ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗНОМАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БИСЁР АСТ, «ҶУМҲУРИЯТ» ЯКТОСТ!

РӮЗНОМАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БИСЁР АСТ, «ҶУМҲУРИЯТ» ЯКТОСТ!

19 март 2025, Чоршанбе
6
0


Шояд ҳар як давлат чунин рӯзномае дорад, ки зоҳиран яке аз нашрияҳост, вале дар асл  рӯзномаи рақами 1 шинохта  шудааст. Ҳамоне, ки дарҳол маълум мешавад дар ин кишвар нашрияи асосӣ аст - бонуфузтарин аст, машҳуртарин аст, паҳнгаштатарин аст. Он гуна, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - The New York Times, дар Британияи Кабир - The Times, дар Русия - «Комсомольская правда». Дар Тоҷикистон бошад, чунин нашрия,  бешубҳа, «Ҷумҳурият»  аст. 
15-уми марти соли равон аз чопи шумораи нахустини ин нашрия, ки  бо номи гӯшнавозу пуртантанаи «Иди  тоҷик»  дар шаҳри Душанбе ба табъ расид, 100 сол сипарӣ мегардад. Ин санаи таърихӣ ҳам барои  ҳайати бузурги кормандону дастпарварони нашрия ва ҳам барои ҳаводорону хонандагони сершумори он рӯйдоди бесобиқа ва деринтизор унвон мешавад. 
 «Ҷумҳурият», ба таъбири имрӯз гӯем, медиабренди куҳантарини Тоҷикистон мебошад. Он дар таърихи кишвар ягона рӯзнома аст, ки тули сад сол ҳамеша аз розу ниёзҳои миллати тоҷик навиштааст ва аз манфиатҳои давлат дифоъ кардааст. Ҳамеша парчамбардор ва рамзи журналистикаи тоҷик будааст. Ҳамеша перомуни масъалаҳои муҳимтарини милливу байналмилалӣ афкори ҷомеаро ташаккул додааст ва онро ба самти  дурусту даркорӣ ҳидоят намудааст. 
«Ҷумҳурият» таърихи воқеии ҷумҳурӣ дар сатрҳои чопист, рӯзнома, ойина ва мешавад гуфт, набзи зиндагии мамлакат мебошад. Моҳиятан, бастаҳои нашрия осори гаронарзиши бисёрҷилдаи  кишваршиносиро мемонанд, ки дар хеш рӯйдодҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ва ҳамзамон, рӯйдоди як хонаводаи алоҳидаро ҷо намудааст. 
Бастаҳои нашрияро саҳифагардон карда, мо, аз ҷумла бо шахсиятҳое чун Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум рӯ ба рӯ мешавем, ки бо қаҳрамониву фидокориҳои хештан таърихи кишварро ҳусну ифтихор бахшидаанд, навиштаҳои мондагори устодони адабиёту матбуот чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров  ва Мирзо Турсунзодаро пайдо мекунем, ки мояи ғурури журналистикаву журналистони тоҷиканд!  
Саҳифаҳои бо мурури замон зардшудаи рӯзномаҳои бастаҳоро варақ зада, беихтиёр ба шигифт меоем, ки давоми ин солҳо чи қадар хабару мақола, лавҳаву гузориш, дигар матолиби таҳлиливу танқидии ҷолиб ва чи қадар  номаҳои пурмуҳтавои хонандагон ба табъ расидаанд! Тасаввур мекунем, ки дар омода сохтани ҳар як шумораи рӯзнома чи қадар заҳмату ҳунар ба харҷ дода шудаанд! Ин бастаҳои рӯзнома, воқеан, гаронбаҳоянд, зеро дорои иттилоъ ва маълумотҳои муҳимтарине ҳастанд, ки онҳоро танҳо аз ҳамин бастаҳо пайдо кардан имкон дорад.  
Дар ин 100 сол дар саҳифаҳои рӯзнома шумора ба шумора таърихи давлату миллати тоҷик сабт шудааст. Ҳамаи китобҳои таърихӣ пеши таърихе, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд. Агар аз он китобҳо якчанд санади муҳимро пайдо намоем, аз рӯзнома ҳама чиро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои он на танҳо муаррих, балки сардори давлат, арбоби сиёсиву ходими ҷамъиятӣ, адибу омӯзгор, муҳандису пизишк, ҳунарпешаву варзишгар, коргари одиву деҳқони хокпош ва, албатта, беш аз ҳама рӯзноманигор баромад карда, муҳимтарин ва арзишмандтарин маълумотро ба хонанда пешкаш менамоянд.
Ҳамзамон, бастаҳои рӯзнома иттилоъ ва таассуроти моро дар мавриди нақши нодири «Ҷумҳурият» дар таърихи Тоҷикистон ва боло бурдани эҳсоси худшиносиву ватанхоҳии миллати тоҷик  комилтар месозанд.
«Ҷумҳурият» 100 сол аст бо хонандагони бедору ҳушманди хеш, ки ба сухани чопӣ эътимоди воқеӣ доранд, муколамаи самимӣ ва созанда роҳандозӣ намудааст. Кормандони нашрия дар муносибат бо мусоҳибони хеш аз таваҷҷуҳу эҳтиром кор мегиранд,  гуфтаҳои онҳоро таҳриф ё факту рақамҳои овардаашонро нодуруст таъбир намекунанд. Кори худро аз рӯи виҷдон ва дар сатҳи баланди касбӣ анҷом медиҳанд. Ҳамзамон, барои хонандагон низ муколама бо рӯзнома мисли суҳбат бо як инсони дилкашу хирадмандест, ки Ватани худро, мардумони заҳматқарини онро дӯст медорад, ба андешаи ҳар як инсон эҳтиром мегузорад. 
 «Ҷумҳурият» дар ин 100 сол якчанд дафъа тағйири ному ҳуруфу муассиси хеш кардааст, вале ҳамеша таблиғгари қарорҳову идеяҳои Ҳукумат дар сартосари кишвар ва неруи пешбарандаи ҷомеа ба сӯи созандагиҳову ободкориҳо ва зиндагии наву беҳтар  боқӣ мондааст. Мардумро ҳамеша ва сари вақт дар ҷараёни навгониҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии Тоҷикистону ҷаҳон  қарор додааст. 
Мусалламан, рӯзномаи «Ҷумҳурият» беш аз 60 сол нашрияи ҳизбӣ буд, ба ибораи ҳамон замон гӯем, органи Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии  Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Ва дар иртибот имрӯзҳо андешаҳое низ ҷой доранд, ки матбуоти ҳизбӣ  танҳо шиорҳои таъйидкардаи  ҳизбро менавишт, танҳо аз кори саҳро ва сохтмон матолиб ба табъ мерасонд ва монанди инҳо. Аммо, масалан, вақте бастаҳои солҳои 60-ум ва 80-уми садаи гузаштаи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро варақ мезанему теъдоди зиёди матолиби таҳлиливу танқидии онро мутолаа менамоем, ба хулосае мерасем, ки на танҳо нашрияҳо, ҳатто сомонаҳои интернетии имрӯзаи мухолифин ҳам аз шиддати интиқоде, ки он замонҳо буд, хеле дуранд. Он солҳо, масалан, дар хусуси дуздии моликияти ҷамъиятӣ, девонсолорӣ, коғазбозӣ, зоҳирсозӣ, дурӯғпардозӣ, ғафлаткорӣ, бемасъулиятӣ, хунукназарӣ,  суиистифода аз мақом  ва монанди инҳо на танҳо дар ҷаласаҳо ошкоро мегуфтанд, балки дар матбуот ҳам ошкоро менавиштанд, албатта, бо зикри асноду арқоми дақиқ ва ному насаби  афроди гунаҳкор: аз хазинадори мағоза гирифта, то кормандони ҳизбӣ. Ва матлабҳо дар мақомоти марбута ҳатман мавриди баррасии ҷиддӣ қарор мегирифтанд ва нисбат ба гунаҳкорон чораҳои мушаххасу қатъӣ андешида мешуданд. 
«Ҷумҳурият» ҳанӯз аз даврони шуравӣ мактаби эҷодӣ дошт ва мактаби журналистии «Ҷумҳурият» дар кишвар барҳақ беҳтарину куҳантарин эътироф шудааст. Бисёр адибон, аз ҷумла Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеулло Наҷмиддинов, Абдулҳамид Самад, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ва Нур Табар дар оғӯши ҳамин мактаб ба қаламу сухан меҳр баставу дил бохта, пешаи  эҷодкориро ихтиёр намудаанд.   
Насли кунунии қаламкашони «Ҷумҳурият» аз пешиниёни худ маҳорати касбӣ,  садоқат ба пеша, одоби журналистӣ, хидмат ба хонандагон, масъулият барои сухани навиштаро, ки метавонад ҳам созанда бошаду ҳам сӯзанда,  меомӯзанд. Онҳо бо истеъдоду касбият ва муносибати масъулона ба кор анъанаҳои беҳтарини матбуоти давриро дар кишварамон рушд медиҳанд. 
«Ҷумҳурият» имрӯз сомонаи ҷолиб ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ  гурӯҳҳои худро дорад. Кормандони нашрия ба ҳамватанони бурунмарзиамон низ имкон фароҳам месозанд, ки дар паҳлуи «Ҷумҳурият» бошанд, матолиби рӯзномаро мунтазам ва сари вақт мутолаа  кунанд ва пешниҳоду андешаҳои хешро нависанд.  
Рӯзнома, мешавад гуфт, сипоҳи азиме аз хонандагону ҳаводорони содиқи хеш таҳия намудааст ва ба ҷузъи муҳими ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар табдил ёфтааст ва бо дили пур ба пеш ҳаракат дорад.
Ман, ҳамчун рӯзноманигор, ба ояндаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» хушбинам ва таманно мекунам, ки  ба синни имрӯзаи он, ақаллан, як сифри дигар зам шавад.
Дар поёни матлаб мехоҳам ёдовар шавам, ки каминаи камтарин ҳам саодату ифтихори кор дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро дорам. Маро соли 1999 устоди зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, сармуҳаррири вақти рӯзнома,  ба ҳайси муовини якуми котиби масъул ба кор гирифтанд. То он замон дар чор нашрияи ҷумҳуриявӣ фаъолияти рӯзноманигорӣ дошта бошам ҳам, устод маро аслан намешинохтанд – на ҳамчун журналист ва на ҳамчун инсон. Кӯшиш кардам ва нисбатан зуд ба ин тирагиҳо равшанӣ андохтам ва устод ягон ду-се моҳ гузашта буд, ки рӯзе бо қаноатмандӣ гуфтанд: «Ман дар мавриди ту хато накардам». 
Бояд зикр кунам, ки бо шодравон Ашури Одина, котиби масъули вақти рӯзнома, дар як ҳуҷра нишастану аз таҷрибаи кору зиндагии ӯ баҳра гирифтан, ба ман лаззати хосе мебахшид. Ин як шонси ҳақиқӣ буд. Устод аз соли 1971 дар ҳамин нашрия фаъолият доштанд ва то мағзи устухонашон профессионал буданд.
Ҳамин ҳоло фикр дорам, аз ҳамкорони «Ҷумҳурият»-иам боз киро тавсиф кунам ва ба хулосае мерасам, ки ҳамаро. Ҳар як корманд – хоҳ эҷодӣ, хоҳ техникӣ – ақаллан,  як фазилати қобили омӯзишу пайравӣ дошт. Чунин коллективи хубро шояд дигар пайдо накунам. Он ҷо ман на танҳо кор, балки зиндагӣ ҳам мекардам ва чизеро аз он даврони афсонавӣ фаромӯш кардан намехоҳам. Аз ин ҷост, ки ин ҷумларо дар мавридҳои муносиб такрор мекунам: «Ман хабарнигори собиқи «Ҷумҳурият» нестам, ман хабарнигори содиқи «Ҷумҳурият»-ам».

Камоли ҚУРБОНИЙОН

Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив