ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ, ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МИНТАҚАИ РАШТ НАҚШАРО ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО КАРДАНД

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ, ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МИНТАҚАИ РАШТ НАҚШАРО ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО КАРДАНД

03 апрел 2025, Панҷшанбе
11
0


Маъракаи даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз гардида, дар рӯзи аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои пурраи нақша хабар доданд.
Маросими гусели ҷавонони синну соли даъват ба Артиши миллӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар фазои тантанавӣ доир гашт. Аз ҷумла, дар ин рӯз бо иштироки васеи даъватшавандагон аз чаҳор ноҳияи пойтахт дар Муассисаи давлатии “Амфитеатр”-и пойтахт чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” бо шукӯҳи хос баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар ҷараёни ин чорабинии тантанавӣ, ба даъватшавандагоне, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид. Пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби санъаткорони саршинос ба ҷавонон руҳияи баланд бахшида, чунин як рӯзи таърихӣ дар хотири онҳо боқӣ хоҳад монд.
Оғози бошукӯҳ ва ҷараёни хуби мавсими даъват аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони худогоҳу ватандӯсти тоҷик бо амри дил хидмати ҳарбиро ихтиёр намуда, ба ҳифзи марзу буми Ватан бархостаанд. Натиҷаи омории даъват ва гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ гувоҳи он аст, ки воқеан сафи ихтиёриён афзуда, мавридҳои саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дар ҳоли аз байн рафтан аст. Дар рӯзи аввали даъват пурра ва бо сифат анҷом шудани нақшаи даъват дар вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақи Рашт далели ин амр аст.
Хабарнигорони минтақавии “Ҷумҳурият” чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда”-ро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат пайгирӣ намуданд. Аз ҷумла, Зокир Ҳасан, хабарнигори рӯзнома дар вилояти Хатлон хабар дод, ки ба муносибати “Рӯзи даъватшаванда” дар маркази вилоят шаҳри Бохтар роҳпаймоии идона ва чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд. Ба иттилои ӯ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими бошукӯҳи гусели наваскарон, ки дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор шуд, аз изҳори иродаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тавсиф кард. 
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун мавсимҳои гузашта, ки аз соли 2018 ба ин сӯ идома дорад, ин навбат низ дар рӯзи аввал нақшаи даъват иҷро гардид. Тибқи иттилои Раҳмони Гулзор, хабарнигори “Ҷумҳурият” дар ВМКБ, ба ин муносибат дар шаҳри Хоруғ роҳпаймоии оммавӣ бо иштироки васеи афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, даъватшавандагон, кормандони идораву муассисаҳо, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Омӯзишгоҳи тиббии шаҳр, собиқадорони меҳнат баргузор гардид. 
Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, зимни суханронӣ дар маросими тантанавии гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ аз он ки давоми ҳафт соли охир ВМКБ аввалин шуда нақшаи даъвати ҷавононро иҷро мекунад, истиқбол намуд.
Маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар минтақаи Рашт субҳи 1-уми апрел дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид. Панҷ ноҳияи минтақа – Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт дар ин рӯз аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.
Худодод Зайниддин, хабарнигори мо дар минтақа, иттилоъ дод, ки дар маросими тантанавии гусел раисони ноҳияҳо, намояндагони Вазорати мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро ба хизмати содиқона ба Ватан гусел карданд. Дар ин маросим ба ҷавононе, ки курси ронандагиро дар  Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» хатм кардаанд,  шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурида шуд.
Раиси ноҳияи Рашт Заррина Идизода таъкид намудааст, ки «мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки хизмат ба Ватан, ин хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд Ватанро баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимояву ҳифз намоем. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».
Дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар фазои тантанавӣ оғоз гардида, муташаккилона идома дорад. 

Фирӯз РАҲМОНИЁН, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2025 №: 65
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив