САНОАТ. БАРТАРИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

Ба шарофати пойдории истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромию ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои соҳаи саноат тадриҷан таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омаданд. Ҷиҳати амалисозии саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки рушди саноати имрӯзаи Тоҷикистон ба хусусияти глобалии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқ гардонда шавад. Барои муваффақ шудан ба ин ҳадаф ҳаллу фасли чанд масъала, аз ҷумла аз байн бурдани нақши корхонаҳо ҳамчун истеҳсолкунандаи ашёи хому нимтайёр, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти тайёри содиротию воридотивазкунанда, фаъолгардонии раванди навсозии техникӣ ва технологии истеҳсолот, вусъати корҳои таҳқиқотӣ, таъсиси корхонаҳо, истифодаи беҳтари манбаъҳои ашёи хоми минералӣ дар заминаи иктишофи геологӣ, зиёд намудани иқтидорҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, зарур аст. Дар сохтори саноат ба гурӯҳи истеҳсолоти коркарди нахи пахта, пилла, пӯст, пашм, истеҳсоли пойафзол, коркарди маъдан, металлҳои ранга ва қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ, тавлиди маҳсулоти тайёри алюминӣ, хӯрокворӣ, нуриҳои маъданӣ, воситаҳои кимиёии рӯзгор, маводи бастабандии замонавӣ, зарфу ғунҷоишҳо, дар маҷмуъ, ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бартарият дода мешавад.
ИСТЕҲCОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 20 ДАРСАД АФЗУД
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав иброз дошт, ки бо мақсади амалинамоии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҳафт барнома ва консепсияи рушди соҳаҳои мухталифи саноат таҳия шуда, мавриди амал қарор доранд. Ба гуфтаи вазир, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 53,8 миллиард сомонӣ расид, ки назар ба соли 2023 бо нархҳои муқоисавӣ 7,5 миллиард сомонӣ (20 дарсад) зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба саноати коркард 56,3 дарсад, истихроҷ 24,8 дарсад, таъмини неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво 18,3 дарсад ва ба соҳаи таъмини об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 0,6 дарсад рост меояд. Бо истифода аз технологияи муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотиивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин мегардад.
СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ БА МАБЛАҒИ 55,1 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА
Саноати хӯрокворӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути бунёди корхонаҳои муосир идома дода, соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба зиёда аз 11,4 миллиард сомонӣ расид. Нишондод назар ба соли қаблӣ 110 дарсад зиёд буда, 21,3 дарсади маҷмуи маҳсулоти саноати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Танҳо соли гузашта дар соҳа ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ 120 корхона бунёд шуд.
Ҳоло дар соҳаи хӯрокворӣ беш аз 800 корхона фаъолият дошта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми назаррас доранд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, асосан, аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли консерваи меваю сабзавот, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, оби маъданӣ, маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, маҳсулоти қаннодӣ, гӯшт, орди гандум, нон ва маҳсулоти нонӣ, биринҷ, ҳасиб, равғани рустанӣ ва папиросу сигарет мебошад. Бо таъсиси истеҳсолоти нав мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, давлатҳои Амрико ва Аврупо, афзоиш меёбад.
Ҳамин аст, ки соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба хориҷа, аз ҷумла ба Қазоқистон, Россия, Туркия, Олмон, Чин, Ӯзбекистон ва Гурҷистон, ба маблағи 55,1 миллион доллари ИМА маҳсулоти саноати хӯрокворӣ содирот шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 4,1 миллион доллари ИМА (108 дарсад) зиёд мебошад.
ФОРУМ, ВОХӮРӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак бо ширкату созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳо дар самти вориди технологияҳои муосир, истеҳсоли панелҳои офтобӣ, тамоку, масолеҳи сохтмонӣ, коркарди пурраи нахи пахта, тайёр намудани кадрҳо бо истифода аз моделҳои таҳсилоти муҳандисии хориҷӣ ва дигар самтҳои таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда шудаанд. Бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои кори нав Вазорат лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ таҳия ва ба шарикони рушд пешниҳод намуд.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, Вазорат дар доираи сафарҳои сатҳи баланд барои пайдо намудани шарикон ва ҷалби сармоя ба саноати кишвар дувоздаҳ ҳуҷҷат дар соҳаи саноат ба имзо расонд. Дар ин давра ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва Чин баргузор гардид, ки дар протоколи онҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат ворид шуд. Инчунин, Вазорат ва корхонаву муассисаҳои зерсохтори он дар форумҳои сармоягузорӣ, ки бо Ӯзбекистон, Туркия, Италия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Чин ва Тотористон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок кард. Дар чорабиниҳо санадҳои зиёди ҳамкории байни корхонаю муассисаҳои саноатии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо имзо шуданд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ин васила, амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ –Саноатикунонии босуръати кишвар бори дуюм гӯшаи намоишии маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ дар тарҳи муосир дар Намоишгоҳи “ИННОПРОМ–2024” ташкил гардид. Моҳи октябри соли гузашта аз тарафи Вазорат дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалии сармоягузории саноати кӯҳӣ - металлургӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 400 намояндаи давлатҳо ва ширкатҳои бузургӣ хориҷӣ иштирок кард.
Соли 2025 Вазорат роҳбарии раёсатро дар Шурои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори ИДМ ба зимма дошта, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҷаласаи навбатии Шуроро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифт. Дар он иштироки даҳ вазири саноати кишварҳои ИДМ дар назар аст. Вобаста ба ин, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шуро аз тарафи Вазорат таҳия гардидааст. Илова бар ин, Вазорат тасмим гирифтааст, ки соли 2025 як қатор форумҳои байналмилалии соҳавиро баргузор намояд.
– Иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мо – саноатчиёни мамлакатро водор месозад, ки аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, саҳми саноатро дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёд намоем ва Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ истиқбол гирем, – гуфт Шералӣ Кабир.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД