ТАРБИЯИ КӮДАК Ё ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР КАМОЛОТИ АХЛОҚИВУ МАЪНАВИИ НАСЛИ ОЯНДА ЧӢ НАҚШЕ МЕТАВОНАД ДОШТА БОШАД?

10 апрел 2025, Панҷшанбе
18
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи насли наврас мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад, ки бесабаб нест. Зеро, ҳамон тавре таъкид мешавад, ояндаи давлату миллат аз ҷавонони ҳушманду босавод вобаста буда, ба ибораи маъмул, онҳо ояндасозони Ватан хоҳанд буд.
Албатта, таълиму тарбияи насли ояндасоз ва таҳсилдида дар доираи арзишҳои миллӣ ва башарӣ амалӣ мегардад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар иҷрои ин амр замина фароҳам кардааст. Қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ иқдоми саривақтӣ ва дурбинонае буд, ки дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои самарбахш ба бор овард ва нигоҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаи ҳаётан муҳими таълиму тарбияи насли наврас ба куллӣ тағйир дод. Қонуни мазкур метавонад ба тамоми субъектҳои таълиму тарбияти насли наврас ҳамчун як дастури роҳнамо хидмат намояд.
Имрӯз барои тарбияи сазовори насли наврас дар кишвар тамоми шароит ва заминаҳо муҳайёст. Мактабҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир, китобхонаву толорҳои варзишӣ. Дар умум, давлат барои тарбияи арзандаи фарзандони мо тамоми шароити лозимаро фароҳам овардааст ва имкониятҳо сол ба сол бештару беҳтар мешаванд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бисёр муҳим аст, ки аҳли ҷомеа, махсусан падару модарону муаллимон ва кормандони дигар ниҳодҳои масъул нахуст бо матни Қонуни мавриди назар, шинос гарданд ва сипас онро сармашқи кору зиндагии ҳаррӯзаи хеш қарор диҳанд. Барои чӣ сармашқ? Барои он ки ҳеҷ фарди ҷомеа, новобаста аз мақому мартаба ва сатҳи донишу маърифаташ, наметавонад ва ҳуқуқи маънавӣ низ надорад, ки масъулияти тарбияи фарзандро аз сари худ соқит намояд. Баръакс, аз бузургтарин корҳое, ки инсон дар ҳаёт анҷом дода метавонад, тарбияи фарзанди солиму бомаърифат аст. Борҳо шоҳид будем, ки як шахси барӯмандро фарзанди нохалафаш чи гуна сарафканда мекунад, ҳамчунин шунидаем, ки як нафари одиро фарзандаш чи тавр соҳибмартабаву соҳибэҳтиром мегардонад. Ин мисолро метавон дар мавриди мактабу омӯзгор ва маҳалу ҷомеа низ ба кор бурд. Омӯзгороне ҳастанд, ки шогирдон номи онҳоро вирди забонҳо кардаву бар ивази заҳматҳояшон ба онҳо иззату ҷойгоҳи шоиста армуғон кардаанд ва ҳамеша дар зиндагӣ дастгирашон гаштаанд. Дар ин баробар, муаллимоне ҳастанд, ки аз пушти шогирдони ҷоҳил дучори санги маломатанд. Ҳар маҳал, деҳа, шаҳр ва, ҳатто кишварро низ, бо номи шахсиятҳои бузургаш мешиносанд. Шахсиятҳое, ки дар он таваллуд шудаву камол ёфтаанд. Вақте Хуҷанд мегӯем, баъди садсолаҳо низ нахуст номи Камол ба хотир меояд. Кангурт ҳам пеш аз ҳама зодгоҳи Ҳоҷӣ Ҳусайн аст. Шероз барои аҳли назар азиз аст, танҳо аз он рӯ, ки зодгоҳи Ҳофизу Саъдист.
Махсусан дар замони мо, ки аз ҳар сӯ мавҷи фитнаву дасиса мехезад, бояд аҳли ҷомеаи ҳар шаҳру деҳа, тамоми муассисаҳои таълимии миёнаву умумӣ ва албатта, ҳамаи падару модарон худро дар таълиму тарбияти насли наврас баробар муваззафу масъул бидонанд ва ин амрро чун қарзи инсониву виҷдонии хеш бипазиранд. Чунки рушду пешрафт ва ҳифзи истиқлоли комили Ватани маҳбубамон якест: таваҷҷуҳи доимиву ҷиддии ҷомеа, мактаб ва волидон ба таълиму тарбияи насли наврас. Ҳар тифл ё дар хона, ё дар мактаб ва ё дар кӯчаву дар иҷтимоъ вақти худро мегузаронад ва зеҳнаш мисли коғази сафеди холист, ки бо мурури замон аз мушоҳидаву бардоштҳояш пур мегардад. Агар дар хона тарбияи хуб гираду дар мактаб на, тарбия нокомил аст ва ҳам агар дар хонаву мактаб тарбияи хуб гираду дар маҳалу кӯча на, тарбияташ халалдор мегардад. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мафҳуми «тарбия» ҳамчун «раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ» маънидод гардидааст.
Воқеан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дастури роҳнамоест, ки беҳтарин роҳи эҷоди муносибат ва ҳамбастагии шоиста миёни волидон, мактаб ва ҷомеаро ба мо нишон медиҳад. Падару модаре, ки бо матни Қонун ошно нест, муаллиме, ки ин санади ҳуқуқиро ҳифз накардааст ва аҳли ҷомеае, ки барои татбиқи талаботи он талош намеварзанд, ба ояндаи худ бепарвоӣ зоҳир кардаанд ва бо ин кор теша бар решаи худ мезананд.
Омӯзгорон дар навбати худ ҷиҳати ҳамбастагии фаъолият бояд барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдак ба падару модар ва мақомоти давлатии дахлдор муроҷиат кунанд, волидонро ба ҷаласаҳо вобаста ба тарбияи кӯдак даъват созанд, донишомӯзӣ ва иштироки кӯдаконро дар раванди таълим назорат карда, бо падару модарон ҳамкорӣ намоянд, дарсҳои кушода ташкил карда, падару модаронро ба онҳо ҷалб кунанд.
Дар ҳақиқат, таълиму тарбияи сазовори кӯдакону наврасон бе фаъолияти якҷоя ва мақсадноку ҳамоҳангшудаи хонавода, мактаб ва ҷомеа ба ҳеҷ ваҷҳ муяссар намешавад. Аз ин рӯ, на танҳо муаллимону падару модар, балки ҳар кадоми мо ва ҳар рӯз дар бораи кӯдакон, дар бораи ояндаамон биандешем ва барои фардо аз имрӯз пойдевори мустаҳкаму санҷида бигузорем. Набояд фаромӯш кунем, ки тарбияи кӯдак масъулияти тамоми ҷомеа аст.
Диловар САФАРЗОДА,
сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.04.2025 №: 68