1000 ҶИЛД. ТУҲФАИ ҲОШИМ ГАДО ДАР АРАФАИ 88-СОЛАГӢ
Ҷойи тааҷҷуб ва ифтихор низ ҳаст, ки Ҳошим Гадо, Артисти халқии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (СССР), Артисти халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ бо истеъдоди фитриву донишу маҳорати бузург номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик ва дигар миллатҳо сабт кардааст. Ӯ, махсусан, бо таҳия ва офариниши нақши “Эдип” бештару беҳтар, ҳамзамон, обрӯи миллат ва худро ба боло бурд. Дар ин синну соле, ки ӯ дорад (соли таваллуд: 10 майи соли 1937) хеле ва хеле кам касон сиҳату саломатанду эҷод мекарданд. Вақт ва кору пайкори ӯ, то ба ин дам, яъне 88-солагӣ ин ҳақиқатро собит сохт, ки дилдодаи асили меҳнати эҷодӣ мебошад ва дар ин роҳ хастагиро эҳсос намекунад.
Чандин сол аст, ки Ҳошим Гадо ба таълифу нашри китобҳо машғул аст. Албатта, хоҳ-нохоҳ эътироф бояд кард, ки замон ҳам дар пеши заҳмати сангини ӯ тааҷҷуб менамояд. Осон нест 1000 ҷилд китоб навиштану нашр кардану ба дасти хонандагон расондан.
Ҳазорумин ҷилди китобашро муаллиф “Колосс...” ном гузоштааст. Воқеан, Ҳошим Гадо худ як шахси хориқулода мебошад, шахсе, ки худро дар баробари доштани истеъдоди фитрӣ сохтаасту то ба қуллаҳои баланди истеъдоду шараф баровардааст.
“Колосс...” бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ таълиф гардидааст. Дар ин китоб хонанда ба паҳлуҳои гуногуни шахсияту истеъдоди ин ҳунарманд ошно мегардад. Баъзе аз онҳоро шахсиятҳои машҳур иброз дошта ва баъзеро чун хотираи нек муаллиф пешкаши хонандагон мегардонад. Муҳим он нест, ки бархе аз хонандагон ба онҳо чӣ гуна бархӯрд менамоянд, балки онҳо барои таърихи театру синамои миллат заруранд ва қиматашон баъдҳо арзёбӣ мешаванд.
Магар ҷойи ифтихор нест, ки Кирилл Лавров, ҳунарпешаи бузурги Россия, пас аз дидани “Эдип”-и Ҳошим Гадо мафтун мегардад, ба ваҷд меояд ва ба он баҳои баланд медиҳад?
Дар ҳақиқат, “Эдип”-и Ҳошим Гадо аз тамоми “Эдип”-ҳои дунё ба маънои мусбаташ тафовут дошт ва ҳангомаи (сенсатсияи) бузург дар он рӯзгор барангехта буд.
Магар ҷойи ифтихор нест, ки Сергей Бондарчук, Артисти халқии СССР, Қаҳрамони меҳнат, актёру режиссёри машҳури дунё, чун сарвари ҳакамон дар Тблиси филми “Рустаму Суҳроб” ва нақшофарии Ҳошим Гадоро дар он беҳтарин мешуморад? Изҳор дошта буд, ки ӯ яке аз бузургтарин актёрони дунё хоҳад шуд ва бояд ҳаммиллатонаш дурусттараш бишносанду эътирофаш бинамоянд?
Ин гуна баҳоҳои бузургони ҷаҳону кишварро хонандаи имрӯзӣ ва муҳаққиқи фардо аз китоби тозанашри Ҳошим Гадо бо номи “Колосс...” пайдо карда метавонад.
Дар “Колосс...” дар бораи дигар нақшҳои офарида ва намоишҳои таҳиякардаи ӯ сухан меравад. Бешак, онҳо дар солҳои гуногун, пештар гуфтаву навишта шудаанд, аммо ҳеҷ гоҳ қимати худро гум накардаанду намекунанд. Ин ҳақиқатро ба мо ва ояндагон собит месозанд, ки миллати тоҷик фарҳангӣ аст ва истеъдодҳое чун Ҳошим Гадо барои кишвар ва ҷаҳон дода тавонистаасту метавонад.
Фикр мекунам, ки арзиши “Колосс...” дар баёну ошкорсозии ин ҳақиқат низ мебошад.
Нашри 1000-умин асари Ҳошим Гадоро барои худи ӯ ва кулли хонандагон бояд табрик гуфт. Албатта, “Колосс...” асари охирини ин ҳунарманд нахоҳад буд.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН