ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ НИҲОИИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, БАҚАЙДГИРӢ ВА ТАСДИҚИ ВАКОЛАТҲОИ ВАКИЛОНИ ИНТИХОБШУДА

ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ НИҲОИИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, БАҚАЙДГИРӢ ВА ТАСДИҚИ ВАКОЛАТҲОИ ВАКИЛОНИ ИНТИХОБШУДА

20 март 2025, Панҷшанбе
7
0

Мувофиқи моддаҳои 12, 48, 50, 54, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси протоколи №1 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2025 ва протоколҳои 41 комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2025 ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (бо дарназардошти протоколҳои ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботии дар хориҷи кишвар таъсисдодашуда) гузаронида, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 4 миллиону 723 ҳазору 559 (85,5%)  интихобкунанда баргузоршуда ҳисобида шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 вакил: аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ – 22 вакил ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот – 41 вакил интихоб гардиданд.
3. Номзадҳое, ки дар интихоботи рӯзи 2 марти соли 2025 интихоб шудаанд, тибқи рӯйхат ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шаванд (Замимаҳои 1 ва 2).
4. Ба вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Б. ХУДОЁРЗОДА 

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Н. САМАДЗОДА   
ш. Душанбе, «7» марти соли 2025, № 86


Замимаи 1 
ба банди 3 қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 7 марти соли 2025 № 86

РӮЙХАТИ 
вакилони рӯзи 2 марти соли 2025 интихобгардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ 

АЗ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
1. Шермуҳаммад Шоҳиён 
2. Матробиён Саодатшо Қосимзода 
3. Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ 
4. Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид
5. Исҳокӣ Ҳусния Давлаталӣ  
6. Маҳмудзода Аҳмад Маҳмуд 
7. Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф 
8. Набизода Тоҳир Толиб 
9. Мусоҷонзода Ҷамила Мансур 
10. Ҷалолзода Миршакар Саид
11. Бобоиён Мадина Абдуяқинзода 
12. Муродуллозода Дилноза Муродулло 

АЗ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН
 Шаҳбози Аброр

АЗ ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН
1. Ҳақназарзода Фирӯз Ғоибфар
2. Маҷидзода Сарвиноз Комил
3. Солизода Наима Шодибой

АЗ ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Латифзода Рустам 
2. Икромӣ Фазлиддин Маҳмазоит
3. Холбойзода Неъматулло Холбой
4. Ниязов Нурали Сафарович
5. Қодирӣ Бобоҷон Мақсуд
               
АЗ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳалимзода Ғулом Ғанӣ


Замимаи 2 
ба банди 3 қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2025 № 86

РӮЙХАТИ 
вакилони рӯзи 2 марти соли 2025 интихобгардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот 

Фирдавсӣ №1 – Наботзода Сиёвуш Холмурод;
Исмоили Сомонӣ №2 – Шарифова Нигина Умаровна;
Шоҳмансур №3 – Амирзода Ориф Ҳамид;
Сино №4 – Шоҳмурод Рустам;
Турсунзода №5 – Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ;
Шаҳринав №6 – Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод;
Ҳисор №7 – Дустмуродзода Сурайё;
Сомонӣ №8 – Камолзода Икром Илҳом;
Рӯдакӣ №9 – Шерализода Муҳамадулло Умар;
Ваҳдат №10 – Хоҷазода Фарзона Ҳамдам;
Файзобод №11 – Наҷмиддиниён Асадулло Мирзо;
Рашт №12 – Идизода Файзалӣ Фузайлшо;
Хуҷанд №13 – Муинӣ Мавсума Муинзода;
Б.Ғафуров №14 – Саидӣ Дилафрӯз Раббизода;
Урунхоҷаев №15 – Ҳакимзода Ҳомидҷон Кенҷа;
Ҷ.Расулов №16 – Каримзода Фарҳод Абдуқайим;
Ашт №17 – Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин;
Мастчоҳ №18 – Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад;
Конибодом №19 – Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон;
Исфара №20 – Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил;
Панҷакент №21 – Шодизода Парвиз Шодибой;
Айнӣ №22 – Давлатзода Қиёмиддин;
Истаравшан №23 – Аҳрорзода Шӯҳрат Аслон;
Деваштич №24 – Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид;
Спитамен №25 – Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло;
Бохтар №26 – Ализода Зафари Аҳмадҷон;
Кӯшониён №27 – Шодиён Муҳаммад Султонзода;
А.Ҷомӣ №28 – Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода;
Ёвон №29 – Ҳасанзода Насрулло;
Ҷ.Балхӣ №30 – Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар;
Қубодиён №31 – Қиёмзода Зарафо Суфиҷон;
Вахш №32 – Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар;
Ҷайҳун №33 – Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом;
Фархор №34 – Хайриддинзода Азизбек;
Ҳамадонӣ №35 – Саидзода Фирдавс Ҳамро;
Данғара №36 – Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ;
Кӯлоб №37 – Ҳакимзода Шариф Саидович;
Муъминобод №38 – Саидвализода Барно Саиднабӣ;
Восеъ №39 – Шамшерзода Комилҷон Чилла;
Ванҷ №40 – Давлатзод Ҳаким Алишӣ;
Хоруғ №41 – Гиёзода Азиз Қодир.

Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив