ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОҒИ ДИЛ БАРАФРӮЗЕМ

ЧАРОҒИ ДИЛ БАРАФРӮЗЕМ

20 март 2025, Панҷшанбе
1
0


Омадани Наврӯз ва навбаҳор, яъне баҳори нав дар назми шифоҳӣ ё худ мардумӣ мавқеи хосса дошту дорад. Мардуми мо дар интизори омаданашон буданд ва чун меҳмонони азиз гиромияшон медоштанд. Бо омаданашон шод ва аз рафтанашон ғамгин мешуданд. Ин эҳсоси пуршӯру ғами ҷудоиро бо як рубоӣ зебо ифода кардаанд, то ба қадри буданашон бирасанд:
Наврӯза ба навбаҳор кай мебинам?
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинам?
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор,
Дунёра ба як қарор кай мебинам?
Агар дунё ба як қарор мешуд, ин Наврӯзу баҳоре, ки расида ва гулҳоро ба шаш қатор намуда, имкон пайдо намекарданд, ки бираванд. Гул, ки бо гулистон биравад, булбул ҳам намехонад ва аз ӯ саргузашт нахоҳанд шунид. Мавлоно чи зебо фармуда ба тақвияти ин як рубоӣ:
Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.
Зоғон бо рафтани гулу даргузашти гулистон сияҳпӯш  мешаванд, яъне мотам мегиранд. 
Пас бояд ҳамроҳи табиат шодӣ бикунем ва замонро, ки айёми хушнудист, ғанимат бишуморем.
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла бикардан парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Пазироиву гиромидошти Наврӯз ба он ҳаддест, ки булбул хониши худро, вазифаи худро аз ёд мебарад ва ба тамошои дафу чанги мардуми хушҳолу тарабфизо аз Наврӯз мебарояд. 
Аҷаб аст, ки дар ин ҳол мардум баён накардаанд, ки ранги лола чӣ гуна мебошад, балки онро “хуш” дониставу “хушранг” гуфтаанд. 
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хандаи лоларо хеле хуб васф кардааст: 
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун. 
Ба истиқболи Наврӯз дегҳои суманак дар ҷӯш буд ва базм дар хурӯш, базме, ки бо даф, балки дафи хурд – “дафча” гарм мешуд:
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак ғизои хоси наврӯзӣ буду ҳаст. Тасаввури Наврӯз бе сабза ва худи суманак номумкин мебошад. Дар баробари он ки суманаку сабзаи суманак ду “син”-и “ҳафтсин” ба шумор мераванд, ҳамчунон зебоибахшу зиндагибахшанд. Он яке ҳамранги Замин аст ва ин дигар рӯидаи Замин дар фасли баҳору Наврӯзи оламафрӯз.
Ҳамин тавр, Наврӯзро гиромӣ медоштанду медоранд. Он ёдовари зиндагии мардуми мо дар гузашта низ мебошад ва пайвандгар ҳам:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

А. Раҳим, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив