ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМСОЯДОРӢ. ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТИЯ ДАРСИ ИБРАТ БА ҶАҲОНИ ИМРӮЗ

ҲАМСОЯДОРӢ. ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТИЯ ДАРСИ ИБРАТ БА ҶАҲОНИ ИМРӮЗ

19 март 2025, Чоршанбе
28
0


Дар нахустин рӯзҳои баҳори имсол ба имзо расидани Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон боиси хушҳолии мардуми ду кишвари ҳамсоя гардид ва таърих бори дигар собит намуд, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷод ва талқини сулҳу ваҳдат сиёсатмадори беназиранд.

Дар мавриди нооромиҳое, ки чанд сол қабл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сар зада буд, ҳамагон огаҳӣ дорем. Ҳамчунин медонем, ки бисёре аз гурӯҳҳои тундраву муғриз ва, ҳатто, бархе аз кишварҳои манфиатхоҳ мехостанд аз ин ҳолат истифода бурда, миёни ду мамлакати ҳаммарз оташи ҷангу низоъро фурӯзон намоянд ва ба сари мардум рӯзи сиёҳ биёваранд. Аммо хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки  аз азал сулҳу ваҳдату дӯстӣ мароми аслии тоҷикон аст ва Сарвари ваҳдатофарини тоҷикон дар сулҳсозиву таҳияи формулаи сулҳ сиёсатмадори беназир ҳастанд. 
Вақте аз тариқи "оинаи нилгун" навори самимона ба ҳам оғӯш кушодани роҳбарони ду кишвари ҳамсояро дидем, вақте Пешвои муаззами миллат аз афзалияти ҳамдиливу ҳамбастагӣ сухан гуфтанду марзҳои ду мамлакат ба рӯи ҳам дубора боз гардиданд, бори дигар бовар ҳосил намудем, ки хиради воло ҳамеша бар эҳсосот ғолиб меояд. 
Набояд фаромӯш кард, ки сулҳпарварии Пешвои миллати тоҷикон баёнгари иродаи кулли мардуми тоҷик аст. Зеро дар тули таърих тоҷикон ҳамеша дар ҳамсоядорӣ намунаи ибрат будаанд ва дар ягон фарҳангу адаби дунё мисли фарҳангу адаби тоҷикон сулҳу ваҳдату оштӣ ин қадар васеъ ва комил васфу ташвиқ нагардидааст.  Воқеан, хоку гили мардуми тоҷик аз сулҳпарварию инсондӯстӣ сиришта шудааст ва бузургони миллати мо чун Рӯдакию Фирдавсию Саъдии Шерозию Ҷалолиддини Балхӣ дар эҷодиёти пурмуҳтавои худ моҳиятан тафаккури умумисайёравиро рӯи кор оварданд ва ғояи башардӯстию ваҳдати халқҳои ҷаҳонро ба миён гузоштаанд. Ҳамчунин, пандҳои бузургони мо, аз Рӯдакӣ то Мирзо Турсунзода дар саросари олам ба нафъи сулҳ, адолат ва ғояҳои гуманистӣ хизмат менамоянд.
Шоире аз ҷумла мегӯяд:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Ё ин абёти Саъдӣ, ки баёнгари камоли башардӯстист:
Банӣ одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Дар замони пуртазоди муосир, ки бархе аз давлатҳои қудратманд барои пиёдасозии аҳдофи ғаразноки хеш майдонҳои тозаи ҷангу хушунат мекобанд, дар масъалаи ҳассоси марзӣ ба тавофуқ расидани Тоҷикистону Қирғизистон дастоварди бениҳоят бузург ва муште маҳкам ба даҳони душманону бадхоҳон аст. Зеро дар ин даврон, ки низоъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯз ба рӯз меафзоянд, сулҳу оштиву ҳамдилии кишварҳои ҳамҷавор дар суботи минтақа нақши калидӣ мебозад. 
Шоири шаҳири тоҷик устод Мирзо Турсунзода барҳақ гуфта:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Ҳалли масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон қабл аз ҳама ба нафъи мардумони ду кишвар аст. Зеро дӯстии мамлакатҳои ҳамсоя на танҳо аз нигоҳи таъмини амният ва субот арзишманд аст, балки таъсири ҷиддие барои рушди тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. 
Ҳамагон шоҳид будем, ки баъди чанд муддати таваққуф дубора миёни пойтахтҳои ду кишвар хатсайрҳои ҳавоӣ роҳандозӣ гардида, гузаргоҳҳои марзии ду ҷониб ба рӯи шаҳварндон боз гардид, ки ин боис мешавад, то равуои одамон ва табодули молу маҳсулот афзоиш ёбад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Пешвои миллати тоҷиконро имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва Сарвари сулҳхоҳ мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо бисёре аз кишварҳои дуру наздик муносибатҳои дӯстона ба роҳ монда, дар таҳкими сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда гузорад. 
Дар назар аст, ки дар рӯзҳои баргузории Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ миёни ҷумҳурҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон Шартномаи муштарак оид ба пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ имзо шавад, ки ин падидаи фараҳафзо аз ғалабаи комили дипломатияи созанда ва ҳусни ҳамсоядории нек башорат медиҳад ва моро умедвор месозад, ки ба ояндаи боз ҳам беҳтари минтақа умед бандем. Зеро «соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост» ва «сулҳ баҳорест баҳор оварад». 

Аминҷон МАННОНОВ,
мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив