ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СЕ БАРОДАР, СЕ СИРИШТИ ҲАМДИЛУ ҶОН

СЕ БАРОДАР, СЕ СИРИШТИ ҲАМДИЛУ ҶОН

02 апрел 2025, Чоршанбе
6
0
Ба андешаи мо, яке аз падидаҳои хубу қаноатбахшу бобарор ва дурбинона дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини расидан ба истиқлоли давлатӣ такя ба хиради миллӣ, расму ойинҳои халқӣ буд. Роҳандозии чунин сиёсат буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози бунёди давлати навини худ сиёсати дӯстӣ ва “дарҳои кушода”-ро пеш гирифт. 
Дар асоси чунин сиёсат, миллати мо дар тули таърих ҳамчун миллати хирад шинохта шудааст, на миллати ҷангҷӯву пархошгар. Фалсафаи чунин сиёсат, яъне, сиёсати дӯстиву бародариву инсонпарастӣ, пеш аз ҳама, дар осори бузургони илму адаб, нобиғагони оламшумул таҷассуми дурахшон дорад. Ҳанӯз сатрҳои беназири устод Рӯдакӣ асрҳо боз шиори муҳаббату дӯстии инсонҳои рӯи замин гардида:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон 
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон!
Баъдан, дар осори тамоми адибони номдори мо ситоиши дӯстӣ ва мазаммати душманӣ ҳамеша вирди забон буд. Оре, халқи мо ҳамеша дар замини эътиқоду эътимоди ҳастии худ дарахти дӯстӣ мешинонду мепарварид ва ниҳоли душманиро бармеканд. То боғу роғу водиҳои сарзамини мо ҳамеша сарсабзу гулафшон ва борвар бошанду меваҳои лазизи муҳаббат ба бор оранд. Ин дарахти дӯстие, ки тули асрҳо дар сарзамини ҳикмату андарзи дунё ба сокинони башар меваҳои шаккарин медод, пас аз расидан ба истиқлоли давлатии кишвар, пас аз эҳёи дубораи ин сарзамини куҳанбунёду фарҳангпарвар боз ҳам нумӯи тоза  ёфтаву бештар аз ҳар вақти дигар файзафшон шуд.
Файзу самари ин дарахти пурбаракатро дар тули даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамарӯза эҳсос мекунем. Аммо, ахиран шукуфоии ин дарахти бахосиятро мо дар мисоли тантанаи дӯстии ду халқи ҳамсояву бародар –  қирғизу тоҷик хеле бармало дидем. 
Аслан, банда солҳои охир, вақте ки баъзе низоъҳои аз ҷониби нохайрхоҳон таҳмилшудаи душманонамонро дар сарҳад медидам, борҳо андешидаам, ки Сарвари кишвари тоҷикон, Пешвои муаззаме, ки таҷрибаи сулҳу оштиро дар рӯзҳои вазнинтарини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тавонист роҳандозӣ кунад, пайваставу ҳакимона метавонад тадбирҳое ёбад, ки пеши роҳи ин низоъҳои ба  ҳар ду миллат зиёноварро низ бигирад. Хушбахтона, банда дар ин андешаи худ хато накарда будам.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар воқеан, ба иди дӯстиву бародарии ду миллати ба ҳукми қисмат ҳамсоя табдил ёфт. Оре, хиради ду сарвари оқил Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров сабабу асос шуд,  ки ниҳоли зиёновари душманӣ аз полизи дӯстии мо барканда шавад. Мо шоҳиди ашкҳои хурсандии сокинони ҳар ду ҷониб дар рӯзи тантанаи ифтитоҳи роҳи нави дӯстӣ гардидем. Оё ин ҳазорон бор беҳтар нест аз хусумату кинаварзиҳое, ки фоҷиаҳои хунин ва харобиҳои бемаънӣ ба зиёни ҳар ду миллат ба бор меоранд!?
Пешвои миллати мо, ки худ яке аз эҳёкунандагони маросимҳои миллӣ ва ҳунарҳои халқӣ мебошанд ва суннатҳои Наврӯзи Аҷамро хуб медонанд, маҳз  дар рӯзҳои тантанаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ сарварони ду кишвари ҳамсояву дӯст – Ӯзбекистон ва Қирғизистонро барои иштирок дар ин ҷашн ба Тоҷикистон даъват карданд. 
Мо аминем, ки расми хуби тоҷикон дар ҳамоҳангӣ бо  ҳадафҳои неку сулҳпарваронаи сарварони кишварҳои ҳамсоя  ва суннатҳои башардӯстонаи Наврӯзи Аҷам як ҳавою муҳити неки ягонаи сулҳу дӯстӣ ва бародариро дар минтақаи мо ба вуҷуд меоранд ва барои зиндагии шукуфову хушбахтонаи халқҳо заминаҳои қавӣ мегузоранд.   
Ҳоло  шеъреро, ки ба муносибати тантанаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбеку қирғиз суруда шудааст, тақдими хонандагони арҷманд менамоем:
СЕ БАРОДАР ДАР РАҲИ ИХЛОСУ ИМОН
Се бародар, се сиришти ҳамдилу ҷон,
Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон.
Се чамони сабз, се боғи шукуфон,
Ӯзбекистон, Қирғизистон,Тоҷикистон. 
Се ҷавонмарде, ки дар паҳнои гетӣ 
Ҷавшани ҳамдигаранд аз роҳи паймон,
Се сарафрозе, ки дар минои ҳиммат
Қуллаҳо доранд то домони кайҳон,
Се муҳаббат, се садоқат, се саодат,
Қирғизистон,Тоҷикистон, Ӯзбекистон. 
Бар ба бар, паҳлу ба паҳлу, китф бар китф,
Бо ҳаманду  бораи шаънанду имон.
Дар паноҳи ҳамдигар бо амри қисмат,
Дар дифои ҳамдигар бо амри виҷдон.
Гашта ҳамдил гашта ҳамхун, гашта ҳамҷон, 
Посдори  расму ойини  ниёкон.
Ин ҳавои меҳр бодо меҳрафшон!
Ин дарахти дӯстӣ бодо шукуфон!
Боҳаму ҳамаҳду ҳамдину ҳамимон,
Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон!
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 02.04.2025 №: 64
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив