунин навишта буд: «Дар рӯйи замин нахустин асбоби тараққӣ ва тамаддуни миллатҳо, саодат ва некбахтии онҳо ба воситаи матбуот аст». Дар давлатҳои Аврупо матбуот барвақттар таъсису ташаккул ёфтааст, вале аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ бо ташаббуси як гурӯҳ равшанфикрони давр Мирзо Сироҷи Ҳаким ва Мирзо Муҳиддин Мансуров 11-уми марти соли 1912 бо номи «Бухорои шариф»  таъсис дода шуд, ки умри начандон тулонӣ дид, вале заминаи асосии ташаккули матбуоти миллиро гузошт.
Бо баста гардидани рӯзномаи мазкур дар фазои иттилоотии замон дар самти нашрияҳои сирф тоҷикӣ хомӯшӣ ба вуҷуд омад. Пас аз Инқилоби Октябр нашрияҳои “Шуълаи инқилоб”, “Овози тоҷики камбағал” (имрӯз бо номи “Овози тоҷик” дар Самарқанд чоп мешавад) нашр гардиданд, ки баррасӣ ва инъикоси масъалаҳои мактабу маориф, таълиму тарбия ва худшиносии миллӣ дар саҳифаҳои онҳо нақши меҳварӣ доштанд.
Аввалин нашрияе, ки бо забони тоҷикӣ ба муносибати таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба нашр расид, «Иди тоҷик» мебошад, ки бо теъдоди 1000 нусха чоп ва дастраси хонандагон гардид. Дар шумораи дуюм номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт ва зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев нашр шуд. Дар ин давра чопи нашрия ба низоми муайян ворид гардида, мазмуну муҳтаво ва тарҳу анвои жанрии он такмил ёфтааст. Нашрияи мазкур бинобар омилҳои сиёсиву замонӣ тағйири ном бинмудааст ва бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» чоп гардидааст. Бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ - 9-уми сентябри соли 1991 нашрия бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад.
Аз ибтидои пайдоиш то имрӯз дар ташаккул ва рушди нашрияи «Ҷумҳурият» роҳбарияти сиёсии давр, аз ҷумла, қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва адибону публитсистон Алӣ Хуш, Самад Ғанӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, сармуҳаррирон Аббос Алиев, Саидбурҳон Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Қосим Дайламӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нурмуҳаммад Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов, Камол Абдураҳимов, Муҳаммад Ғоиб ва ҳоло Қурбоналӣ Раҳмонзода хидмати арзанда кардаанд. 
Шоистаи таъкид аст, аз масъалаҳои умдае, ки дар нашрияи мазкур аз оғози таъсис то инҷониб дар меҳвари мундариҷаи рӯзнома қарор дорад, худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин самт нақши нашрияи «Ҷумҳурият» бузургу мондагор буда, ин омилро метавон аз осори публитсистии устод Садриддин Айнӣ баръало эҳсос намуд. Маълум аст, ки устод Айнӣ дар рӯзҳои аввали таъсис ёфтани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» ба матбуот ҳамкорӣ дошта, аз мухбирони фаъоли ин нашрия маҳсуб меёфт. Ин ҳамкориҳо тадриҷан вусъат ёфтаву дар дигар нашрияҳои тоҷикӣ такмил гардидааст. Устод Айнӣ ба дурустӣ дарк карда буд, ки маҳз ба василаи матбуот метавон ба афкори ҷомеа таъсир намуда, ба бедории фикрию миллӣ расид. Ба ин маънӣ, устод Айнӣ таъкид кардааст: «Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне, қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст». Ва дар мавриди дигаре устод Айнӣ бо дард ва ҷиддият таъкид менамояд: «Бародарон! Ҳар ҳафта як соат умратонро ба хондани ин рӯзнома  («Шуълаи инқилоб»  дар назар аст, - М. И.) сарф кунед, ба қадри иқтидоратон аз ҷаридае, ки ба забони худатон нашр мешавад, истифода намоед, дар бадали ин як соат умре, ки ба бехабарӣ гузарондед, талофӣ намоед».
Бояд қайд кард, ки мақолаҳои публитсистии устод Айнӣ ифшогари вазъи замон, маърифатманд намудани ҷомеа, равнақ бахшидани мактабу маориф,  рӯзномахон намудани мардум мебошанд. Ба таъкиди академик М. Шакурӣ, «Аз ҳама назму насре,  ки устод солҳои фаъолияти равшангарӣ – аз оғози қарн то соли 1917 навиштааст, ошкор аст, ки ӯ васияти Аҳмади Донишро ба ҷо овардан мехоҳад, дар роҳи дафъи ноинсофиву беадолатӣ, дар роҳи ислоҳи инсон ва ҷомиа ҷадал карданист, вале на ба роҳи инқилоб, балки бо роҳи равшангарӣ ва ислоҳоти маорифпарварона ба сарманзили мақсуд расидан ният дорад».
Бештарин мақолаҳое, ки устод Айнӣ аз соли 1919 то соли 1930 навиштааст, ба мавзуъҳои иҷтимоиву сиёсӣ иртибот доранд ва асосан, дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Дар ин замина, мавсуф аз сермаҳсултарин публитсистон ба ҳисоб меравад. Ӯ дар 11 сол (солҳои 1919-1930) 94 мақола ва 7 асари калон навиштааст, ки онҳо ба муҳимтарин мавзуъҳои замон бахшида шудаанд.  Масъалаи  худшиносии миллӣ дар меҳвари эҷодиёти устод Айнӣ қарор дошта, дар ҳассостарин лаҳза тавассути асарҳо ва нигоштаҳо дар матбуоти  даврӣ дар ҳифзи фарҳангу забон ва ҳувияти миллӣ баромад кардааст. Аз ин ҷост, ки имрӯз низ асарҳои бадеиву публитсистии устод  Айнӣ аҳамияти илмию амалии рӯзафзун пайдо кардаанд.  Бинобар ин, хидматҳои  ӯ дар масъалаи фарҳанг, забон,  худшиносии миллӣ, рушди матбуоти тоҷик муҳиму ҳалкунанда буда, ӯ ҳамчун равшанфикр ва маорифпарвари кишвар  дар роҳи бедории миллӣ, такомулу пешрафти маориф, соҳибмаърифату босавод гардондани ҷомеа рисолати худро сарбаландона иҷро кардааст. Устод Айнӣ роҳи пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллиро дар маърифатманд гардидани ҷомеа ҳисобида, дар ин самт, дар масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва  ҳифзи фарҳангу забон дар нашрияи «Иди тоҷик» (ҳоло «Ҷумҳурият») ҳамкории судманд доштааст ва ба воситаи рӯзномаи мазкур тавонистааст ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ навиштаҳои судмандро ба нашр расонад. Дар баробари ин, устод нашрияи «Ҷумҳурият»-ро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» донистааст. Дарвоқеъ, неруи сухан бузург аст ва он метавонад дар ҳамаи соҳаҳо  таъсиргузор бошад. Ба ин маънӣ, устод Айнӣ,  дар  мақолаи «Сайфу қалам» таъкид мекунад: «Дар олами маданият ду қувват аст, ки таъмини ҳуқуқи банни башар бе воситаи ин ду мумкин нест. Ин ду қувват сайф ва қалам аст» ва дар поёнтар таъкид мекунад: «Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем».

Бояд зикр кард, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ имкону шароити ҳамаҷонибаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии рушди матбуоти миллӣ фароҳам омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба васоити ахбори омма таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва маҳз ин омил имкон фароҳам овард, ки матбуоти даврӣ низ ба пешрафту комёбиҳо ноил гардад. Пешвои миллат пайваста бо аҳли қалам, адибону рӯзноманигорон мулоқотҳо баргузор намуда, дар суханрониҳои хеш нақши воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуоти давриро, бориз ва муассир арзёбӣ мекунанд: «Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр ноамниҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад». Дар замони муборизаҳои иттилоотӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳифзи фарҳангу суннат, арзишҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва муаррифии  кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз муҳимтарин рисолату вазифаҳои аҳли қалам ва воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат бамаврид таъкид кардаанд: «Рӯзноманигорони мамлакатро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми неру ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Зеро гузашти замон нишон дод, ки рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сахт вобаста мебошад».
Аз ин ҷост, ки пойдор намудани пояҳои истиқлол, устувории ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, забон ва ҳифзи амнияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ аз муҳимтарин вазифаҳо дар меҳвари фаъолияти воситаҳои ахбори омма маҳсуб меёбанд. Мо ҳамарӯза шоҳиди ҳодисаҳои зиёде дар гӯшаву канори олам мегардем ва ин омилҳо моро водор менамоянд, ки тавассути ВАО сатҳи ҷаҳонбиниву маърифат ва худшиносии мардумро баланд бардорем…
Тақдир ва сарнавишти нашрияи “Ҷумҳурият” будааст, ки сад сол муқаддам бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон рӯзнома ба фаъолият шуруъ намуд ва дар ташкили ҷумҳурии навтаъсис, ҳифзи марзу буми кишвар, забону фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ба минбари фарзандони содиқи миллат табдил ёфт. Ҳар як саҳифа ва шумораи рӯзнома ба худшиносии миллӣ тавъам буда, аз шумораи дуюм “Бедории тоҷик” ном гирифтан низ рисолату ҳадафи таърихии нашрия маҳсуб меёфт. Номҳои минбаъдаи он низ ҳеҷ гоҳ аз марзи мафҳумҳои муқаддаси тоҷик, Ватан, давлат дур нагардидааст ва гувоҳи муҳаббату садоқати нашрия арзишҳои милливу давлатдорӣ мебошанд.
Пас аз шасту шаш соли фаъолият рӯзнома ба воқеаи дигари сарнавиштсози миллат – истиқлоли давлатӣ рӯ ба рӯ омад ва тақдири минбаъдаи хешро бо он тавъам намуд. Ҳифзу таҳкими арзишҳои истиқлол, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, сарватҳои фарҳангиву маънавӣ, рушди босуботу устувори кишвари азизамон ҳамнавои ҳар як ҳарфу вожа  ва матнҳои рӯзнома гардид. Бо боварӣ метавон гуфт, ки нашрия дар як муддати кӯтоҳи замони истиқлол ба мактаби бузурги ватандӯстиву ифтихори миллӣ, эътимоду боварӣ ва муҳаббату садоқат табдил ёфт.
Имрӯз нашрияи «Ҷумҳурият» ба марҳалаи сифатан нави рушд ва ташаккул ворид гадидааст. Маълум аст, ки нашрия дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи вижаро касб кардааст ва маводу матолиби он ба афкори омма таъсиргузор аст. Бандубасти нашрия вобаста ба тағйиру дигаргуниҳои давру замон такмил ёфтааст ва пешниҳоди маводу матолиб судманд мебошад. Нашрия ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шакли чопӣ сари вақт дастраси хонандагон мегардад.
Боиси қаноатмандист, ки фаъолияти нашрияи «Ҷумҳурият» дар тарғиби арзишҳои миллӣ, инъикоси раванди бунёдкориҳо дар кишвар, баррасии мушкилоти ҷомеа вусъат ёфтааст. Дар ҷаҳони муосир он давлате пойдору устувору бегазанд мемонад, ки ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат ва истиқлол дар он таҳким ёфта бошад ва ин рисолатро нашрияи «Ҷумҳурият» сарбаландона иҷро менамояд.

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,
академики АМИТ, доктори илмҳои филология, профессор

Санаи нашр: 18.03.2025 №: 58