ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19 март 2025, Чоршанбе
30
0


Дар бораи озод намудани судяҳо
 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Додоматзода Фахридин бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад.
2. Аҳрорзода Шуҳрат Аслон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2025, №978


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин намудани Бобокалонзода Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Бобокалонзода Луқмон ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2025, №979


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сингапур таъин намудани Бобокалонзода Л.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Бобокалонзода Луқмон ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сингапур таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                                  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2025, №980


ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш таъин намудани Мирзозода П.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Мирзозода Парвиз Муродалӣ ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2025, №981

Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив