ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗИ ДАНҒАРА

НАВРӮЗИ ДАНҒАРА

27 март 2025, Панҷшанбе
7
0


Ҳанӯз ҳам аз гузаштаи дур, аз гулгардониҳои навбаҳорони дерин ба гӯшам таронаҳое, ки мо – бачагони деҳот, дар ба дари мардум дар даст гули сияҳгӯш ҳамчун муждагонии омад-омади баҳори фархундапай баланд мехондем, садо медиҳад:
Гули сияҳгӯш ҳафтрангай,
Хӯроки кавги дилтангай,
Ҳамеша бар сараш ҷангай,
Баҳори нав муборак бод!
Мо он замон бовари комил доштем, ки баҳори Тоҷикистон аз пуштаҳои дашти Данғара оғоз мешавад. Гули сияҳгӯш муждаи баҳор буд ва аз ин рӯ, ҷавонон аз кӯҳу даман ин гули аввалини навбаҳоронро зиракона ҷустуҷӯ мекарданд. Касе, ки гули нахустини сияҳгӯшро меёфт, ба эҳтироми махсуси ҳамдеҳагон сазовор мегашт.  Зеро мардум эътиқод дошт, ки ҳар сари сол обрӯи кас аз гули сияҳгӯш об мехӯраду дандонаш аз чукриву торон. 
Мардуми Данғара, аслан, деҳқонзодаи рустоианд. Ин аст, ки онҳо ҷашни Наврӯзро, ки ҷашни табиат аст, гиромӣ медоштанд ва ба суннатҳои он арҷ мегузоштанд. Зеро рӯзгорашон дар сармои зимистону гармои тобистон тул мекашид ва ба бузургдошти ин ҷашни фархундаву фаррухпай пайваста мекӯшиданд. Ба фарзандони баҳорзодаи худ Наврӯз ном мениҳанд. Пирмардону пирзанҳо шукрона мекарданд, ки ба баҳори нав – ба сари соли нав расидаанд. Дар ҷашни Наврӯз, ки аз рӯи тақвими табиат баробарии рӯзу шаб аст, мардум ҳамдигарро бо байти зерин муборакбод мекарданд:
Азизам, иди наврӯзат муборак,
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак!
Бояд афзуд, ки суннатҳои бостонии ҷашни Наврӯз аз ҷониби мардум ҳамеша риоя мешавад. 
Об рамзи рӯшноӣ аст. Таъбири обу рӯшноӣ аз ин ҷост. Мардум ба пешвози Наврӯз аввал ба погаҳи дари худ, ба роҳи ҳавлияшон об мезаданд. Дар дашти беоб ин як навъ ҳимматбаландӣ буд. Якҷоя тоза кардани ҷӯйбори деҳа низ аз суннатҳои идона маҳсуб мешуд.
Барои пӯшидани сиёҳии соли равон дару девори хонадонашонро ҳар кас сафед мекард. Инчунин, ба тариқи ҳашар ба танаи дарахтони роҳи деҳ бо оҳак сафедӣ мешакиданд. Бояд афзуд, ки сафедӣ рамзи покии Наврӯз аст. Аз ин рӯ, мардум меҳмони худро бе сафедӣ, яъне бе ягон чиз гусел намекунад, ки рӯмолак, як қабза мева аз боғи дастпарвараш, кулча ва нони пухтаашон аз ин шумор аст. Бояд афзуд, ки соҳибхоназанҳо хӯроки сафед аз қабили ширбиринҷ, ширравған, ширҷӯш, ширбат мепухтанд.
Афрӯхтани гулхани наврӯзӣ аз рукнҳои асоситарини ин ҷашни бостонии ориёҳо аст, ки дар Данғара ба унвони «аловпарак» хонда мешавад. Бегоҳии чаҳоршанбе дар майдони деҳаҳо гулханҳои идона забона мезад. Мардум пиру барно бо чунин таманно: «Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ!» аз рӯи оташ меҷастанд. Эътиқоду эътимод доштанд, ки ба ин васила дар алови сари сол гуноҳи поринаашонро месӯзонанд ва аз ин гуна доғи сиёҳи зиндагӣ руҳан пок мешаванд. Покизагии руҳӣ аз муҳимтарин арзишҳои идона буд. Дар хотир дорам, ки дар арафаи Наврӯз дар деҳот бо насиҳати куҳансолон касе сухани қабеҳеро ба забон намеовард. Касе ба касе ҳақоратро раво намедид. 
Густардани хони наврӯзӣ рамзи баракат ва файзи рӯзгоронро дошт. Ба қавли Шайх Саъдии Шерозӣ дар ситоиши Наврӯз:
Чунон паҳн хони карам густарад,
Ки Симурғ дар Қоф рӯзӣ барад.
Дар бозиҳои идонаи сари сол оростаи хони наврӯзӣ аз суннатҳои деринтарин буда, аз “ҳафтшин”-у “ҳафтсин” иборат аст. Аввалан, «ҳафтшин» будааст иборат аз ҳафт чизе, ки номашон бо ҳарфи «шин» оғоз меёбад: шир, шакар, шамъ, шона, шароб, шарбат, шамшер. Дар ин қатор ҳар кас мувофиқи завқи худ ба ҷои ягон чизи «ҳафтшин» «Шоҳнома»-ро гузошт. Вале баъди зуҳури ислом, ки дар он «шароб» мамнуъ аст, таркиби хони наврӯзӣ ба «ҳафтсин» мубаддал шуд, ки ба он ашёи бо ҳарфи «син» ибтидошаванда ворид гардид: сабза, суманак, сирпиёз, сипанд, сирко, санҷид, себ.
Мардуми Данғара, ки аз қадимулайём ғаллакоранд, пештар аз арафаи Наврӯз дар хонаи худ табақ-табақ тухми гандум мехобонданду майсаи онро мепарвариданд. Дар ёд дорам, ки ин гандуми нешзадаро, ҳатто, ба дигар ноҳияҳои кӯҳистон ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ мефирситоданд.    
Маъракаи суманакпазӣ хеле ҷолибу шавқовар буд. Кадбонуи муҳтараме аввал ба алови таги деги суманак гӯгирд мезад. Маъракаи суманакпазӣ, аслан, занона аст. Дар гирди деги суманак сурудхониву арғушравии бонувон барпо мегардид:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Дигар то як пайи шаб бо таманнои нек кафлезгардонии суманакпазон идома меёфт.
Як суннати дигари ҷашни Наврӯз оштиву аз дил берун кардани кинаву малол аст. Дар деҳаи мо анъанае буд ба унвони «ҳамсоясалом», ки дар дигар маконҳо онро камтар вохӯрдам. Мардону занони ранҷидахотиру бо ҳам қаҳриву ногап ба хонаи ҳамдигар ба сари оши оштӣ мерафтанд, аз якдигар узр мехостанд.    
Дар хусуси Наврӯз ва суннатҳову анъанаҳои мардумии он боз метавон бештар аз пештар сухан ронд. Вале ин ҷо бо сухани Ҳаким Умари Хайём иктифо мекунем: «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн гирад ва ба хурсандӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр ба шодиву хуррамӣ гузорад».
Ва боз бо таъбири мардумӣ:
Ё Раб, ҳама халқро ба мақсад бирасон,
Шояд, ки дар ин миёна мо ҳам бошем.

Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА, 
директори Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Санаи нашр: 22.03.2025 №: 61
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив