ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 марти соли 2025, №1009
ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАХШИШИ ҶАЗОИ ШАХСОНЕ, КИ БА МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААНД»
Дар асоси принсипҳои башардӯстӣ, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд», дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ҷазои 897 нафар маҳкумшудагон бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Фармони мазкур нисбати маҳкумшудагоне татбиқ мегардад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои на чандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин аз озодӣ маҳрум карда шуда, дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо менамоянд.