НАВРӮЗ МУБОРАК АСТ
Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо, ҳатто, дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнуъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон бо ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тамаддунофари тоҷик ба шумор меравад. Тавре аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, Ҷашни Наврӯз дар аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати Тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ баргузор шуда, санъат ба он шукӯҳи хоса мебахшанд. Маросими баргузории ҷашни Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар деворнигораҳои тахти Ҷамшед то имрӯз побарҷо мебошад. Дар гузашта маросими суннатҳои Наврӯз шаш рӯз идома ёфта, аз ду қисм: Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи бузург иборат буд.
Яке аз суннатҳои неки Наврӯз дар гузашта ин буд, ки бомдоди рӯзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ба армуғон меоварданд. Об рамзи бахти сафед ва покизагиву оромии руҳу ҷисм буду шакар маънои ширинии комро дошт. Бо ин анъанаи неки хеш, мардуми тоҷик ба ҳам аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар дили аз кинаву кудурат пок ва комҳои ширинро таманно мекард. Баъдан, мардум ба таҳияи хони наврӯзӣ, ки аз анвои гуногуни хӯрданиву нӯшиданӣ ва дигар ашё (ҳарфи аввали онҳо ҳатман бояд бо “син” ё “шин” оғоз мешуданд) иборат буд, мепардохтанд. Дастархони “ҳафтшин”-ро: шамъ, шароб, шир, шарбат, шакар, ширинӣ ва шона, хона “ҳафтсин”-ро бошад: сирко, суманак, сабзӣ, сумоқ, сир, себ, санҷит ва сипанд (дар баъзе хонаводаҳо ба ҷои сумоқ ва сипанд, сабза, суманак ё самбӯса) оро медоданд.
Ҳамзамон, дар рӯзҳои наврӯзӣ деҳқонон ба киштукори баҳорӣ шуруъ менамуданд. Мардум ба сайругашт мебаромаданду базмҳои савту суруд ва чорабиниҳои варзишӣ барпо мешуданд. Ба хотири он ки, тамоми сол сериву пурӣ бошад, мардум хонаҳояшонро сафед, зарфҳояшонро тозаву пур аз об мекарданд. Духтарону ҷавонон бошанд, аз арғунчак мепариданд, зеро ақида буд, ки агар ҳар касе дар Наврӯз ин амалро анҷом диҳад, пас шамол гуноҳашро мебарад.
Дигар анъанаи неки наврӯзӣ аз қадимулайём суманакпазӣ ба ҳисоб меравад. Чанд рӯз қабл аз Наврӯз мардум донаҳои гандумро шуста ба зарфҳо мегирифтанд ва дар ҷойи гарм барои сабзидан мегузоштанд. Вақте ки гундум рӯида, шира мегирифт, онро дар уғурак мекуфтанд. Сабзаи кӯфтаро бо об омехта, соф мекарданду шираашро бо орд омехта меҷӯшонданд, то қиём шавад. Маъракаи суманакпазӣ, одатан, шабона оғоз ёфта, то субҳидам давом мекунад. Тамоми шаб занону духтарон бо либосҳои идона, дасту поҳои бо ҳино рангкардашуда, рақсу сурудҳои дилнишин ва доиразанӣ машғули суманакпазӣ мешаванд. Онҳо ба навбат дегҳои суманакпазиро бо кафлезҳои чӯбин кофта, замзам мекунанд:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем.
Дигарон дар хоб мо дафча занем...
Субҳдам, баъди баромадани Офтоби оламафрӯз, суманаки тайёрро ба дастархони наврӯзӣ мегузоштанд.
Боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, ин Ҷашни ниёгони хирадпешаи мо аз нав гардид ва бо ибтикору эҳтимоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иди байналмилалӣ табдил ёфта, имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ахиран бояд таъкид сохт, ки Ҷашни Наврӯз на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ифтихори миллии мардуми тоҷик, балки барқарорсозии робитаҳои ҳасанаи халқияту миллатҳои гуногуни олам нақши муассир мегузорад.
Ҷамил ВАЛИЕВ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60