НАВРӮЗИ АҶАМ ТУ ҶАШНИ МИЛЛАТ ҲАСТӢ!

01 апрел 2025, Сешанбе
14


Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун Ҷашни фархундаи Наврӯз куҳантар нест. 
Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон буда, аз замонҳои қадим марҳалаи зиёди пурпечутобро гузашта, то замони мо расидааст. Ҷашни бузурги Наврӯз ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун буда, тули таърих андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, ки мо инро, пеш аз ҳама, дар мисоли ҳаммонандии маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар мардумони Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.
Доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, маълумоти мустақиму пурмазмуни фаровон оварда шудааст. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд». 
Ин маънӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ ба назар мерасад: “Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури Офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин воқеаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва онро “рӯзи нав” номиданд, ки ба 1-уми моҳи ҳамал (21-уми март) рост меомад”.  
Яъне, аввалин шахсе, ки ин идро ҷашн гирифтааст подшоҳи ориёиҳо бо номи Ҷамшед буд ва ӯро ҳамчун асосгузори ин арзиши фарҳангии мардуми тоҷику форс ё кулли мардуми ориёнажод медонанд. 
Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд. Ин ҷашни миллӣ фарорасии баҳори нозанинро мужда медиҳад. Дар ин айём табиат, пас аз сардиҳои зимистон, аз нав эҳё шуда, ба тан либоси сабзро ба бар менамояд. Деҳқонон ба кишту кор машғул шуда, бо ҳазор орзуву умед ба замин донаи гандум мепошанд, то ин ки, соли нав соли пурфайзу баракат шавад. Яке аз анъанаҳои иди Наврӯз ин аст, ки кӯдакону наврасон бо шавқу ҳаваси идона либосҳои ҷашнӣ ба бар намуда, Наврӯз омадгӯён меболанду шодиву сурур менамоянд. 
Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо бо шукӯҳу шаҳомоти хосса яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиву хештаншиносии мо хоҳад буд. Аз Наврӯзи ҳазораи нав мардуми тоҷик умеду орзуҳои зиёд доранд. Бигузор, ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои мардуми мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори нек ва сулҳу салоҳ биёрад:

Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод!
Фасли гули нор омад, Наврӯз муборак бод!
Рӯзу шаби мо бо ҳам ин лаҳза баробар шуд!
Ҳам авҷ ба кор омад, Наврӯз муборак бод!

Меҳриддин ХОЛОВ, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Санаи нашр: 01.04.2025 №: 63