ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ АЗ ТАШАББУСИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН

11 апрел 2025, Ҷумъа
9
Дар партави эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо расман таҷлил мегардад, ки нақши муҳим доштани ин неъмати табиатро дар ҳаёти инсон ва, умуман мавҷудоти зинда, бозгӯ менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин ташаббуси Тоҷикистон 14-уми декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тавассути қатъномаи махсус қабул гардид.
ТАВАҶҶУҲ БА ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО АФЗУД
Масъалаи мавриди назарро ҳанӯз моҳи марти соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим ба миён гузошта, аз он изҳори ташвиш карда буданд, ки агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Роҳбари давлат бо таваҷҷуҳ ба обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида, ки боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардида, ба ҳаёти миллионҳо сокини сайёра таъсири манфии худро мерасонад, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро пешниҳод намуданд. Дар ин замина, гуфта шуд, ки Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян ва барои таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо тадбирҳо андешида шаванд.
Чуноне шоҳидем, ин ташаббуси созандаи Пешвои миллатро, ки ба нафъи аҳли башар аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ дарк кардаву истиқбол намуд. Интизор меравад, ки роҳандозии як қатор чорабиниҳо дар доираи он, ба ҳалли мушкилот мусоидат менамояд.
Дар робита ба аҳамияти ин ташаббус, академики Академияи байналмилалии илмҳои экология, бехатарии инсон ва табиат (МАНЭБ) Абдулмаҷид Қаюмов иброз дошт, ки ҳоло ба туфайли ташаббуси Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба омӯзиши пиряхҳо хеле афзудааст ва боварии комил дорем, ки бо омӯхтани вазъ, роҳҳои ҳифзи он пайдо хоҳад гашт.
– Агар солҳои 30-40-уми асри гузашта иқтисодиёти ҷаҳон аз нафту газу канданиҳое мисоли ангиштсанг вобастагӣ дошт, ҳоло об ҷои инҳоро гирифтааст. Ояндасозии ҷаҳон аз рӯи захираҳои обӣ пешгӯӣ мешавад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Тоҷикистон созандаанд ва ҷомеаи ҷаҳон низ инро ба хубӣ дарк кардаву гарм пазируфтааст, – афзуд ӯ.
ОМИЛҲОИ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО КАДОМҲОЯНД?
Бояд гуфт, ки обшавии пиряхҳо дар ҳоли ҳозир аз мушкилоти ҷиддии сайёра ба шумор меравад, зеро ин манбаъ дар ташаккули иқлими сайёра ва таъмини миллиардҳо нафар бо оби тоза нақши асосӣ дорад.
Олимону пажӯҳишгарон бар онанд, ки гармшавии глобалӣ обшавии пиряхҳоро тезондааст. Гузашта аз ин, зиёд шудани партовҳои газҳои гулхонаӣ, ин равандро дар тамоми ҷаҳон суръат бахшидааст. Аммо омилҳои табиӣ низ сарфи назар намешаванд. Барои мисол, партовҳои вулқонҳо, гази метан, ки аз уқёнусҳо хориҷ мешавад низ ба ин раванд таъсири манфӣ мерасонад. – Масалан, тамоми газҳои гулхонаии заводу фабрикаҳоро ҷамъ кунем, ба як қисми партови уқёнусҳо баробар намешавад. Як вулқони калон ҳамаи инро мепӯшонад, – мегӯяд Абдулмаҷид Қаюмов.
Яъне, обшавии пиряхҳо ҳам ба омилҳои табиӣ ва ҳам инсонӣ вобастаанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ умедвор аст, ки дар пайи татбиқи ташаббуси навбатии Тоҷикистон огоҳии мардуми сайёра дар бораи нақши ҳаётан муҳими пиряхҳо дар системаи иқлим ва гардиши гидрологӣ, инчунин оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии тағйирот дар криосфераи Замин боло меравад ва ба ҳалли мушкил ёрӣ мекунад.
Тибқи маълумот, 2,5 дарсади оби сайёра нӯшоист, ки манбаи 98 фоизи онҳо пиряхҳоянд. Манбаи оби нӯшоӣ ва полизии беш аз 2 миллиард аҳолии дунё низ ҳамин пиряхҳоянд. Яъне, обшавии пиряхҳо агар, аз як ҷониб, дастрасии аҳолиро ба оби тоза мушкил гардонад, аз ҷониби дигар, ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад ва боиси камбуди маводи озуқаворӣ низ мегардад.
ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАЛЛИ ИН МУШКИЛ МЕХОНАД
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои осебпазир дар раванди обшавии пиряхҳост, зеро қисми зиёди пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвар ҷойгиранду тайи солҳои охир зиёда аз 1000-тои он об шудаанд. Шаш сол қабл дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки дар ин самт тадқиқотҳои бунёдӣ мебарад. Ин Марказ дар зарфи солҳои фаъолияташ собит кард, ки омӯзиши пирях имконпазир аст ва бояд ҷомеаи ҷаҳон ба ин равияи илм таваҷҷуҳро зиёдтар намояд. Яъне, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ҷомеаи ҷаҳонро ба масъалаи ҳаётан муҳим, яъне пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо мехонад.
Ин ташаббус низ давоми мантиқии иқдомҳои қаблӣ вобаста ба ҳифзи захираҳои об мебошад, ки истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳои табиатро талқин менамояд.
Ҷойи таъкид аст, ки ҷумҳурии мо ҳамчун ташаббускори эълон гаштани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 29-31-уми майи соли ҷорӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро мизбонӣ мекунад. Омодагиҳо ба баргузории ин ҳамоиш ҷараён доранд ва умед аст, ки бо роҳи коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва қабули стратегияҳои мутобиқшавӣ, масъалаи ҳифзи пиряхҳо тақвият меёбад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70