«ДАР САРГАҲИ ХАЗИНАИ АМУДАРЁ». ТАЙИ СЕ РӮЗ ДУШАНБЕ МИЗБОНИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАРӢ БУД
Тантанаҳои Наврӯзии имсола аз қалби Тоҷикистон – Душанбешаҳр басо бошукӯҳ оғоз ёфта, танини он аз тамоми шаҳру рустои кишвар ба гӯш расид. Ҳама ҷо сухан аз ҷавонӣ, зебоӣ, бахшандагиву меҳрубонӣ буд. Дар радифи чорабиниҳои гуногуне, ки гузаштанд, Форуми байналмилалии заргарӣ таҳти унвони «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» бори аввал дар Тоҷикистон меҳмонони зиёде аз Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Россия, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, инчунин, намояндагони Иттиҳоди Аврупою Шарқи Наздикро ба пойтахти кишвар овард. Рӯзи баргузории Форум дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» ҳамаро бо чеҳраҳои хандон ва таассуроти нек дарёфтем, ки шефтаи Наврӯзи диёр гардида буданду роҳандозии ин чорабиниро як қадами бисёр ҷиддӣ дар рушди санъати заргарии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа арзёбӣ менамуданд.
ХАЗИНАИ АМУДАРЁ – НАМУНАИ БАРҶАСТАИ ҲУНАРИ ЗАРГАРИИ ТОҶИКОН
Дар оғози Форум сухани ифтитоҳиро Лилия Рах, коршиноси соҳа, асосгузори империяи мӯд ва барандаи барномаи “Модный приговор”-и шабакаи якуми Россия, ба муовини аввали Сарвазири мамлакат Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дод. Ба таъкиди ӯ, санъати заргарӣ дар Тоҷикистон аз меросҳои ғании таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, баргузории он ба рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯз рост омадааст, ки бисёр рамзӣ мебошад. Яке аз одатҳои наврӯзӣ ин аст, ки мардум либоси идона ба бар карда, бо зару зевар худро оро медиҳанд ва ба сайри наврӯзӣ мераванд. Ба ин хотир, санъати заргарии мардуми мо дар тули ҳазорсолаҳо рушд ёфта, имрӯзҳо ба туфайли сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва равнақи тоза касб кардааст. Қадимтарин намунаҳои маҳсулоти заргарӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудаанд, аз собиқаи чандинҳазорсолаи ин ҳунар шаҳодат медиҳанд. Заргарони тоҷик бо маҳорати коркарди тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо маъруфанд.
“Коллексияи заргарии мо дар осорхонаҳои пешрафтаи дунё, аз қабили Осорхонаи Виктория ва Алберти шаҳри Лондон, Осорхонаи мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, Осорхонаи Метрополитен дар шаҳри Ню-Йорк ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нафар аз дидани санъати Шарқ ҳаловати маънавӣ мебаранд. Хазинаи Амударё, ки мавзуи Форуми имрӯза асту дар Британияи Кабир нигоҳдорӣ мешавад, намунаи барҷастаи ҳунари заргарии тоҷикон мебошад”, – илова кард Ҳоким Холиқзода.
ҲАДАФ: ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРОН БАРОИ ҲАМКОРӢ
Иштирокдорони Форум ба масъалаҳои татбиқи технология ва рушди инноватсия дар соҳа мароқ зоҳир намуда, барқарор кардани робитаҳоро миёни ширкатҳое, ки дар самти саноати маъдан ва заргарӣ фаъолият менамоянд, зарур донистанд.
Дар намоишгоҳи Тоҷикистон, ки дар доираи Форум баргузор гардид, дастовардҳои санъати заргарии тоҷик ва маҳсулоти заргарии корхонаҳои ватанию хориҷӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Ҳамин тариқ, интизор меравад, ки минбаъд таваҷҷуҳ ба саноати заргарӣ боз ҳам афзуда, лоиҳаҳои нав мавриди амал қарор мегиранд.
ДУ НАЗАРИ ХОС ДАР ШИНОХТИ ЗАРГАРИИ ТОҶИКОН
Лилия Рах пеш аз оғози чорабинӣ аз ин иқдоми ҷониби мо гарм истиқбол намуда, гуфт, ки дар санъати мӯд боигариҳои этникӣ нақши асосиро мебозанд. Ҳар касе, ки чунин дороиро дорад, дар олами муосир пешсаф аст. Санъати заргариро дар Тоҷикистон бо махсусиятҳои худаш дарёфтам ва ҳар чи дар ин ҷо мебинам, бароям ҷолиб аст. Тоҷикистон ибтикори хуберо пеш гирифт, ки ман ташаббускорони онро самимона табрик мегӯям. Шумо, воқеан, санъати баланд доред: чи дар заргарӣ чи дар дигар самтҳо. Ин дар ҳар қадам ба назар мерасад. Дар нигоҳи аввал инро дар лолазорони Душанбе мушоҳида кардан мумкин аст, ки шабеҳи қолин дар роҳҳо густурда шудаанд.
Пажӯҳишгар Зарина Умарова аз таърихи қадимаи заргарӣ дар мамлакат сухан кард: “Мо, ҳақиқатан ҳам, дар ин ҷода таърихи бой дорем, ки он ба санъати заргарии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз он таъсири амиқ расондааст.Баргузории Форум бошад, бисёр саривақтист, зеро ин ҷо аз ҳунармандону тоҷирон сар карда, то олимону сармоягузорон ҷамъ омадаанд, ки муколамаҳои судманд сурат мегиранд.
Хуб мешавад агар дар оянда ба содироти маҳсулоти заргарӣ бештар таваҷҷуҳ намоем, зеро барои ин захираву шароит дорем”.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.04.2025 №: 63