МАН НАСЛИ ИСТИҚЛОЛАМ. НОМАИ ШУКРИ ЯК ҶАВОНДУХТАР АЗ ИМРӮЗИ ОБОДИ ВАТАН
Сиёсати ҷавонпарваронаю маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинаму ҳамчун як ҷавондухтари хушбахт шукр аз он мекунам, ки дар чунин фазои орому обод умр ба сар мебарам. Зеро дар қатори ҳазорҳо ҷавоне, ки аз файзу баракати ин сиёсат сабзидаву худро сохтанд, ман низ дар яке аз бонуфузтарин муассисаҳои тиббии минтақа – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил кардаву айни замон ба донишҷӯён таълим медиҳам.
Ёд меорам сухани насли калонсолро, ки ба гуфтаашон дар аввали солҳои 90-ум, ҳатто ба дарс бо тарсу ҳарос омада мерафтанд. Озодиву ободии имрӯзро мебинаму беихтиёр каломи шукр ба забон меояд; шукрона аз чунин Сарваре, ки ба мо истиқлолу озодӣ оварданд ва ба шарофати ин неъматҳои воло ҳам шароити таҳсил фароҳам омаду ҳам мулк обод ва раият осоиш ёфт.
Ман ҳам меваи дарахти истиқлолам, ки ба шарофати хизматҳои мондагори Сарвари хирадмандамон на дар муҳити ҷанг, балки оромӣ ба камол расидаву бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат таҳсил карда, соҳибмаълумот гардидам.
Ростӣ, таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки аз замони шуравӣ ном бароварда буду имрӯз низ дар яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии минтақа дар самти омода кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ шинохта мешавад, орзуи деринаи ман буд. Расо, ҳашт сол қабл ифтихори донишҷӯии ин боргоҳи муқаддас насибам гашт.
Як назар ба таърихи Донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки фаъолияти он зери таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат қарор доштааст. Иштирокашон дар маросими таҷлили 70-солагии Донишгоҳ дар моҳи ноябри соли 2009 далели ин гуфтаҳост.
Дар суханронӣ, аз ҷумла таъкид шуда буд, ки бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии Донишгоҳ, агар солҳои 2002-2005 ҳамагӣ чору ним миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда бошад, пас ин рақам дар чор соли охир зиёда аз 41 миллион сомониро ташкил додааст. Яъне, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ солҳои аввали давлатдорӣ, Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти пурсамар ва густурдаи Донишгоҳ ҳамеша эътибор медод.
Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки якуми сентябри соли 2022 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида таъкид намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳо дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ҷомеаи имрӯза ба кадрҳои соҳибтахассуси ин боргоҳи маърифат ниёз дорад.
Дар ҳақиқат, бинои нав дорои тамоми шароитҳои зарурӣ буда, бо синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасонаш барои гузарондани дарсҳои назариявию амалӣ мусоид мебошад. Ин ҳама, ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар мо – омӯзгоронро вазифадор месозад, ки беш аз пеш кор кунем ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустиро омода намоем.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар хориҷи кишвар низ нуфузу эътибор дошта, кадрҳои омодакардааш дар мамлакатҳои гуногуни дунё фаъолият доранд ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил ин боргоҳро интихоб менамоянд. Ҳоло дар Донишгоҳ муҳассилин аз Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Латвия, Дания, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ироқ, Покистон ва Озарбойҷон таҳсили илм намуда истодаанд.
Шаҳзода СОЛЕҲЗОДА, магистранти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино