ХАТЛОН. ШИНОСОИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

10 апрел 2025, Панҷшанбе
9
8-уми апрел, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз корҳои саҳроӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд.
ДАНҒАРА
Бунёди беш аз 100 иншооти ҷашнӣ идома дорад
Нахуст Сарвазири мамлакат бо раванди сохтмони бинои меҳмонхона, ки дар кӯчаи марказии ноҳияи Данғара ҷойгир аст, шинос шуд.
Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ноҳияи Данғара ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 100 иншооти таъиноти гуногун идома дошта, дар онҳо 4000 сокини маҳаллӣ кор мекунад.
Аз ҷумла, дар маркази ноҳия бунёди 2 меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 80 дарсади корҳои сохтмонӣ дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадор, ки аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад, ба анҷом расидааст. Бино аз се қисм ва нуҳ ошёна иборат буда, барои 624 нафар пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкорон сохтмони бинои дигари меҳмонхонаи замонавӣ идома дорад.
Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон марказ ва деҳоти ноҳияи Данғара бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ободу зебо гардида, шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар мешавад. Ҳоло дар маркази ноҳия ғайр аз бунёди меҳмонхона, ҳамзамон, сохтмони бинои муассисаҳои нави таълимию кӯдакистон, театри миллӣ ва марказҳои муосири саломатӣ низ ҷараён дорад.
Бинои муассисаи таълимӣ, ки сохтмонаш дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкорон идома дорад, 3000 хонандаро дар ду баст ба таълиму тарбия фаро мегирад.
Бояд ёдовар шуд, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара 12 мактаби миёна, 11 муассисаи томактабӣ ва 5 маркази саломатӣ бо саҳми соҳибкорон бунёд мегардад.
Дар деҳоти Корез, Пушинг ва дигар деҳаҳои дурдасти ноҳия бо мақсади беҳтарсозии сифати таълиму тарбия ва таъмини шароити хуби тиббӣ ба аҳолӣ, сохтмони 3 маркази саломатӣ ва 5 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак вусъати тоза касб кардааст.
Дар деҳоти Корез бошад, бунёди муассисаи томактабӣ барои 340 кӯдак ва маркази саломатию таваллудхона ва дигар инфрасохтори лозима бомаром ҷараён дорад.
Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ бояд босифат анҷом ёфта, дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор бигиранд. Ҳамзамон, саҳми арзандаи соҳибкорони ватандӯст дар корҳои созандагиву ободии гӯшаву канори ноҳия махсус таъкид гардид.
МУЪМИНОБОД
Чор иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки Сарвазири мамлакат чор иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Маврид ба ёдоварист, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар мактабҳои миёнаи деҳаҳои Кулдоман ва Навбаҳор ду бинои иловагии таълимӣ барои 960 хонанда дар ду баст бунёд ва ифтитоҳ гардиданд.
Дар деҳоти Тутиён бошад, бинои нави ҷамоат ба истифода дода шуд, ки дуошёна буда, дорои маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Он бо маблағгузории раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бо сифати баланд сохта шудааст.
Ба хотири сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар 48 иншоот ҷараён дорад. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия иншооти дигари ҷашнӣ – бинои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Татбиқи ҳадафи чорум дар меҳвари таваҷҷуҳ
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи қабул ва коркарди пахта дар деҳаи Тоҷикистон, корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоб ва аз рафти кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии “Бедилҷон-2015”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан кард.
Корхонаи қабул ва коркарди пахта бо ташаббуси соҳибкор Шодӣ Раҷабзода дар майдони беш аз як гектар ба маблағи 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Он дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани Солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат бунёд мегардад. Иқтидори корхона дар як сол қабул ва коркарди 8 ҳазор тонна пахтаро ташкил медиҳад.
Бо иқдому ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рушд карда, бо бунёду мавриди истифода қарор додани иншооти нав, ҳаҷми истеҳсол афзоиш меёбад ва сокинон бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Аз рӯи маълумот, корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроб бо ташаббуси соҳибкор Абдулазиз Ҷобиров дар майдони беш аз 8 гектар ба маблағи 2 миллиону 519 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад. Иқтидори корхона дар як соат истеҳсоли 70 тонна асфалт ва 20 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.
Дар рафти сафар, Қоҳир Расулзода аз хоҷагии деҳқонии “Бедилҷон-2015” боздид ба амал овард, ки 10 гектар заминро дар ихтиёр дорад. Хоҷагӣ соли ҷорӣ дар як гектар полизӣ, як гектар картошка, ду гектар пиёзи барвақтӣ ва шаш гектар пахта кишт мекунад. Сарвазири кишвар ба оғози кишти пунбадона оғоз бахшида, аз нашъу намои пиёзи барвақтӣ дидан намуд.
Бояд гуфт, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар парвариш ва гирифтани ҳосили гуногуни зироат таҷрибаи бой дошта, дар рӯзҳои мусоид талош менамоянд, ки майдони кишти баҳориро зиёд ва дар фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзию таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.
Комрон САФАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 10.04.2025 №: 69