ИСБОТИ САДОҚАТ
Бешак, бунёди Тоҷикистони навин ҳамчун давлати соҳибихтиёр на танҳо бузургтарин дастоварди муосири миллати тоҷик, балки ҷавҳари аслии ҳастии миллат ва маънии мавҷудият буда, заминаи бузургу боэътимоди таъмини ҳифзу бақои тоҷикон ҳамчун миллати озоду мустақил ба шумор меравад. Дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди омилҳои муосири меҳанпарастию худогоҳӣ ва зиракии сиёсӣ ба мардуми шарифу соҳибмаърифат ва фарҳангпаноҳи кишвар иртиботи комил дорад. Мусаллам аст, ки бузургтарин дастоварди мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба даст овардани ваҳдати миллӣ буда, дар заминаи он низоми мукаммали рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардид. Роҳандозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву меҳангароӣ дар ҷомеаи мо низ аз таҳкими сулҳу субот сарчашма гирифтааст.
Ин ҳама комёбиҳои беназир маҳз ба туфайли хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаю давлатсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Бо назардошти ин, истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат аз муқаддасоти давлатию миллӣ ба шумор рафта, ҳифзу арҷгузории онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ халқи кишвар тадриҷан дар рушду пешрафти кишвар саҳми бештар гузошта, дар заминаи рисолати ватандорӣ садоқати худро ба ватани маҳбубамон нишон дода истодаанд. Дастовардҳои мардуми шарифи мо таҳти сарварии оқилонаи Пешвои миллат рӯзафзун буда, яке аз онҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки санади ҳуқуқии соф миллист. Қонуни мазкур марҳала ба марҳала такмил ёфта, маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар рӯзи 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, ба он тағйирот ворид карда шуда, 20-уми июни соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардид. Дар ин замина, дар марҳалаи аввал аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Қонун дар шакли китобча бо теъдоди 10 ҳазор нусха нашр гардида, ба комиссияҳои доимӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои ҷамъиятӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастрас карда шуд.
Дар баробари ин, кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ба таври пайваста доир ба шарҳи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбатҳо анҷом дода, комиссияҳои доимӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар соли 2024 дар 406 барномаи телевизионӣ ва радиоии маҳаллӣ дар ин мавзуъ суҳбат доир намуданд.
Бо вуҷуди ин, таҳлилу омӯзиши якҷояи шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки дар қатори муваффақиятҳо ҳанӯз ҳам дар кори комиссияҳои доимомалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросими вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот як қатор камбудиҳо ба назар мерасанд. Масалан, соли 2024 тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (дар ҳамин давраи соли 2023-юм 826 ҳолат ба қайд гирифта шудааст) баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 609 ҳолат зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам, мутаассифона, дар байни аҳолӣ оростани дастархонҳои намоишкорона бо сарфи маблағҳои зиёд (исрофкории рӯйирост) дар шакли “ҳоҷизиёрат”, “ҳоҷиталбон” ва “ҳоҷиошӣ” (баъди бозгашт аз зиёрат) вуҷуд доранд.
Дар робита ба ин, масъулони Кумита, ҳамаи мақомоти дахлдор ва ходимони динро мебояд, ки пайваста баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.
Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи мақомоти дахлдорро мебояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои иловагӣ андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ дар ин самт пурзӯр намоянд.
Барои бартараф ва пешгирӣ намудани ин ҳолат масъулони соҳаро зарур аст, ки корро дар ин самт дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ба комиссияҳои мазкур ёрии саривақтӣ расонанд.
Имрӯз бояд барои як қисми аҳолӣ, ки ошкоро исрофкорӣ мекунанд, моҳияти танзим ба маънои том ва васеъ тафсир шавад. Мо бояд донем, ки танзими анъана ва ҷашну маросим баракати хонавода, файзи неъмат ва омили муҳими рушди оила ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи мост. Танзими ҷашну маросим иқтидори иқтисодии хонаводагии моро боло бурда, намоишкориҳои беасос ва исрофкориҳои бемақсадро барҳам мезанад. Танзим яке аз асосҳои беҳдошти муносибатҳо дар ҷомеа буда, маҳз риояи бечунучарои он исботи садоқати мо ба Ватан, миллат ва давлат аст. Эҳтироми муносибатҳои танзимӣ арҷгузорӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои давлатию миллист.
Аз ин рӯ, риояи танзими ҷашну маросим барои ҳар як шаҳрванди меҳанпараст амри зарур ва қарзи инсонист.
Саидаъзам ҚОДИРЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон