АГЕНТИИ СОДИРОТ. АЗ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТО АФЗОИШИ ГАРДИШИ САВДОИ ХОРИҶӢ

10 апрел 2025, Панҷшанбе
20

Директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, ки Агентӣ фаъолияташро дар самти иҷрои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба роҳ монда, баҳри рушди содироти молу маҳсулот, хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби харидорон, шарикони тиҷоратии боэътимод чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ба маълумоти ӯ, соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба 57 мамлакати хориҷӣ молу маҳсулот фурӯхта шуд. Дар давраи мавриди назар гардиши савдои хориҷӣ ба таври назаррас афзуда, ба 8 миллиарду 955 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли пеш 626,1 миллион доллар зиёд мебошад. Аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи як миллиарду 600,2 миллион доллар маҳсулот, бе назардошти металлҳои қиматбаҳо, содирот шуд, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 292,6 миллион доллар бештар аст. Дар ин давра номгӯйи маҳсулоти ватанӣ ва ҳам мамлакатҳое, ки ба онҳо молу маҳсулот содирот мешаванд, рӯ ба афзоиш дошт.

Содироти маҳсулоти саноатӣ, бе назардошти металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо низ 284 миллион доллар зиёд гардида, ба як миллиарду 543,5 миллион доллар расид. Инчунин, ба маблағи 56,7 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид, ки аз нақша зиёд аст. Агентӣ бо хоҷагидорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади талаф наёфтани маҳсулоти тару тоза, зиёд намудани ҳаҷми содироти меваи хушк пайваста кор мебарад, ин аст, ки содироти хушкмева соли гузашта нисбат ба соли 2023 ба маблағи 2,2 миллион доллар ё 7,3 дарсад афзуд.
Аз нигоҳи самаранокии иқтисодӣ коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои захира, бандубаст, пешгирӣ аз талафёбӣ ва бо арзиши баланд ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот гардидани он бартарият дошта, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Агентии содирот соли сипаришуда харитаи содироти ҷумҳурӣ васеъ ва гуногуншаклии маҳсулоти ватании ба содирот нигаронда таъмин гардид.
Соли 2024 Агентӣ бо роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ширкатҳои дохиливу хориҷӣ вохӯриҳо намуда, масъалаҳои тақвияти фаъолият дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои содиротӣ, ташкили марказҳои содиротӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар самти содироти маҳсулоти ватаниро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар доираи вохӯриҳо бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои Чин тавассути механизми мусоидати шарикони рушд мулоқоту гуфтушунидҳо бо ҷонибҳои дахлдор баргузор гардиданд. Дар натиҷа, Бонки ҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ ҷиҳати таҳия ва амалисозии нақшаҳои оянда баҳри рушди содироти меваҳои тару тоза, аз ҷумла лимӯ, гелос ва ангур, ба Чин бо истифода аз имкониятҳои тиҷорати электронӣ иброз намуд. Тибқи дархости Чин, таснифоти сифатии маҳсулоти ба содирот нигарондашудаи истеҳсолкунандагони ватанӣ ба ҷониби онҳо пешниҳод гардида, пас аз дастрас намудани хулоса оид ба сифати маҳсулоти зикргардида, содироти маҳсулот оғоз мегардад.
Зимни вохӯрӣ бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҷонибҳо оид ба самтҳои ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда дар пешбурди лоиҳаи нави Барнома оид ба рушди содирот ва такмили таҷриба дар Финляндия вобаста ба самтҳои нигоҳдорӣ, диверсификатсия ва бандубасти маҳсулоти содиротӣ, хизматрасониҳои маркетингиву логистикӣ ва тақвияти иқтисодиёти рақамӣ бо мақсади рушди содирот ба тавофуқ расиданд. Ҳоло тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди содирот, ташкили портали содирот, ташкили сафарҳои корӣ, дастгирии субъектҳои содирот ва муҳайё намудани шароит барои пешбурди фаъолияти онҳо амалӣ гардида истодааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ байни КВД “Тоҷагропроэкспорт”-и Агентии содирот ва ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, “Ютеер”, “S7” ва “Ал Ҷазира” санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории судмандро дар соҳаи интиқоли молу маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти тезвайроншаванда, тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Зимни сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон байни Агентии содирот ва Агентии рушди содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин самт, яке аз гуфтушунидҳои натиҷабахш ба мувофиқа расидани Агентии содирот бо ширкати “Universal Treyd XI” ҷиҳати дар Тоҷикистон таъсис додани корхонаи муштарак оид ба бунёди маркази тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли консентратҳои меваҳои табиӣ бо мақсади содироти маҳсулоти омодашуда ба Озарбойҷон ва кишварҳои сеюм мебошад. Дар натиҷаи ба тафоҳум расидани Агентии содирот бо шарикони хориҷӣ ва бахши хусусӣ моҳи августи соли гузашта дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Қазоқистон “Ширкати савдою сармоягузории “ҚазТрейд Тоҷикистон” ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Озарбойҷон “Тоҷ Азер Трейд” таъсис ёфтанд. Ҳоло таъсиси маркази логистикии омоданамоии пешазсодиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ва бунёди анбори сардкунандаи муосир барои нигоҳдорӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз тарафи КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и Агентӣ гӯшаҳои алоҳидаи доимоамалкунандаи ярмарка-фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватаниро дар шаҳрҳои калони Остона Павлодар, Шимкент, Кокшитау ва Костанайи Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ташкил намуда, аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд 1620 тонна молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони кишварамон ба фурӯш рафт.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва амалисозии имтиёзу дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар ҷумҳурӣ корхонаҳои истеҳсолӣ бо технологияи муосир таъсис ёфта, талаботи бозори дохилӣ таъмин ва сохтори содирот сол ба сол васеъ мегардад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.04.2025 №: 68