НАВРӮЗИ ДЕҲАИ МО
Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои ниёгони мо рамзи куҳанбунёдии миллати тоҷдори тоҷик аст, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Рамзи эҳёи табиат, пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва оғози рӯзи нави зиндагиву рӯзгор. Ҷашнест миллӣ ва идест мардумӣ.
Бо ин далел, ки агар дар шаҳрҳои бузург расман шукӯҳу манзалат дошта бошад, дар кӯчаву паскӯчаҳои ҳар як деҳаи Тоҷикистони азиз ҷое омиёнаву ҷое омирона, вале ҳама ҷо зебову нозанину ҷолибу хеле хотирмон таҷлил мегардад.
Дар деҳаи мо - Чамани шаҳри Ваҳдат низ хурду бузург Наврӯзро ҳамчун иди хонаводагӣ интизорӣ мекашанд. Дар арафаи Наврӯз ҳар як сокини деҳ ҷаҳду талош мекунад, то онро бошукӯҳ истиқбол гирад.
Аз омадани Наврӯз, пештар аз ҳама, маросими хонатаконӣ мужда медиҳад. Хонатаконӣ миёни ҳамсояҳои мо анъанаи хеле муҳим аст, ки, ба қавли пирони рӯзгордида, аз наслҳои қадим ба мо мерос мондааст. Давоми се рӯз пеш аз Наврӯз ҳамдеҳагони мо дастибадаст хонаҳоро тозаву озода сохта, ба қавле, либоси идона мепӯшонанд. То ин вақт суманак ҳам сабзида, барои кӯфтан омода мешавад. Дар ҳавлии яке аз хонаҳои олуфта якбора чанд дегу това гузошта, занҳои ҳунарманд пухтани суманакро ба як иди ҳақиқии мардумӣ табдил медиҳанд. Дар як рӯз ҳар ду намуди суманак – ҳам кулчагиву ҳам оталагӣ омодаву ба ҳамсояҳо тақсим мешавад. Албатта, қисми бештари суманак барои дастархони наврӯзӣ боқӣ мемонад. Сурудхонӣ дар гирди оташи суманак аз маросимҳои дӯстдоштаи мардуми деҳа, махсусан ҷавондухтарон, аст. Албатта, ҷалби бештари духтарбачаҳо ба назди дег беҳикмат нест. Бо ин роҳ занону модарони рӯзгордида кӯфтану пухтани суманакро ба насли нав меомӯзонанд. Садои таблаку доира баробари пухта шудани суманак баланд мешавад. Акнун, мардони солхӯрда низ як-як гирди дег ҷамъ омадан мегиранд. Беихтиёр давраи рақс низ аз духтарбачаҳо холӣ гардида, дар ихтиёри мардон мемонад. Акнун, кадбонуҳо аз рақсу сурудхонии меҳмонон ҳаловат бурда, ба қавле, кӯфти кор мебароранд. Аҷаб маросимест диданӣ, чун тӯйи фарзанд ширину хотирмон.
Пагоҳ, ки таҷлили Наврӯз қаблан овоза шуда буд, садои мусиқӣ аз дирӯза баландтар ба фалак мепечад. Акнун, ҷавонон даста-даста ба базмгоҳ омадан мегиранд. Ҳама олуфтаву зебо, махсусан духтарҷавонон, ороиши идона доранд. Куртаҳои атласу чакан ҳамранги баҳор базмгоҳро ҷилои тоза мебахшанд. Аксаран, духтарчаҳо ба сар тоқӣ низ мепӯшанд, ки аз дур гулҳои наврӯзиро мемонанд. Ҳатто, занони кадбону аз дирӯза дида, зеботар пероста шудаанд. Табақ-табақ хӯрокҳои миллии омодакардаашонро, аз қабили далда, оши бурида, қурутоб ва шилаи алафӣ назди худиву бегона гузошта, Наврӯз муборак мегӯянд. Сипас, мардони аз бӯйи таомҳои миллӣ маст худро ба майдон мезананд. Ҳам дар гӯштиву ҳам бузкашиву пойга ғолибу мағлуб ҳама хушанд. Охир, дигар ҳеҷ имкон надорад, ки дар чунин фазои мутантан касе аз ноомади кору рақобаташ лаб ба шиква кушояд. Лаҳзаи хеле ҳассос омадани маликаи Наврӯзу бобои деҳқон аст. Лаҳзае, ки дигар ҳама бояд сарҷамъ бошанд, ҳам паҳлавону човандоз ва ҳам кадбонуву хизматгорон. Базмгоҳ якбора гӯё ба як оилаи муваффақу муттаҳид табдил меёбад. Зану мард, пиру барно ҳама паҳлуи ҳам ва ҷое даст ба дасти ҳамдигар маликаи Наврӯзро пешвоз гирифтаву баробари бобои деҳқон даст ба дуо мебардоранд. Дуои кушоиши кор, дуои осудагии рӯзгори мардум, дуои сиҳативу сарбаландии Сарвари меҳрубон ва дуои сарсабзии ҳамешагии Тоҷикистони бартар аз ҷон!
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59