ШОМИ ШАНБЕ

11 апрел 2025, Ҷумъа
25
ЧИЗЕ АБАДӢ НЕСТ
Соли 2018 дар фазои интернет сурати яке аз ҳунармандони муваффақи Ҳолливуд Арнолд Шварсенеггер, ки дар зери ҳайкалаш хоб аст, паҳн мегардад. Тавре баъдтар, маълум мешавад, аксро худи ҳунарманд интишор намудааст. Чаро?
Гап сари он аст, ки солҳои 2003-2011 ӯ мансаби губернатори иёлати Калифорнияи ИМА-ро ба уҳда дошт. Ҳангоми дар сари вазифа будан, дар яке аз шаҳрҳои ин иёлат Арнолд меҳмонхонаи муосиреро бунёд мекунад. Дар он лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда, маъмурияти он бо арзи сипосу миннатдорӣ баён медорад: «Ҳар вақте Шварсенеггер хоҳад, метавонад аз ҳуҷраи ройгони барои ӯ ҷудошуда, бе мамоният истифода барад».
Вале пас аз чанд сол, чун гузари собиқ губернатор ба ин ҷо меафтаду ба меҳмонхона қадам ранҷа медорад, намояндагони он аз пешниҳоди ҳуҷраи ройгон даст мекашанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ҳунарманди машҳур он аксро тавассути интернет паҳн карда, ин амали хешро чунин шарҳ медиҳад: «Вақте ки ман соҳибмансаб будам, обрӯ доштам, чун аз вазифа рафтам, дарҳол маро фаромӯш карданд. Аз ин рӯ, ба мансабу сарвату шуҳрататон ҳаргиз эътимод мабандед, зеро чизе абадӣ нест ва ҳангоме ки аз онҳо маҳрум гаштед, зуд аз ёдҳо хоҳед рафт».
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
ЗАН. АСРОРИ ПИРШАВӢ
Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Ҷорҷия баъди тадқиқоти бисёрсола ба хулосае омаданд, ки яке аз сабабҳои асосии пиршавии бармаҳали занон мушкилоти молиявии онҳо мебошад. Тадқиқот дар ин мавзуъ дар маҷаллаи «Sciencealert» ба табъ расидааст.
Тавре дар хулосаи таҳқиқот зикр мегардад, занҳое, ки на бештар аз 4000 доллар маблағ ба даст меоранд, дар 68 дарсади ҳолатҳо ба пиршавӣ мувоҷеҳанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 70 дарсади занони даромадҳояшон аз 15 ҳазор доллар зиёд дертар пир мешаванд. Ин гуна занҳо нисбат ба ҳамсолони худ 5-6 сол ҷавонтар менамоянд.
Пас, сирри ҷавонии занон, даромади зиёд ва бардавом мебошад, ки олимон инро исбот намудаанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
САМАРАНОКИИ МАШҚИ МАЙНАИ САР БАРОИ МУСТАҲКАМИИ ХОТИРА
Невробиологҳои ИМА исбот карданд, ки машқҳои майнаи сар барои ҳалли вазифаҳои мураккаби зеҳнӣ самараи хуб дода, хотираи инсонро мустаҳкам мегардонанд. Тадқиқот дар маҷаллаи «Journal of Neuroscience» нашр шудааст.
Дар таҷрибаи олимон ду гурӯҳ иборат аз 30 нафар кӯдакони аз 8 то 11-сола иштирок карданд. Иштирокчиёни гурӯҳи аввал бозиҳоеро интихоб мекарданд, ки бо мурури замон мураккаб мегардиданд. Гурӯҳи дувум ба бозиҳои начандон душвор машғул мешуд.
Невробиологҳо тавассути магнитоэнсефалография дар гурӯҳи аввали иштирокчиён тағйирот дар сохтори мағзи сар ва хотираро мушоҳида карданд. Инчунин, фаҳмишу дарк ва коркарди иттилоот дар ин гурӯҳ фаъолтар мегардад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ВУЛҚОНИ FAGRADALSFJALL ДУБОРА БЕДОР ШУД
Ин 11-ум оташфишонии ин вулқон аз соли 2021 мебошад. Вулқон дар наздикии шаҳри Гриндавики Исландия мавҷуд аст ва тули он беш аз як километрро ташкил медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки нимҷазираи Рейкянес, ки дар он шаҳри Гриндавик ҷойгир аст, тақрибан 800 сол, то моҳи марти соли 2021, оташ гирифтани вулқонро надида буд.
Бояд гуфт, ки Исландия дар нуқтаи доғи вулқонӣ ҷойгир аст ва ба ҳисоби миёна ҳар чор-панҷ сол дар ин ҷо оташфишониҳои вулқонӣ ба амал меоянд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
Аслан, қисмати бештари инсонҳо дӯстдорони санъати синамоянд. То ҳадде ба ҳунари нақшофарон дода мешаванд, ки дар аксар ҳолат камбудии филмҳоро, ҳатто, ҳис намекунанд. Ё асарҳоро камтар хондаанду симоҳои аслии қаҳрамонҳоро намешиносанд. Дар ҳоле ки, коргардонҳо роҳат ба хости дили худ, баъзан, чеҳраҳои асосиро тағйир додан мегиранд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки на ҳар ҳунарманди нақши асосӣ чеҳраи аслии персонажашро намоиш дода метавонад. Фарзи мисол, дар филми «Манзумаи ҳусар» («Мосфилм»,1962) лашкаркаши машҳури рус Кутузовро бо бандинаи сиёҳ дар чашм намоиш медиҳанд. Дуруст аст, ки Кутузов иллати чашм дошт, вале дар зиндагӣ ӯ ҳеҷ гоҳ бандина истифода накардааст. Ҳатто дар суратҳояш ҳам.
Ё дар филми «Мастер ва Маргарита» Булгаков образи Бегемотро ончунон зебу зинат додааст, ки бинанда гумон мекунад ӯ гурбаро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медорад. Дар ҳоле ки, бо шоҳидии ҳамсари Булгаков ягона ҷонвареро, ки ӯ дӯст медошт, ин саге бо лақаби Бутон буд.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ЗИРАКИИ КИАНУ РИВЗ
Соли 1994 Ширкати синамои 20th Century Fox (ИМА) пас аз муваффақияти филми «Суръат» («Speed»), ки дар намоиши ҷаҳонӣ бо буҷети 30 миллион доллари ИМА 350 миллиону 448 ҳазору 145 доллар ҷамъ овард, тасмим гирифт, то қисми дувуми онро ба навор гирад. Аз ин рӯ, таҳиягарон зуд сенария навишта, онро ба иҷрокунандаи нақши асосии филм Киану Ривз пешниҳод карданд. Сенария ба ҳунарманди маъруф маъқул нашуд ва ӯ аз иҷрои нақш даст кашид.
Ин амали Киану Ривз роҳбарони Ширкати бонуфузи ҷаҳониро ба ғазаб овард ва онҳо ба муддати даҳ сол ӯро ба «рӯйхати сиёҳ» дохил карданд.
Вақт дурустии иқдоми Киану Ривзро собит намуд. Филми «Суръат 2» дар намоиши ҷаҳонӣ (буҷет: 160 миллион доллар, ҷамъоварӣ: 164 миллиону 508 ҳазору 066 доллар) мувоҷеҳи нокомӣ гашта, ба болои сӯхта намакоб, дар номинатсияи «Бадтарин идомаи филм» соҳиби ҷоизаи «Тамашки тиллоӣ» шуд. Ҳол он ки филми «Суръат», дар баробари комёбии тиҷоратӣ, бо ду мукофоти «Оскар» сарфароз гардида буд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАСЛИҲАТ
Дар назди равоншинос:
– Духтурҷон, оилаи мо ҳама моҳипарвар, вале ягона фарзандамон Алёша қимоб шудагӣ барин, гӯшти моҳӣ намехӯрад. Чӣ кор кунем?
– Дуруст тарбия накардед, муҳтарам волидайн. Моҳии бечора гуноҳ надорад. Ягона роҳи ҳалли мушкили шумо ин аст, ки Алёшаро бурда ба гурба иваз мекунед. Бовар дорам, рафиқ гурба моҳиҳоро мехӯраду бо ҳамин проблемаи оилаи шумо ҳам ҳал мешавад.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КАР
Дар назди духтури чашм:
– Чӣ шикоят доред?
– Чашмонам қариб ки намебинанд, духтурҷон, вале гӯшҳоям писарбача барин.
– Чӣ хел писарбача барин?
– Масалан, худи ҳозир шунидам, ки доруву дармони шумо барои нафақахӯрон ройгон аст.
– Шумо кӯр не мӯйсафед, шумо каред. Марҳамат карда хезеду ба утоқи ҳамсоя гузаред.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ДАРСИ САДОҚАТ
Чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон дар мусобиқаи автомобилронии «Формула-1» Михаэл Шумахери олмонӣ соли 2013 дар пайи ҳодисаи нохуш ба кома афтид.
Хешовандон охирин умедашонро аз даст доданд ва ӯро ба қабле ба Худо супурдаанд. Аммо завҷааш Коринна Шумахер, сарфи назар аз тамоми мушкилоти зиндагӣ, аз ҳамсараш рӯ натофт ва барои муолиҷаи ӯ на танҳо миллионҳо доллар, балки ҳастиашро бахшид…
Ниҳоят, пас солиёни зиёд аз қазо муъҷиза шуду Шумахер ба худ омад ва ӯро марҳалаи дигари табобат оғоз гардид. Дунё ба умед аст, шояд рӯзе расаду ин варзишгари шуҳратёр ба по хезад…
ҲИКМАТ: боварӣ арзишест, ки онро наметавон бо маблағ харид. Ин қувва роҳи ба мақсуд расидани моро кӯтоҳ мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
СЕРГОЛТАРИН БОЗИИ ФУТБОЛ
Дар таърихи футбол қувваозмоии дастаҳои «Стад Олимпик де Л’Эмирн» ва «Адема», ки соли 2002 дар чемпионати Мадагаскар (қитъаи Африқо) ба вуқуъ пайваста буд, серголтарин ба шумор меравад. Он бо ҳисоби 149:0 ба суди тими «Адема» ба анҷом расид.
Чуноне мутахассисон мегӯянд, тақрибан ҳар 35 сония ба дарвозаи «Стад Олимпик де Л’Эмирн» тӯб ворид гардидааст. Аксари голҳоро бозигарони «Стад Олимпик де Л’Эмирн» ба дарвозаи худ зада, бо ин амалашон нишон додаанд, ки зидди чемпонии дастаи «Адема» мебошанд, зеро ба ақидаи онҳо «Адема» унвони қаҳрамониро ҳамон мавсим ноадолатона ба даст овард.
Таҳияи Шафоатилло АБДУЛЛО
ҲЕДИ ЛАМАРР
Таҳти ин рубрика мо тасмим гирифтем, барои муштариёни азизи “Ҷумҳурият” дар бораи 10 бонуе, ки бо фаъолияти самараноки худ дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми шоиста гузоштаанд, маълумот манзур намоем.
Ҳунарманди австриягӣ ва амрикоӣ Ҳеди Ламарр (1914-2000), ки ӯро дар ИМА зеботарин бонуи Ҳолливуд мегуфтанд, на танҳо дар синамо, балки дар соҳаи илму техника низ комёб буд.
Ӯ соли 1942 ҳамроҳи оҳангсоз, пианинонавоз ва ихтироъкори маъруфи амрикоӣ Ҷорҷ Антейл технологияи идоракунии фосилавиро кашф намуд, ки баъдтар ихтирои WI-FI, Bluetooth ва GPS-ро асос гузошт.
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
ПОШЕТТА
Пошетта асбоби мусиқии камончадори тордор мебошад, ки ибтидои асри XVI дар Аврупо пайдо шудааст. Аз сабаби андозаи хурд доштанаш, барои бо худ бурдан бисёр муносиб буд. Аз ин рӯ, онро пошетта, яъне асбоби кисагӣ мегуфтанд.
Ин асбоб 3-тор дошта, тақрибан 35 см аст. Ҳангоме ки тори 4-ум илова гардид, шаклаш тағйир ёфта, ба скрипкаи муосир монандӣ пайдо кард. Аммо он аз скрипка ва алт баландтар садо медиҳад.
Пошетта ҳамчун асбоби оркестрӣ танҳо дар ҳолатҳои махсус истифода мешуд. Онро бештар устодони рақс, тақрибан то охири асри XIX ҳангоми дарс ва машқҳо истифода мебурданд.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МАҒЗИ САРИ ИНСОН
1. 60 дарсади мағзи сари инсонро равған ташкил медиҳад.
2. Вазни миёнаи мағзи сари инсон тақрибан 1,4 кг аст.
3. Ҳар дафъае, ки дилатон метапад, тақрибан 20-25% хун ба мағзи сар меравад. Ин аҳамияти баланди онро дар фаъолияти бадан нишон медиҳад.
4. Мағзи сари инсон метавонад зиёда аз 50 000 бӯйи гуногунро ҳис кунад ва онро то дер ҳифз намояд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
СУХАНИ БУЗУРГОН
1. Ҳаргиз фахр накунед, ки ҳама чизро медонед ва ҳарчанд ба худ баҳои баланд диҳед ҳам, боре ҷавонмардона иқрор шавед, ки нодонед.
Иван Павлов
2. Ҳамеша роҳи душворро интихоб кунед, зеро дар он рақибе вуҷуд надорад.
Шарл де Гол
3. Нокомӣ танҳо намеояд, комёбӣ низ.
Ромен Роллан
4. Асаре навис, ки муваффақ гардӣ ё комёб шав, то дар васфат асаре нависанд.
Бенҷамин Франклин
Фароҳамсоз Ш.АБДУЛЛО
MICROSOFT CORPORATION
Microsoft Corporation аз машҳуртарин ва бонуфузтарин ширкатҳои технологии ҷаҳон мебошад, ки соли 1975 аз ҷониби Билл Гейтс ва Пол Аллен таъсис ёфтааст.
Аввалин муваффақияти ширкат таҳияи нармафзоре барои компютери Altair 8800 буд. Баъдан, Microsoft бо эҷоди системаи оператсионии MS-DOS ва сипас Windows ҷаҳони технологияро бакуллӣ тағйир дод. Ҳоло Windows серталабтарин системаи оператсионии олам аст, ки миллиардҳо нафар онро истифода мебаранд. Айни ҳол шумораи кормандони ширкат аз 220 ҳазор нафар гузашта, фаъолияташ дар зиёда аз 190 кишвари дунё паҳн гардидааст.
Ширкат бо арзиши бештар аз 2 триллион доллари ИМА, на танҳо бренди машҳур, балки яке аз сутунҳои асосии технологияи рақамӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ АЛЕКСАНДР ОВЕЧКИН
6-уми апрели соли ҷорӣ капитани дастаи ҳоккейи «Вашингтон Кэпиталз» Александр Овечкини рус дар қувваозмоӣ бо тими «Ню-Йорк Айлендерс» гӯйи (шайба) 895-уми хешро ба самар расонда, рекорди «абадӣ»-и Уэйн Гретскии достонро (Канада, 894 гол) дар бозиҳои марҳалаи пешазплейоффии чемпионати Лигаи миллии ҳоккей (National Hockey League) паси сар кард.
Тавре Уэйн Гретски дар сухани табрикотияш иброз дошт, гумон аст, ки касе ин дастоварди беназири Александр Овечкинро такрор намояд.
Бояд тазаккур дод, ки рекорди дигари Уэйн Гретски 1016 гол (бо инобат грифтани голҳо ҳам дар марҳалаи пеш аз плейофф ва ҳам дар плей-офф) ҳанӯз побарҷост. Суоли матраҳ ин аст, ки оё Овечкин (голҳои ӯ дар маҷмуъ 967-то мебошад) метавонад ин рекордро, ақаллан, такрор намояд? Ин имконпазир аст, аммо бояд саъю кӯшиши зиёд кард, зеро Александр имсол 40-сола мешаваду барои расидан ба Уэйн Гретски боз 50 гӯйи дигар бояд ба нишон расонд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
АЗ ДӮСТ НАБОЯД РАНҶИД
Подшоҳе ташна шуд ва бо мақсади нӯшидани об худро ба назди рӯде гирифт. Аммо ҳамин ки дар ҷом об гирифт, шоҳинаш онро бо чанголаш заду обро сарозер резонд. Шоҳ аз ин амали ҷонвари безабон хашмгин шуда, бо шамшер онро пора-пора кард. Чун болотар нигарист дар об мори заҳрноки мурдаро дид ва дарк намуд, ки чи иштибоҳи сахте кардааст.
Аз сӯзи дил муҷассамаи шоҳинро аз тилло сохта, дар болҳояш навишт: “Ҳарчанд дӯст ранҷонад ҳам, қасос нагиред, зеро ин ба суди шумост ва ба хашм дода нашавед, ки мувоҷеҳи шикаст мегардед!”.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
ЧАРО ҶОНВАРОН БА ҶОИЗАИ «ОСКАР» ПЕШНИҲОД НАМЕШАВАНД?
Дар таърихи синамо аввалин ҳайвоне, ки ҳамчун ҳунарманди беҳтарин ба Ҷоизаи Академияи санъат ва илми синамо «Оскар» (соли 1928 барои иҷрои нақш дар филмҳои «Замини рӯбоҳи нуқрагӣ», «Ринти аз биёбон» ва «Мубориза барои ҳаёт») пешниҳод шуда буд, овчаркаи олмонӣ бо лақаби Рин Тин Тин мебошад.
Тибқи маълумотҳо, академикҳо бо аксари овозҳо сагро лоиқи Ҷоиза донистанд, вале сарвари Академия Луис Барт Майер аз тарси он ки, ин амал нуфузи «Оскар»-ро коҳиш хоҳад дод, пешниҳод намудани ҷонваронро ба ин мукофоти муътабар манъ кард ва ин маҳдудият то ҳол риоя мешавад.
Таҳияи Шафоатулло АБДУЛЛО
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70