САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

01 апрел 2025, Сешанбе
11

 
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз, вохӯрии сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  раиси вилояти Суғд, дигар шахсони расмӣ ва гурӯҳи ҷавонон бо самимияти беандоза ва руҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Шиносоӣ бо раванди бунёди боғи интенсивӣ 
29-уми март сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Дар деҳоти Овчиқалъача Сарвари давлат ба хотири сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи интенсивии филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда, мардуми ноҳия ва олимону кормандони соҳаи кишоварзиро ба вусъат бахшидани амалҳои сабзу хуррамгардонӣ ҳидоят намуданд. Масоҳати боғи интенсивӣ 20 гектарро ташкил дода, асосан, дар ҷойи боғоти куҳнаи зардолу, ки бо гузашти бештар аз сӣ сол аз самар боз монда буд, бунёд шуд. Аз ин нишондиҳанда 10 гектарро боғи себу гелос, 10 гектари дигарро боғи шафтолу ташкил медиҳад. Дар боғи навбунёд, бо мақсади таъмини сабзиши ниҳолҳо, обмонии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.   
 Зимни суҳбат бо олимону хоҷагидорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ таъкид гардид, ки ҳангоми бунёди боғот ба дурустии интихоби мавзеъ барои парвариши ниҳол ва зиёд намудани масоҳати боғҳои ҳосилаш ба содирот нигарондашуда таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Тибқи маълумот, филиал дорои 564 гектар замини кишоварзӣ буда, наздики 400 гектар боғ ва зиёда аз 80 гектар токзор маҳсули кори чандинсолаи олимони ин муассисаи илмӣ мебошад. Олимону кормандони филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд соли 2014 низ дар масоҳати 4 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда буданд. Боқимонда боғу токзори анъанавӣ буда, ҷиҳати дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам натиҷаҳо назаррасанд.
Бино ба таъкиди олимон, боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар мамлакат солҳост, ки таҷриба шудааст ва чунин боғҳо дар зарфи се-чор сол ба ҳосил медароянд. Замини байни қатори боғот низ самараноку оқилона истифода мегардад. Яъне, то давраи калон шудани ниҳоли дарахтон дар байни қатори он зироати гуногуни кишоварзӣ парвариш мешавад.
Дар соли аввал олимони филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни қаторҳои боғи нави интенсивӣ дар масоҳати 6 гектар пиёз, 4 гектар сабзӣ ва зери плёнка 2 гектар тарбуз кишт намуданд. Ҳамзамон, дар масоҳати хурд барои таҷриба пиёзи анзур парвариш мешавад. Барои гирифтани тухмии сабзӣ ва помидори серҳосил низ дар қитъаҳои алоҳида ин ду навъи зироат кишт шудааст. Аз давраи кишт то ҷамъоварии ҳосил хусусиятҳои зироат пурра омӯхта мешаванд. Олимони филиал дар самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорию токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва парвариши картошка, фаъолияти илмию таҳқиқотиро тақвият мебахшанд. Иттилоъ дода шуд, ки то ин муддат филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои офаридани 8 навъи зардолу,  як навъи сабзӣ ва як навъи ангур соҳиби 12 шаҳодатномаи муаллифӣ шудааст. Ҳамзамон, ду навъи зардолу, се навъи ангур, ду навъи пиёзи анзур ва як навъи пиёз, ки аз ҷониби олимони филиал офарида шудаанд, мавриди озмоиш қарор доранд.
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои аграрии ин мавзеъ, ташаббуси масъулони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро оид ба барқарорсозии боғҳои куҳна муҳиму саривақтӣ маънидод карданд. 
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти Суғд, дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ, боғу токзори нав бунёд ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад. Масоҳати умумии боғҳо дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят зиёда аз 70 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва аз ин нишондиҳанда наздики 60 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Таваҷҷуҳи хоҷагидорони вилоят барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ зиёд аст. Ин аст, ки аз масоҳати умумии боғҳои бунёдшуда қариб 1000 гектарро боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ташкил медиҳанд.

Ифтитоҳи кӯдакистони «Баҳор» дар маҳаллаи Боғистон
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии «Баҳор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои кӯдакистони «Баҳор» барои таълиму тарбияи 200 нафар пешбинӣ гардида, аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо харҷи 4,7 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Ин тадбири муҳим дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ амалӣ гардид.  Кӯдакистони «Баҳор» дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахустин муассисаи томактабӣ маҳсуб меёбад.
Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки дар Муассисаи таҳсилоти томактабии «Баҳор» дар шаш гурӯҳ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар Муассиса барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони аз 2 то 7-сола бо тариқи озмун 30 мураббия ва парастори ботаҷрибаи соҳибмаълумот ҷалб шуда, таҳсил ба забони тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ бо шароиту имконоти мавҷудаи кӯдакистон, барои дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози кишвар дар беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, забондонӣ ва дигар донишу малакаҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар садҳо боғчаву кӯдакистони нав сохта, мавриди истифода қарор дода шавад. Ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 40 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал менамояд ва фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот, бе назардошти марказҳои инкишофи кӯдак, бештар аз 20 фоизро ташкил медиҳад.
Иттилоъ доданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва саҳмгузории соҳибкорон дар ноҳия 24 кӯдакистони наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ шароит ва имконияти таълиму тарбия беҳтар гардиданд.

Корхонаи истеҳсоли лӯла ва профилҳои металлӣ
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли лӯлаву профилҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдметалл»-ро расман мавриди истифода қарор доданд.
Корхона бо саҳми соҳибкорони тоҷику ӯзбек Муллоҷон Мансуров ва Фаррух Фахриддинов бунёд ёфт. Таъсиси  корхонаи металлургии  «Суғдметалл» самараи   таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон  буда,   бо  иродаи сарварони ду кишвар, дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, густариш меёбад.
Ба  Президенти   кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ доданд, ки корхонаи коркарди металл бо харҷи  беш аз 500 миллион сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ, роҳандозӣ гардида, иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа дар масоҳати 6,5 гектар бунёд ёфта, дастгоҳу таҷҳизоти муосири стандартҳои  аврупоӣ вориду насб шудаанд.
Тавре аён гардид, дар корхонаи навтаъсиси «Суғдметалл» истеҳсоли лӯлаву профилҳои металлиро бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд.
Ҷараёни истеҳсолӣ аз буриши металл,  коркард ва истеҳсоли лӯлаву профилҳо то  бандубасти маҳсулот дар маҷмуи дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли ширкатҳои маъруфи давлатҳои Аврупо: «Фаспар», «Отто Мелс», «Филтра», МТС ва  «Термоту» сурат мегирад.
Дар корхона ду таҷҳизоти технологии истеҳсоли лӯлаву профилҳо аз ширкати «Отто Мелс» насб гардидааст, ки дорои иқтидори калони истеҳсолӣ мебошад. Дар ҳар яки ин хатҳои технологӣ  дар  як дақиқа  160 метр лӯлаву профил истеҳсол мегардад ва иқтидори солонааш 100 ҳазор тонна маҳсулоти металлии сохтмонӣ мебошад.
Дар  истеҳсолот ҷараёни кафшергарӣ, буриш бо санги алмосӣ,  арракунӣ ва бандубасти маҳсулот амалӣ мегардад. Бо истифода аз таҷҳизоти муосири технологӣ, аз рӯи ҳаҷм ва андоза 50 намуди лӯла ва профилҳои металлии мутобиқ  ба сифату стандарт истеҳсол мешаванд. Тибқи нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ, дар оянда бо омӯзиши талаботи бозори дохилӣ ҳаҷму намуди лӯлаву профилҳои металлӣ зиёд хоҳад шуд.
Муассисону соҳибкорони  ЧДММ «Суғдметалл» нақша доранд, ки бо азхудкунии пурраи бозори дохилӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд ва шумораи коргаронро то ба 300 нафар расонанд. Ҳамзамон, корхона имкони содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар дорад. Дар корхона барои фаъолияти ҳайати муҳандисию техникӣ ва коргарон бо бунёди биноҳои маъмурият, ошхона, нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, истироҳатӣ,  толори фитнес, шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсолот шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва мутахассисони ширкати «Суғдметалл»-ро  дар таъсиси ин корхонаи муосир саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шоиста арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ доданд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳа такон бахшид ва давоми панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расид, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.   Дар ин давра беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт.  Танҳо соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил шуд. Суръати миёнаи солонаи рушди соҳа дар ин давра 15 фоиз таъмин гардид.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли равғани  ҶСП  «Зуҳал» оғоз бахшиданд.
Иншоот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёд ёфта, иқтидори лоиҳавии он дар як шабонарӯз 40 тонна равғани рустанӣ мебошад. Дар корхона 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Хатти истеҳсолӣ аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бандубаст иборат буда, маҳсулот дар зарфҳои аз як то панҷлитра вориди бозори истеъмолӣ мешавад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти ватанӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфта, дар он аз рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол мешавад.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, ифтитоҳи корхона метавонад, ҳамчунин, ба коҳиши воридоти хӯроки паранда аз хориҷи  кишвар мусоидат намояд, зеро кунҷораи истеҳсолшуда, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз равған дорад ба фабрикаҳои парандапарварӣ бо нархи нисбатан арзон пешниҳод мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои афзоиши ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани рустанӣ тавсияҳои муфид доданд. Бо таъсиси чунин корхонаҳо имконияти қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо ин навъи маҳсулот бештар шуда, соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имтиёзҳои Ҳукумати кишвар истеҳсолоти ватаниро тақвият бахшанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти корхона шинос шуданд. Иттилоъ доданд, ки равғани корхона дорои сифати баланд буда, аз лиҳози экологӣ тоза ва безарар мебошад.
Сарвари давлат иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин  иншоот ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, асосан, корхонаҳои азими коркарди пахта ва маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, қаннодӣ, консерви меваю сабзавот, равғани рустанӣ, ранг, мебел, риштаи абрешимӣ, атлас, гӯшти мурғ ва ғайра фаъолият доранд, ки молу маҳсулоташон ба давлатҳои ҳамсоя ва даҳҳо кишварҳои дигар низ содирот мешавад.

Корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ «Ситора саноат» 
29-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҶДММ «Ситора саноат»-ро  мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Суҳроб Ғафуров, бо харҷи наздик ба ду миллион сомонӣ, бунёд ёфт. Тавре иттилоъ доданд, техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар корхона 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, дар он ҳафт намуд ашёи рӯзгор, аз ҷумла таҷҳизоти гармӣ ва шамолдиҳӣ, истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 15 ҳазор дона ашёи рӯзгор буда, маҳсулоташ ивазкунандаи воридот мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 ҳамин анвои маҳсулот ба ҳаҷми 7,5 миллион доллари ИМА ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид гаштааст. Акнун имкон фароҳам омад, ки истеҳсоли ин ва дигар навъҳои ашёи рӯзгор дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад. Дар корхона барои фаъолияти кормандон шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, баҳои баланд дода, вобаста ба зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ, ба роҳ мондани содироти он дар оянда ва зиёд намудани маоши кормандон тавсияҳои судбахш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши хусусӣ  бо истифода аз имконот ва иқтидорҳои фарохи мавҷуда ҳамасола корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар онҳо шаҳрвандони зиёд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба бахши хусусӣ боиси дилгармии соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ гардида, ҳамчунин, сабаби тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва ғанишавии бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ мешаванд.
Тақдими туҳфаҳо ба ятимон
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  шаҳри Хуҷанд бо 100 ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрданд.
Мулоқоти Сарвари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда, дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби давлату Ҳукуматро бозгӯ мекунад. Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯзро ба ятимон таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои таъмини шароити хуби зиндагии онҳо пайваста чораҳои муассир меандешад. 
"Фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва таъмини шароити мусоиди будубош дар онҳо ба рӯзгори босаодату дастрасии ин қишри ҷомеа ба таҳсилоти босифат мусоидати фаъол менамояд", –  иброз доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҷо ятимон аз дасти Пешвои ғамхору раиятпарвар ҳадияҳо қабул карданд. Туҳфаҳо аз маҷмуи сарулибос, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ иборат буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарро тақозо намуданд.

Муассисаи томактабии «Навбаҳор» 
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти томактабии «Навбаҳор» оғоз бахшиданд.
Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, то дар давоми панҷ соли оянда дар ҳар маҳаллае, ки зиёда аз 100 оила зиндагӣ мекунад, муассисаҳои томактабӣ бунёд намоянд.  Дар навбати худ соҳибкорони вилоят баҳри иҷрои ин супориши Сарвари давлат ба бунёди кӯдакистонҳо авлавият медиҳанд, ки ин корашон дар татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025 мусоидат менамояд.
Дар даҳ синфхонаи барҳаво барои ба таҳсил фаро гирифтани то 300 кӯдак шароит фароҳам оварда шудааст. Таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, дар ин раванд 35 мураббияи соҳибтахассус ба кор ҷалб гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ ва шароити таҳсил дар кӯдакистони «Навбаҳор» баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи саҳмгузорӣ дар ташаккули зеҳну тафаккури насли ояндаи миллат унвон карданд.  Ба таъкиди Сарвари давлат таҳсилоти томактабӣ марҳалаи муҳими ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва заминаи мусоиди забономӯзии наврасон маҳсуб меёбад ва аз ин лиҳоз, тарбияи кӯдакон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо  ба омӯзиши илмҳои муосир аз ҳайати кормандон ҷиддан тақозо гардид.

Корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонӣ
30-юми март дар доираи тантанаҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ «Тоҷпанел»-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкор Суҳроб Мирзоаҳмадов бунёд шуда, иқтидори солонаи он  истеҳсоли 15 ҳазор метри мураббаъ панелҳои ороишӣ ва 500 метри мукааб деворҳои байниҳуҷравӣ мебошад. Ҳоло дар корхонаи тозабунёд 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гашта, оянда бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол теъдоди ҷойҳои корӣ ба 30 нафар расонда мешавад.
Тавре масъулон иттилоъ доданд, семент ва дигар ашёи хоми истифодашаванда дар истеҳсолот ватанӣ аст. Дар навбати аввал, дар ин ҷо барои қонеъ сохтани талаботи бозори дохилӣ ду намуди маҳсулот: панелҳои ороишӣ барои намои берунаи биноҳо ва деворҳои байниҳуҷравӣ бо шаклу андозаҳои гуногун ва сифати баланд омода шуда, пешниҳоди харидорон мегарданд.     
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар раванди саноатикунонии босуръат бояд шумораи чунин корхонаҳо дар кишвар зиёд карда шавад, зеро ин тадбир  воридоти маҳсулоти сохтмониро коҳиш дода, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Маҳсулоти корхона бо истифода аз дастгоҳу технологияи муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шуда, ба сифати он кафолат дода мешавад. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёди иншооти таъиноти гуногун, вусъат дорад. Аз ин рӯ, барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ метавон маҳсулоти корхонаи навбунёдро дар иншооти сохташавандаи ҷашнӣ истифода намуд, зеро дастгирӣ аз маҳсулоти босифати ватанӣ ҳавасмандии соҳибкорони истеҳсолиро дучанд мегардонад.
Иттилоъ доданд, ки соли 2024 бо саҳми соҳибкорону ҷалби сармояи хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд 48 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи кории нав ба истифода дода шуд ва ҳоло корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа идома доранд. 

Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминӣ
30-юми март дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ «Афранг Пластик»-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Мувофиқи маълумот, корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ «Афранг Пластик» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тоҳир Олимӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ сохта шуд. Корхона бо навтарин дастгоҳу технологияи истеҳсоли кишварҳои Олмон, Корея ва Чин муҷаҳҳаз гардида, маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигарондашуда истеҳсол менамояд.
Дар ин ҷо, мувофиқ ба завқи харидор, дару тирезаҳои пластикӣ дар шаклу андозаҳои гуногун омода шуда, пешниҳод мегарданд.
Тавре масъулон иттилоъ доданд, ин корхона калонтарин иншооти соҳа дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» буда, 70-80 фоизи маҳсулоташ ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсохт қариб се сол идома ёфта, дар ин муддат зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. Корхона дар як сол имкон дорад то 6 ҳазор тонна маҳсулоти пластикӣ омода намояд. Ин иқтидор баъд аз се соли фаъолият солона ба 8 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 150 нафар расонда мешавад.  Ҳоло дар корхонаи мазкур 100 коргар маҳсулоти тайёри пластикӣ ва алюминӣ мутобиқ ба талаботи стандарти аврупоӣ истеҳсол менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Хуҷанд ба рушди саноат ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корхонаҳои муосир бунёд ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ беҳтару хубтар гардонда мешаванд. Танҳо дар се моҳи аввали соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд 9 коргоҳу корхонаи нав ба истифода дода шуд, ки ин мисоли равшани рушди соҳа дар ин гӯшаи диёр мебошад.

Муассисаи таҳсилоти томактабии  «Наврӯз» 
30-юми март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ – кӯдакистони «Наврӯз»-ро баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, таҷдид шуда, аз ҷумлаи бандҳои нақша – чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ мебошад. Муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯз» аз ҳисоби буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 200 кӯдак бо 35 ҷойи кор барқарор шуд. Дар Муассиса 7 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Иншоот дуошёна буда, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, синфхонаҳои таълимӣ, аз шумули имкониятҳоеанд, ки дар кӯдакистон фароҳаманд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯз»-ро туҳфаи идона ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба кӯдакони деҳа маънидод карданд. Гуфта шуд, ки ҳоло фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28,7 фоизро ташкил дода, дар ноҳия 40 кӯдакистони давлатию хусусӣ амал мекунад.
Деҳаи Шамсобод ҳам аз ҷумлаи маҳаллаҳое мебошад, ки зичии аҳолӣ дар он ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар ин деҳа 4000 нафар зиндагӣ мекунад ва барои фарзандони бошандагон фаъолияти 3 муассисаи таҳсилоти  томактабӣ ба роҳ монда шудааст. Дар умум, масъалаи бунёд ва барқарорсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз минтақаҳои сернуфуси кишвар мебошад, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дошта, дар панҷ соли оянда қарор аст, дар ноҳия даҳҳо  муассисаҳои томактабии нав бунёд карда шаванд. 
Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумат буда, талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таълим гирифта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд. 

Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсобод
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Шамсободи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бунгоҳи тиббӣ дар як ҷойи ноободи деҳа аз ҳисоби буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва иштироки фаъоли сокинон бунёд ёфт. Баъди аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани иншооти соҳаи тандурустӣ, дар ин ҷо 15 нафар соҳиби кори доимӣ гашт. Бунгоҳ аз ҳафт ҳуҷра ва қабулгоҳ иборат буда, дар он шуъбаҳои таваллуд, хатна, табобати дандон, таҳлилгоҳ, сӯзангузаронӣ ва ҳуҷраи духтури тибби оилавӣ мавҷуд аст.
Тавре иттилоъ дода шуд, бунгоҳ дар масоҳати наздики як гектар бунёд гардида, ба 4500 нафар сокини деҳаи Шамсобод хизмати  муосири тиббӣ мерасонад.
Қаблан, сокинони деҳа ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти вилоят рафта, аз ташхис гузаштаву табобат мегирифтанд, акнун ба шарофати дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилоти онҳо ҳалли худро пайдо кард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба мардум ва муомилаву муносибати хуб ба беморон ҳидоят намуданд.

Корхонаи парандапарварии ҶДММ «Саховат»
30-юми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии комплекси агросаноатии ҶДММ «Саховат»-ро ифтитоҳ карданд.
Корхона ба хотири саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҷиҳати истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкор Ҳалимбой Каримов таъсис ёфт. Иқтидори корхона парвариши 80 ҳазор сар мурғ буда, дар як шабонарӯз дар он 65 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Зарфияти истеҳсолӣ дар ин корхона устувор буда, қарор аст, дар оянда нигоҳубини 130 ҳазор мурғ ба роҳ монда шуда, дар як шабонарӯз 110 ҳазор дона тухм ба даст оварда шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор ҷиҳати таъсиси корхонаи парандапарварӣ баҳои баланд дода, ба масъулон дастур доданд, ки бобати рушди бештари соҳа имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолиро васеъ истифода намуда, ҳамаи зинаҳои парандапарвариро дар истеҳсолот дурусту мақсаднок ба роҳ андозанд. Масоҳати корхона як гектарро ташкил дода, дар он фаъолияти се мурғхона ва як коргоҳи чӯҷабарорӣ ба роҳ монда шудааст. Аҳли заҳмати корхона ба парвариши мурғҳои хушзот бо назардошти ба иқлими маҳал ва ба бемориҳои гуногун мутобиқ буданашон, бартарӣ медиҳанд. Зимнан, дар ҳудуди фабрика коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ фаъолият дорад, ки ба коркарди ашёи хом машғул мебошад. Дар фабрикаи парандапарварӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин аст. Дар доираи корҳои сабзу хуррамгардонии муҳити атроф, дар ҳудуди комплекси агросаноатӣ дар масоҳати муайян гармхонаҳо ташкил гардида, гулҳои мавсимӣ парвариш мешаванд. Дар онҳо 15 нафар, асосан занон, бо кор таъмин шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия доданд, ки масоҳати гармхонаҳо на танҳо барои гулпарварӣ, балки ҷиҳати парвариши дигар намуди маҳсулот васеъ истифода бурда шавад.

Фермаи парвариши чорвои зотӣ
30-юми март дар идомаи сафари корӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии ҶДММ «Саховат» шинос шуданд.
Фермаи парвариши чорвои зотӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳалимбой Каримов бунёд гашта, мақсад аз он, нигоҳубини навъҳои хушзоту сермаҳсули чорвои калон мебошад. Иттилоъ доданд, ки дар ферма 100 сар гови зотҳои «сементал» ва «голштейн» нигоҳубин мешавад. Фермаи ширӣ дар масоҳати 3 гектар бунёд ёфта, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Аз чорвои калони ширдеҳ, ки теъдодаш ба 50 сар мерасад, ҳар шабонарӯз бештар аз 1 тонна шир медӯшанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба имкониятҳои фаровони минтақа, дастур доданд, ки теъдоди чорвои зотӣ дар ҳудуди комплекси агросаноатӣ зиёд ва роҳу василаҳои таъмини афзоиши истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво пайдо карда шавад. Нигоҳубини чорво дар ин ферма, ки дар муддати кӯтоҳ ташкил гардидааст, бо тариқи замонавӣ ба роҳ монда шуда, технологияи муосир аз давлатҳои хориҷӣ харид ва насбу васл гардидаанд.
Наслгирӣ дар мавсими ҷорӣ хуб буда, аҳли заҳмат барои парвариши чорвои навзод ҳамаи имкониятҳоро мақсаднок истифода карда, нигоҳубини гӯсолаҳоро тибқи технология ва меъёрҳои муосири чорводорӣ ба роҳ мондаанд. Ферма дар асоси барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалисозии стратегияи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ, хушзоткунии чорво ва воридоту ба иқлими минтақа мутобиқ сохтани зотҳои сермаҳсул таъсис ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон зикр карданд, ки дар шароити имрӯза танҳо парвариши чорвои зотӣ имкон фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ бо гӯшту шири босифати аз лиҳози экологӣ тоза таъмин бошад. Таъкид гардид, ки тибқи супориши Ҳукумати мамлакат рушди бахши чорводорӣ, омӯзиши таҷрибаи муосир дар ин самт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла беҳтарсозии зоти чорво ва афзоиши маҳсулнокӣ, беҳсозии фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, пешгирии коҳишёбии саршумори чорвои зотӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини пешрафти ин бахши соҳаи кишоварзӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад.
Роҳбарияти комплекси агросаноатӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ояндаи наздик теъдоди говҳои ҷӯшо дар ферма то ба 400 сар расонда мешавад. Барои таъмини ин нишондод ҳамаи имкониятҳо фароҳаманд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти фермаи парвариши чорвои зотии ҶДММ «Саховат», Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аҳолии кишварро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом таъмин менамояд. Аз ин хотир, Ҳукумати кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда, барои афзоиши саршумори чорво аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурданро тақозо мекунад.
Зимнан, хоҷагидоронро зарур аст, ки аз имтиёзу дастгириҳои давлатӣ самаранок истифода бурда, рушди ин соҳаи сердаромадро таъмин созанд.

Санаи нашр: 01.04.2025 №: 63