НАВРӮЗ. ИФТИХОРИ МИЛЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳамаи мо роҷеъ ба Ҷашни миллии Наврӯз иттилои зиёде дорем. Наврӯз бо тамоми маросимаш, воқеан, ҷашне аст, ки дар меҳвари ҳар гуна баҳсҳо қарор гирифтан сазовор аст. Вале дар миёни тамоми иттилое, ки дастраси мост, симои шахсиятҳо дар расидан ба мақоми Наврӯз ҳамчун иди аз лиҳози арзиши назариву амалии фарҳангӣ беқиёс камтар ба назар мерасад. Ҳадаф он аст, ки агарчи Наврӯз рукни фарҳанги ҷомеа бошад ҳам, вале дар ба чунин мақом – махзани тафаккур, тасаввур, тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ расиданаш хизмати симоҳои алоҳидаи таърихӣ беҳисоб аст.
Шояд касе гӯяд, ки ин ҳукм хатост, дар ҳар як сухан ва дар ҳар як мақолаву асар аз кӯшишҳо ва ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман ёд мешавад. Дуруст аст, ки ёд мешавад, вале ин ёдоварӣ танҳо дар гирди ду ибтикори нотакрори Пешвои миллат – эҳёи Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон бо тамоми маросимҳои арзишмандаш ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил додани Наврӯз ба гӯш мерсаду халос. Бидуни шубҳа, ин ду ибтикор басандаанд, то ҳазорсолаҳо исми бе ин ҳам бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар тоқи кохи сиёсату фарҳанги ҷаҳон бо ҳарфҳои тиллоӣ нақш гардад. Аммо ин ҳанӯз барои баҳои воқеи додан ба ин фарзонафарзанди миллат басанда нест, зеро амалҳое, ки Пешвои миллат дар ҷодаи устувории сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон анҷом медиҳанд, ҳар яке рукне аз аркони Наврӯз ҳастанд.
Мо аз Ҷамшеду Ҳушангу Кайқубоду Кайковус ва дигар симоҳои пешдодиён ёд мекунем, ки Наврӯзро чун ҷашн бунёд гузоштанд ва таҳким бахшиданд. Инчунин, медонем, ки Ҷашни Наврӯзро онҳо ва дигар симоҳои таърихӣ, махсусан шоҳону амирон, дар майдонҳо ё қасрҳои махсус таҷлил менамуданд ва раъият бошад, дар кӯчаву хиёбонҳо ва маҳалҳои худ онро пешвоз мегирифт. Вале мо иттилои кам дар даст дорем, ки ин давлатдорон ҷоеро махсус барои Наврӯз сохта бошанд.
Акнун ба таърихи муосири Иди Наврӯз мурур мекунем, ки на танҳо эҳё шуду ба бошукӯҳтарин Ҷашни миллӣ табдил ёфт ва мақоми ҷаҳонӣ гирифт, балки боиси зебоиҳои дигар дар самти фарҳангу тамаддун ва ҳатто, таҳкими сиёсати созандагии давлату миллати тоҷик гардид.
БИНО ГАРДИДАНИ КОХИ НАВРӮЗ
ДАР ДИЛИ ТОҶИКИСТОН – ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Оё ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо таърихи сохта шудани ин Кох шиносоӣ доранд? Оё ҳамаи мо аз асрори ҳар як толори он бохабарем? Ҳадди ақал, оё мо боре худ ва фарзандонамонро барои тамошои он талқин намудаем?
Бовар дорам, шаҳрвандони мо намедонанд, ки нахустин тарҳи ин қаср ҳамчун тарҳи чойхонаи миллӣ пешниҳод шуда буд, вале боз ҳам Пешвои миллат танҳо як чойхонаро сазовори ҷашни аҷдодӣ надонистанд ва онро ҳар бор бо андешае, пешниҳоде, тасвире пурра мегардонданд. Ҳамин тариқ, кор ба ҷое расид, ки Кохи Наврӯз бунёд гардид ва меъмори асосии он Пешвои миллат мебошанд.
Кохи Наврӯз дорои аҳамияти зиёди фарҳангӣ ва таърихӣ аст. Он аз рӯзи аввали фаъолияташ рамзи пойтахти кишвар гардида, яке аз калонтарин қасрҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад ва намунаи олитарини санъати меъморӣ дар дунё шинохта шудааст.
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «НАВРӮЗГОҲ»
Маконе, ки имрӯз ба пойгоҳи калонтарин ва сербинандатарин мусобиқот ва базмҳои миллӣ табдил ёфтааст, Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад, ки низ бо ташаббуси мустақими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд. Ҳамаи мо ёд дорем, ки ин пойгоҳ муддати мадиде бо номи “ипподром” як майдони пур аз қуму рег буд, ки аҳён-аҳён дар он мусобиқаҳои аспдавонӣ баргузор мегардиданд. Бинобар надоштани шароити хуб, тамошогарони ин чорабиниҳо ҳам танҳо одамони шавқманди пойгаи аспдавонӣ буданд, на беш.
Аз соли 2011 ин майдон ба як пойгоҳи чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла Ҷашни аҷдодии мо – Наврӯзи оламафрӯз табдил гашт. Худи ҳамон сол Иди Наврӯз дар ҳамин “Наврӯзгоҳ” бо ширкати издиҳоми бузурги сокинони пойтахт баргузор гардид ва ин анъана то ба имрӯз давом дорад. Ба тариқи расмӣ, маҷмааи “Наврӯзгоҳ” барои қариб 15 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Дар ин макон, инчунин, ҷашнҳои рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идҳои бузурги миллӣ таҷлил мегарданд.
ТАҶЛИЛИ НАХУСТИН НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Дар ёд дорем, ки соли 2012, боз ҳам бо ибтикору пешниҳоди Пешвои миллат, дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе нахустин маротиба Наврӯзи байналмилалӣ бо ширкати намояндагони зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон бо шумули роҳбарони онвақтаи ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони олирутбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ташкилотҳои дигари байналмилалӣ, ки намояндагии худро дар ҳудуди Тоҷикистон доштанд, барпо гардид. Шаммае аз суханони пур аз меҳр ва садоқати Пешвои миллатро ба ёд меорам, ки воқеан, аз ниҳоди шахсе зуҳур намуданд, ки дар муҳити Наврӯз тарбия ёфтааст:
“Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Имрӯз мо байни ёрон қарор дорем, ки бо чеҳраҳои кушода ин толори мунаққашро мунаввар гардондаанд ва чароғи дилҳои моро барафрӯхтаанд. Аз ин рӯ, бароям мояи ифтихору саодат аст, ки Ҷашни бузурги байналмилалӣ ва башорати рӯзи ҷадид - Наврӯзи оламафрӯзро дар сарзамини бостонӣ ва фарҳангхези Тоҷикистон ба роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои дӯст ва ба ҳамаи шумо, азизон, бо беҳтарин таманниёту орзуҳо табрику таҳният гӯям. Шодбошиҳои самимии хешро ба ҳамаи меҳмонони азизу олиқадр иброз дошта, бо риояи суннати наврӯзӣ бори дигар таҳнияти аҷдодиро ба забон меорам:
Бародар, Ҷашни Наврӯзат муборак!
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак!”
Пешвои мо худ тимсоли Наврӯз мебошанд, яъне ҳар амалеро, ки анҷом медиҳанд, он анъана, ойин ва расми Наврӯз аст.
Дар арафаи Наврӯз Президенти кишвари мо ин суннатро дар барқарор намудани пули дӯстиву бародарӣ миёни ду кишвари ҳамсоя, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, муваффақона ба амал бароварданд. Чеҳраҳое, ки дар сарҳади ин ду кишвари ҳамсоя интизори кушода шудани марзҳои дӯстӣ буданд, чӣ нигоҳҳо доштанд ва чандин умеду орзуҳоро дар дил мепарвариданд. Онҳо ба муроду мақсадашон, ки истиқрори осоиштагиву сулҳ дар миёни ду кишвари ҳамсоя буд, расиданд.
Ин аст эҳё кардан ва амалӣ сохтани суннатҳои наврӯзӣ!
Ин аст эҳтиром ба суннатҳои аҷдодӣ!
Ва ин аст ғамхории дараҷаи олӣ нисбати халқ, миллат ва Ватан!
Варқа ОХОННИЁЗОВ, доктори илмҳои филология
Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60