ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025”
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” аз 7 декабри соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024, №12, мод. 786, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, №2156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 13:
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
“4. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи умумии тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.”;
- қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8 мутаносибан қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9 ҳисобида шаванд.
2. Аз матни моддаи 16 калимаҳои “шаҳри Душанбе,” хориҷ карда шуда, пас аз калимаи “ноҳияҳо” аломат ва калимаҳои “, ба истиснои шаҳри Душанбе” илова карда шаванд.
3. Ба банди 1) қисми 1 моддаи 20 пас аз калимаи “маҳаллӣ” аломат ва калимаҳои “, ба истиснои шаҳри Душанбе” илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2025, №2157
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2025, №1590