ШОМИ ШАНБЕ
РИЧАРД ГИР: «ХУБӢ КАРДАНРО ФАРОМӮШ НАСОЗЕД»
Ричард Гир, ҳунарманди номдори Ҳолливуд, нақл мекунад: «Модари як дӯстам тамоми ҳаёт парҳезкор буд, ҳеҷ гоҳ машрубот истеъмол намекарду беҳтарин хӯрокро тановул менамуд. Ба варзиш машғул мешуд, дар бораи саломатиаш тез-тез бо духтурон машварат мекард. Ҳоло ӯ 76 сол дорад ва ба саратони пӯсту мағзи устухон ва остеопороз гирифтор аст. Падари рафиқам бошад, баръакси ӯ ягон қоидаро риоя намекард, ҳамон гунае мезист, ки дилаш мехост. Духтурон мегӯянд, ки саломатии ин пирамарди 81-сола шабеҳи ҷавони 18-сола аст.
Яъне, инсон аз заҳре, ки андаруни ӯст, гурехта наметавонад. Аз ин рӯ, худатонро дӯст доред ва беҳтарин шароитро барои зиндагӣ муҳайё созед. Болаззат хӯред, аз нурҳои Офтоб ҳаловат баред, сода бизиеду хубӣ карданро фаромӯш насозед».
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
БРАЙАН ТРЕЙСИ
Шартҳои тарбияи кӯдак
16. Бо кӯдак, агарчи хурдсол ҳам бошад, ҳамчун шахси болиғу калонсол гуфтору рафтор намоед. Дар амалҳоятон бо ӯ ростгӯву шаффоф бошед. Азбаски кӯдак дар хурдсолӣ бештар аз рафтори атрофиён адаб меомӯзад, ӯ низ кӯшиш мекунад, мисли шумо ростгӯву дурусткор шавад.
17. Доир ба масоили ба кӯдак дахлдор бо ӯ машварат кунед: вақти хӯроки шом чи хӯрдан мехоҳад, таътилро дар куҷо ва чӣ гуна гузарондан мехоҳад. Бигзор ӯ аз хурдсолӣ одоби машварат ва қабули қарори дурустро омӯзад.
18. Ба фарзанд доир ба касбу ихтисосатон маълумот диҳед. Дар давоми рӯз бо чи корҳо машғул мешавед, ба кӯдак нақл кунед. Агар дар ҳалли кадом як мушкилии корӣ душворӣ мекашед, фарзандатонро аз он хабардор кунед. Баъзан хурдсолон ба масъала аз паҳлуи дигар назар карда, ҳалли мувофиқтареро ёфта метавонанд.
(Идома дорад)
Аз русӣ тарҷумаи Лола РИЗОӢ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
Николай Василйевич Гоголро аз замони мактабхонӣ аксарият мешиносанд. Яке ҳамчун нависанда, дигаре ба симати классики адабиёти рус. Дастикам нафарони зиёд дар бораи асари «Ревизор»-и ӯ маълумот доранд. Аммо на ҳама огоҳанд, ки Гогол якбора машҳур нашудааст. Ҳатто, буданд ҳолатҳое, ки аз танқиди сахти мунаққидонаш навиштаҳояшро сӯхта нобуд кардааст. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки аввалин достони Гогол бо номи «Ганс Кюҳелгартен», ки бо имзои мустаори В. Алов нашр шуда буд, зери тозиёнаи танқид монд. Кор то ҷое расид, ки худи Гогол аз тамоми дуконҳо нусхаҳои асарашро харида, бо дастони худаш сӯзондааст.
Дар омади гап, сюжаи асари «Ревизор»-ро ҳам ба Гогол Пушкин дар асоси далелҳои воқеӣ нақл кардааст.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ИЛТИФОТИ ШАҲБОНУ БА ЯК САРЛАШКАР
Александр Суворов дар бачагӣ заифу лоғар буд. Бо вуҷуди ин, ба корҳои ҳарбӣ шавқу рағбат дошт.
Боре шаҳбону Елизавета гвардиячии ниҳоят ҷавонро дар дарвозаи шаҳр дида, ба ӯ рубли нуқрагин ҳадия менамояд. Аммо посбон бо изҳори он ки: «Ҳангоми хизмат қабули ҳар гуна ҳадияҳо қатъиян манъ аст», инъомро қабул намекунад. Ин амали садоқатмандонаи гвардиячӣ ба Елизавета хуш омад. Фардои он рӯз барои баланд бардоштани вазифаи Суворов малика фармон дод ва ӯ капрали (ҳайати хурди фармондеҳӣ) Елизавета гардид.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
МУҲАББАТ ПАС АЗ МАРГ
Марди солхӯрдае ҳар рӯз ба қаҳвахона мерафт ва ду финҷон қаҳва мегирифт – яке барои худ ва дигаре барои ҷойи холии рӯбарӯяш.
Рӯзе соҳиби қаҳвахона аз ӯ пурсид:
– Чаро ҳамеша ду финҷон қаҳва мехаред, дар ҳоле ки танҳоед?
Мард бо табассуми ғамгин ҷавоб медиҳад:
– Финҷони дуюм барои ҳамсарам аст. Мо солҳо якҷоя қаҳва менӯшидем. Ӯ дигар дар ин дунё нест, аммо ман ҳамоно он одатро нигоҳ медорам...
Солҳо гузаштанд. Мард дигар ба қаҳвахона намеомад. Вақте соҳиби қаҳвахона хабари маргашро шунид, дар мизи дӯстоштааш ду финҷон қаҳва мегузошт – яке барои ӯ, дигаре барои ёраш...
Бовар кунед, муҳаббати ҳақиқӣ ҳатто пас аз марг ҳам боқӣ мемонад...
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
ҶАСОРАТИ МОДАР
Дар Екатеринбург модар писари панҷсолаи худро аз ҳамлаи саги ваҳшисурат наҷот дод. Лаҳзаи даҳшатноктарин ҳамлаи саги калони ротвейлер ба ҷигаргӯшаи модар буд. Вале модар бо фаромӯшӣ аз худу аз тарсу ҳарос писари худро ба оғӯш гирифт ва пушт сӯи саг кард, то писараш дар паноҳ бошад. Дар як лаҳза мардуми зиёд ҷамъ шуд. Аммо ҳеҷ кас на пир на барно ҷуръат намекард наздиктар ояд. Яке бо телефон навор мегирифту дигаре дод мезад. Ниҳоят вақте сагро дур карданд, модари бечора аз тарс дигар ҳаракат карда наметавонист. Ӯро ба беморхона бурданд. Хушбахтона, аз ҳамлаи саг ба кӯдак зараре нарасид.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
ВАҚТЕ МОДАР ПУШТУ ПАНОҲ АСТ...
Паҳлавоне буд ҳамеша бидуни зиреҳ ба ҷанг мебаромад. Ҳарчанд мегуфтанд, ки зиреҳ гир, аммо бефоида. Аз байн чанде гузашту рӯзе паҳлавон зиреҳ ба бар карда ба майдони ҷанг омад. Аз ӯ пурсиданд:
- Чаро қаблан зиреҳ ба бар намекардӣ, аммо имрӯз ин одатро шикастӣ?
Паҳлавон гуфт:
- То ҳол модарам дар ҳаёт буд ва бо дуои ӯ ба ҷанг меомадам. Имрӯз модарам аз дунё рафт, дигар ӯ дуогӯю пуштибони ман нест. Аз ин рӯ, ман аз зиреҳ истифода кардам.
Таҳияи Муҳаммад АМИН
БУЗУРГОН ДАР БОРАИ ПУЛ
Лутсий Анней СЕНЕКА, ходими давлатии Рими Қадим:
Пули зиёд кор кардан – шуҷоат аст, ҳифзи он – хирад ва хароҷоти моҳиронааш истеъдод.
* * *
Марк ТВЕН, нависандаи маъруфи амрикоӣ:
Чунон кор кунед, ки гӯё пул бароятон қадре надорад…
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
АСАЛ
Асал яке аз беҳтарин ғизои табиии табобатӣ мебошад. Барои ҷамъоварии он занбӯри асал заҳмати зиёд мекашад. Дар давоми умри кӯтоҳи худ, яъне 45 рӯз занбӯри асал барои ҷамъоварии асали аълосифат масофаи байни Замину Моҳро тай мекунад.
Як қошуқ асалро субҳ, дар шиками гурусна дар 200 мл об ҳал намуда, нӯшем, фоидаи зиёд дорад.
Кароматулло ШОКИРЗОДА, омӯзгори Академияи ВКД
НАРХИ ЯК ДОНА ҚУЛФИНАЙ – 19 ДОЛЛАР
Шабакаи хӯроквории “Erewhon” дар Лос-Анҷелеси ИМА ба фурӯши дона-донаи қулфинай аз ширкати “Elly Amai” оғоз кард, ки арзиши як донааш 19 доллар (207 сомонӣ) аст.
Намояндагони “Elly Amai” ва “Erewhon” тавзеҳ доданд, ки қимати гарони қулфинай ба он вобаста аст, ки он мустақим аз Ҷопон дар муддати 24-28 соат оварда мешавад. Вале дар ҷомеа баҳсҳо идома доранд, ки оё як дона қулфинай ба чунин арзиш меарзад ё не.
Блогери машҳури амрикоӣ Алисса Антоси тасмим гирифтааст, ки ин меваи гаронбаҳоро бичашад. Вай иқрор шудааст, ки "беҳтарин қулфинай буд, ки ман то ҳол хӯрдам". Аммо обуначиёни Антоси дар шарҳҳо зикр карданд, ки ин як навъ озмоиши иҷтимоӣ буда, ба ширкатҳои бузург имкон медиҳад, то бифаҳманд, ки истеъмолкунандагон барои маҳсулоти одӣ чӣ қадар маблағ пардохт кардан мехоҳанд.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
САВОЛИ ИЛОВАГӢ
Дар имтиҳони давлатӣ:
– Степанов, коррупсияе, ки дар мо ҳаст, аз Аврупо чӣ фарқ дорад?
– Устод, дар Аврупо вақте аз буҷет пул мегиранд, аввал иншоотро месозанд, баъд боқимондаи маблағро дар киса мезананд. Дар мо пули ҷудошударо аввал чанд нафар медузданд, баъд дар боқимондааш иншоот месозанд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
САВОЛИ АҶОИБ
Степанов, корманди пешқадами БДА, баробари сари миз нишастанаш, ба чашмони ҳайрони Лёшаи хурдакак нигариста, бо тааҷҷуб мепурсад:
– Чӣ шуд писарам?
– Дадаҷон, ронандаҳо шуморо мехӯранд?
– Ин чӣ хел гап Лёшаҷон? Кӣ ин сафсатаро ба гӯши ту хонд?
– Ҳеҷ кас дадаҷон, ман худам дидам, ки милисаҳо, вақте мошинро аз дур мебинанд, гурехта дар пушти буттаҳо пинҳон мешаванд.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ЭРИХА
Эриха қадимтарин шаҳри ҷаҳон ба шумор рафта, онро “шаҳри дарахтони хурмо” низ меноманд. Аввалин шаҳр дар ин ҷо тақрибан 9600 сол пеш аз милод пайдо шуда, дар Фаластин ҷойгир аст. Он на танҳо қадимтарин шаҳр, балки аз лиҳози ҷуғрофӣ пасттарин шаҳр дар рӯйи Замин аст. Нахустин осори зиндагии инсон дар ин ҷо ба ҳазораи VIII пеш аз милод рост омада, дар ҳудуди он манора аз давраи неолити сафолӣ бо баландии 8 метр, деворҳои шаҳри асри биринҷӣ, кохҳои зимистонаи шоҳони Хасмониён ва Хироди бузург, ки бо ҳаммомҳо, ҳавзҳо ва толорҳои боҳашамат оро дода шудаанд, пайдо гардидаанд. Соли 2023 ЮНЕСКО харобаҳои шаҳри Эрихаро ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ дохил кард.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
БУЗУРГТАРИН ИХТИРОЪ
Соли 2005 дар Британияи Кабир аз рӯи пурсиши гузарондаи «ВВС» дучарха бузургтарин ихтирои техникӣ аз соли 1800 дониста шуд.
Он на танҳо аз ихтирооте чун интернет ва муҳаррики дарунсӯз пеш гузашт, балки аз ҳамаи ихтирооти дигар дар якҷоягӣ овози бештарро ба даст овард.
Воқеан, ду сол қабл ҷопониҳо ҳамчун бузургтарин ихтирои асри XX лапшаи тезтайёрро интихоб карда буданд.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
ДУБАЙ
ҶОЗИБАИ НАВ БУНЁД МЕГАРДАД
Шаҳрдори Дубай (АМА) ба нақша гирифтааст, ки барои сайёҳон ва сокинон як ҷозибаи нав бунёд кунад.
Тавре сомонаҳо хабар додаанд, арзиши лоиҳа 2 миллиард дирҳами АМА (тақрибан 545 миллион доллари ИМА) хоҳад буд. Лоиҳа, ки "Thermes of Dubai" ном дорад, бунёди як иншооти баландиаш 100 метрро дар бар мегирад, ки дар он маҷмааи саломатӣ, парки обӣ ва бузургтарин боғи ботаникӣ дар ҷаҳон ҷойгир хоҳад шуд.
Сохтмони иншоот соли 2028 ба анҷом мерасад ва барои қабули 1,7 миллион нафар дар як сол пешбинӣ шудааст.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ШИРКАТҲОИ МАЪРУФИ ҶАҲОНӢ
SAMSUNG
Ширкат соли 1938 дар Ҷумҳурии Корея аз ҷониби Ли Бён Чхол таъсис ёфтааст. Дар аввал ба тиҷорати маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла содироти моҳӣ ва мева, машғул буд. Баъдан ба соҳаи саноат ва электроника рӯ овард. Соли 1969 бахши “Samsung Electronics” ташкил шуд, ки имрӯз муҳимтарин бахши ин ширкат ба шумор меравад.
“Samsung” яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи технология буда, ба қатори 10 ширкати калонтарини ҷаҳон шомил аст ва ҳар сол миллиардҳо долларро барои таҳқиқот ва рушди технологияҳои нав сарф мекунад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ИМА
Чанд факти ҷолиб
1. Тарроҳии парчами ИМА-ро дар шакли ҳозира (бо 50 ситора) соли 1958 як хонандаи 17-сола анҷом додааст.
2. То ин замон дар ИМА забони расмии давлатӣ вуҷуд надошт. Барои қонунӣ кардани мақоми забони англисӣ борҳо пешниҳодҳо карда шуданд. Чанде пеш президенти нави ИМА Доналд Трамп бо имзои як фармон ба забони англисӣ мақоми давлатӣ дод.
3. Аз соли 1776 то 1967 дар ИМА издивоҷ байни намояндагони нажодҳои гуногун манъ шуда буд.
4. Дар ИМА қонунҳои ғайриодӣ бисёранд. Масалан, дар иёлати Огайо шумо рӯзҳои якшанбе ҷуворимакка харида наметавонед ва ё дар Ню-Йорк наметавонед яхмосро дар ҷайбатон нигоҳ доред.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
ПУЛИ АЖДАҲО ДАР ВЕТНАМ
Ин пул яке аз зеботарин пулҳои ҷаҳон буда, маъмултарин макони сайругашт дар шаҳри Дананги Ветнам мебошад. Он дар болои дарёи Ҳан дар шакли аждаҳои бузурги тиллоӣ сохта шудааст. Даҳони аждаҳо оташу об пошида, дар шаб бо рангҳои гуногун медурахшад. Барои равшании пул 15 ҳазор чароғи гуногунранг истифода мешавад. Дарозии он 666 метр ва бараш қариб 40 метр буда, ба ғайр аз шоҳроҳ роҳи пиёдагард низ дорад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
АЗ ҲИКМАТҲОИ ПЛАТОН
Боре Антисфен, файласуфи Юнони Қадим, ба худ пургӯиро раво дид. Аз ин амали ӯ Платон дилгир шуда, посухи обдоре дод:
«Магар, намедонӣ, ки ҳангоми суҳбат суханро ба дарозо кашидан аз рӯи адаб нест?”
* * *
Аҳмақ ду нишона дорад: чизҳое, ки ба ӯ дахл надоранд, зиёд мепурсад; дар бораи он чи аз ӯ намепурсанд, бисёр ҳарф мезанад.
* * *
Дар як вақт ҳам хуб ва ҳам сарватманд будан, ғайриимкон аст.
Тарҷумаи М. ҚОДИРОВА
НОГУФТАҲО ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
«Реал Мадрид» муваффақтарин бошгоҳ дар таърихи футбол ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи мазкур 14 маротиба дар Лигаи чемпионҳо ғолиб шуда, 34 бор чемпиони Испания гаштааст.
* * *
Кадзуёси Миура бо лақаби "Шоҳ Кадзу" аз Ҷопон куҳансолтарин футболбозест, ки дар сатҳи касбӣ бозӣ кардааст. Ӯ бозии охирини худро соли 2021 дар 50-солагӣ анҷом дод.
* * *
Бисёре аз тӯбҳои футбол, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон, истифода мешаванд, дар шаҳри Сиалкоти Покистон истеҳсол мегарданд.
Аз русӣ тарҷумаи Иброҳими САЙФУЛЛО
Санаи нашр: 28.03.2025 №: 62