ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. РАҚОБАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. РАҚОБАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

01 феврал 2023, Чоршанбе
245
0

Тағйирёбии иқлим дар баробари таҳдидҳои киберӣ, экстремизми ҷаҳонӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва буҳрони энергетикӣ яке аз панҷ хатари глобалии соли 2023 маҳсуб меёбад. Дар ин бора рӯзномаи “Daily Sabah” дар асоси пешгӯиҳои соли равон, ки аз ҷониби марказҳои таҳлилии бонуфузи ҷаҳон, махсусан Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD), манзур гаштааст, хабар медиҳад. 

ҶАҲОНРО ГАРМОИ ШАДИД ИНТИЗОР АСТ
Олимон бар ин назаранд, ки соли равон тағйирёбии иқлим шадидтар шуда, оқибатҳои фалокатбор дорад. Аллакай, ин равандро дар як қатор минтақаҳои олам мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, Ғарби Миёнаро сармои шадид фаро гирифта, дар якчанд соат дар шаҳри Буффалои ИМА беш аз 120 сантиметр барф борид. Ҳамзамон, дар шарқи кишвари Примореи Россия сармои шадид ба амал омад.
Гузашта аз ин, тавре ҳамагон мушоҳида намудем, чунин ҳавои  сард  ва  бориши зиёди барф дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон низ, ба қайд гирифта шуд. Аммо ин ҳолатҳо маънои хунукии сартосариро надорад. Дар нимкураи шимолӣ, махсусан дар Арктика, баръакс гармшавии ҳаво ба назар мерасад. Иқлимшиносон пешгӯӣ мекунанд, ки соли равон сиклонҳои гарм ҷойи сиклонҳои сардро гирифта, мушкилиҳои зиёдро ба бор меорад. Хушксолӣ ба миён омада, сӯхторҳои ҷангал, обхезӣ ва тӯфонҳои тропикӣ бештар мегарданд. 

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ЁРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАРО БУҲРОНӢ МЕКУНАД
Тағйирёбии иқлим раванди ёриҳои башардӯстонаро коҳиш дода, мушкилоти то ҳол дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона ва буҳрони иқтисодӣ бавуҷудомадаро боз ҳам печидатар хоҳад кард. Чунин аст натиҷаи таҳқиқоти коршиносони Кумитаи байналмилалии наҷот (IRC).
Тибқи иттилои коршиносон, тайи даҳ соли охир теъдоди афроди ниёзманд ба ёриҳои башардӯстона хеле афзоиш ёфта, аз 81 миллион дар соли 2014 ба 339,2 миллион дар соли 2022 расидааст. 
Ба андешаи коршиносони Кумита тағйирёбии иқлим, яке аз омилҳои асосии суръат бахшидан ба ҳолатҳои фавқулодаи башардӯстона мебошад. “Соли 2022 нишон дод, ки тағйирёбии иқлим ба раванди амалисозии ибтикороти башардӯстона халали ҷиддӣ ворид кардааст.” – гуфта мешавад дар гузориши IRC. 
Таҳлилгарон зикр мекунанд, ки боронҳои пай дар пай боиси норасоии фалокатбори ғизо дар Сомалӣ ва Эфиопия гашта, ҳазорон нафар дар Покистон дар нитиҷаи офатҳои табиӣ ҷон бохтанд. 
Барои пешгирӣ ва коҳиш додани тағйирёбии иқлим бошад, сармоягузории бештарро зарур медонанд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, фарқияти байни ниёзҳои башардӯстона ва маблағгузории онҳо то моҳи ноябри соли 2022 ба 27 миллиард доллари ИМА расидааст. Дар натиҷа, кишварҳое, ки аз буҳрон зарар дидаанд, наметавонанд ба хидматрасоние, ки барои зинда мондан ва барқарорсозии инфрасохтор лозиманд, дастрасӣ пайдо кунанд. Ғайр аз ин, теъдоди афроде, ки бар асари даргириҳои мусаллаҳона ва офатҳои табиӣ маҷбур шуданд, ки ҷойи зисти худро иваз кунанд, имрӯз ба беш аз 100 миллион расидааст, ки ин рақам соли 2014 шаст миллионро ташкил медод.

ТО СОЛИ 2050 ҲАРОРАТ БА ҲИСОБИ МИЁНА 2,7 ДАРАҶА БОЛО МЕРАВАД
Бисёре аз коршиносон дар остонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, ки дар шаҳри Давоси Швейтсария аз 16 то 20 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, гузоришҳо дар бораи вазъи кунунии иқтисодӣ дар пасманзари тағйирёбии иқлимро нашр карданд. Аз ҷумла, дар гузориши глобалии хатарҳо (Global Risks Report) омадааст: тамоюли мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба ҷойи мубориза бо он ба вуҷуд омадааст.
Ба гуфтаи гузоришгарон, гумон аст, ки башарият дар доираи Созишномаи Париж дар соли 2015 гармшавии глобалиро ҷилавгирӣ намояд. Мушкилоти иқлим аз байн нарафтааст ва мо бояд ба он мутобиқ шавем. Кишварҳое, ки ба Созишномаи Париж пайвастаанд, уҳдадоранд, ки то охири асри XXI 1,5 дараҷа гармшавии ҳароратро пешгирӣ кунанд. Ин андешаро Билл Гейтс асосгузори ширкати Microsoft низ тасдиқ карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки сайёраи Замин метавонад аз ин “натиҷаи даҳшатнок” дар канор монад. Олимони соҳа мегӯянд, ки аллакай то соли 2050 ҳарорат ба ҳисоби миёна 2,7 дараҷа боло хоҳад рафт. 
Бар асоси гузориш, бозиҳои геополитикӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ ду соли оянда низ сиёсатмадоронро аз мубориза бо тағирёбии иқлим бозмедорад.

ТАҲДИДИ ХАТАРНОКТАРИН 
Илова бар ин, “гузариш ба иқтисоди сабз сармоягузории бештарро талаб мекунад ва ба иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад. Кишварҳои камбизоат аз кишварҳои сарватманд барои зарари иқлим ҷуброн талаб мекунанд ва барои истифодаи сӯзишвории карбогидридӣ ба далели набудани дигар воситаҳои тавлиди энергия, иҷоза медиҳанд. Аз ин рӯ, дар баробари мубориза бо тағйирёбии иқлим, сиёсати мутобиқшавӣ ба  гармшавии  глобалӣ рӯи кор меояд”, – менависад “Ведомости”.
Муаллифони гузориш бар инанд, ки то соли 2033 тағйирёбии иқлим боиси харобшавии экосистемаҳо, сар задани офатҳои зиёди табиӣ ва якчанд хатари дигар мегардад. Дар ин раванд, одамон саломатиашонро аз даст дода, бозори меҳнат зарар мебинад. 
Низоъҳои мусаллаҳона барои 28 кишвар дар қатори таҳдидҳои хатарноктарин ба шумор мераванд. Зиёд шудани нобоварӣ байни давлатҳо боиси афзоиши хароҷот барои силоҳ дар ИМА, Аврупо, Ҷопон, Чин, Федератсияи Россия ва Ҳиндустон шудааст. Ҳадс мезананд, ки дар пайи муноқишаҳои оянда ҷиноятҳои киберӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ доман паҳн карда, дурустии иттилоот зери суол қарор мегирад. 
Дар баробари ин, таҳримҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ чун мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад. Давлатҳо кӯшиш менамоянд вобастагиҳои технологиро коҳиш дода, сармоягузории мутақобиларо оғоз бахшанд, ки ин раванд боиси таназзули иқтисодӣ мегардад.
Ҳамзамон, даҳсолаи баъдӣ хатари тарғйирёбии иқлим чун мушкили рақами аввали дунё боқӣ хоҳад монд. Аз кишварҳои олам тақозо мешавад, ки ба масъалаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. Дар робита ба ин, таҳдидҳои дигар низ афзоиш меёбанд: ифлосшавии ҳаво, мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва обхезиҳо.
Бешубҳа, тарғйирёбии иқлим дар баробари мушкилиҳои дигари ҷаҳони муосир пайомадҳои нохушро ба миён оварда, боиси сар задани буҳронҳо мегардад. Гузашта аз ин, бархӯрдҳои геосиёсӣ, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» ба раванди тағйирёбии иқлим суръат мебахшад. Яъне, тағйирёбии иқлим ба авзои сиёсии ҷаҳон алоқаи ногусастанӣ дошта, таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд. Танҳо дар ҳамбастагӣ метавон ин равандро боздошт.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив