ТАНИНИ ДӮСТӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН. БАРДОШТ АЗ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БИШКЕК

02 апрел 2025, Чоршанбе
7


Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Қирғизистон пайгирӣ мекунаму аз садо додани вожаҳои дӯстии дерина, сулҳ, осоиштагӣ, ба ҳам омадани мардумони ду кишвар, кушода шудани тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ шоду масрур мегардам. 

Имрӯз дар ҷое, ки қаблан садои тир баланд буд, оҳанги дӯстӣ тантана дорад.  Мо – тоҷикистониён, бори дигар шоҳиди он мегардем, ки Сарвари хирадманди мо бо фарҳанги сулҳовари худ нуфузи давлату миллати соҳибистиқлоли моро дар олами сиёсат неруи тоза мебахшанд. Аз ин меболему бо шоир Рудобаи Мукаррам ҳамовоз мешавем: 
Бо сулҳ рӯзгори хушу дилнишин кунем,
Ӯро нигини дилкаши ангуштарин кунем.
То ҷойи ӯ ба сина бувад, зиндагӣ хуш аст,
Ӯро ба ҷои хашму ғазаб ҷогузин кунем. 

САДОИ ДӮСТӢ БА ГӮШ МЕРАСАД 
Басо рамзист, ки дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дари мо ба рӯи ҳамсояи дерин дубора боз шуд. Дар остонаи таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ кушода шудани сарҳади давлатӣ низ рамзу рози худро дорад, ки аз мардуми наврӯзоин будани мо башорат медиҳад. Зеро Наврӯз худ рамзи пирӯзии равшанӣ бар зулмот асту талқингари дӯстиву рафоқат миёни инсонҳо. 
Танини Наврӯз имрӯз аз шимоли Тоҷикистон бештар ба гӯш мерасад: мардуми ду давлат – Тоҷикистону Қирғизистон дар марз парчами дӯстиро парафшонӣ доранд; бо чеҳраҳои кушода, бо табъи болида; пирони рӯзгор даст бар дуо мебардоранд барои осоиштагии ҳамешагӣ, барои рифоҳи мардум; дилҳо ба тапиш меоянд, аз дидани суруру шодии халқ, аз хатм ёфтани моҷарову нофаҳмиҳо. 
Бале, ҳамин гуна хуш аст ба тавофуқ расидан, сулҳ кардан, мардуми решапайвандро боз ба ҳам овардан. Марде имрӯз пас аз чор сол ба дидори духтару наберааш расид. Чӣ чиз метавонад барои ӯ аз ин дида шодиовартар бошад? Ва ё Раҳимова Дилбар ном зани кушодачеҳрае писари тағои худро бо пайвандонаш истиқбол гирифтаву ба сарварони ду кишвар номаи сипос мерасонад: «Ҳам хушбахт ҳастаму ҳам хурсанд. 6 сол аз ҳамдигар ҷудо будем. Раҳмат ба Пешвои миллатамон ва ҳам Сарвари кишвари Қирғизистон», – мегӯяд ӯву аз шодӣ гул-гул мешукуфад. 

ПАЙКИ НЕКИ САФАР 
Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷараёни ин сафар натиҷаҳои зиёде ба даст омаданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз музокироти сатҳи олии роҳбарони ду давлат, дар изҳороти матбуотии хеш бо арзи сипос аз меҳмоннавозиву истиқболи самимии ҷониби ҳамсоя, аз имзо шудани санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мужда доданд. 
Ҷонибҳо ба тавофуқ   расидаанд, ки Комиссияи байниҳу-куматӣ оид ба баррасии маҷмуии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ба Шурои байниҳукуматӣ табдил дода шавад. Ҳамчунин, зарурати таъсиси Комиссияи муштараки хоҷагии обро махсус таъкид карданд. 
Ҳамзамон, Сарвари давлат паём доданд, ки дар арафаи таҷлили иди Наврӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд имзои Шартнома байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оид ба пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Яъне, ин сафар пайванди моро бо ду ҳамсояи наздикамон – Қирғизистон ва Ӯзбекистон боз ҳам қавитар мегардонад, ки дар маҷмуъ, барои рушди иқтисодии кишвар низ бисёр муҳим мебошад. 

ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ: «АЗ ТОҶИКИ БУЗУРГ ДИГАР ЧИЗРО УМЕДВОР ШУДАН ҲАМ НАШОЯД»
Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯзҳои аввал ба мо пайки хуш медиҳад: чуноне аввалин парвоз 14-уми марти соли равон дар масири Душанбе – Бишкек сурат гирифт, ки минбаъд ҳафтае як – ду маротиба роҳандозӣ хоҳад гардид.
Аз натиҷаҳои мусбати бадастомада на танҳо мо – мардуми тоҷик, балки кулли ҷаҳон хурсанд аст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз аввалинҳо шуда, роҳбарони ду кишварро барои ин созиши таърихӣ шодбош гуфт. 
Он чӣ ба даст омад самари таҳаммулпазириву дурандешиҳост, вагарна кӣ медонад боз чанд соли дигар ин моҷаро давом мекард? Аз ин рӯ, дар қатори ҳазору як корнома имрӯз дар китоби фарҳанги сулҳоварии Сарвари давлат саҳифаи наве зам гашт, ки барои имрӯзиёну ояндагон маншаи сабақомӯзист. Ҷояш аст, ки суханони пурҳикмати нависандаи шаҳири қирғиз Чингиз Айтматовро таъкидан ёдрас кунем: «Танҳо сулҳу осоиштагӣ, амонию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон Эмомалӣ Раҳмонро  ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузург дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд». 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 02.04.2025 №: 64