ҲАМОИШИ ЭКОЛОГӢ. ОМОДАГӢ БА КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

14 апрел 2025, Душанбе
17
Дар меҳмонхонаи «Hilton» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон таҳти унвони «Тақвияти гузоришҳои илмӣ дар бораи обшавии пиряхҳо ва ҳифзи пиряхҳо» барои намояндагони ВАО-и ватанӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Сино Тоҳирзода, модератори ҳамоиш, дар хусуси аҳамияти ҳамоиши мазкур изҳор дошт, ки он аз корҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо буда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО ҳамкории зич ба роҳ монда, омодагии ҷиддӣ мебинад.
Муҳибулло Ҷунайдзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумита, иброз дошт, ки ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдомҳо нодир арзёбӣ мешавад, зеро Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо як қатънома якбора чор пешниҳоди Тоҷикистонро қабул намуд. Зимнан, бо мақсади иҷрои қатъномаи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо таъсиси Кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои мушаххас тасдиқ шудааст ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Инчунин, ҷиҳати пешбурди идомаи Рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса қатъномаи дигари СММ оид ба эълон намудани Солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ қабул гардид.
Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки мушкили экологӣ ва масъалаи обшавии пиряхҳо ба проблемаи рақами яки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бо мақсади устувории экологӣ танҳо як кишвари алоҳида ноил шуда наметавонад. Бинобар ин, барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарур меояд, ки якҷо бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон корҳои ташаббускорона анҷом дода шаванд. Махсусан, аз воситаҳои ахбори омма даъват ба амал оварда шуд, ки дар инъикоси мушкилоти экологӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба он саҳми бештар гузоранд, зеро маҳз рӯзноманигорон, танзимкунандаи ин набарди экологӣ ҳастанд, чун қалами онҳо метавонад ҷомеаро бедор намуда, сиёсатҳоро тағйир диҳад ва амалҳоро ба ҳаракат дарорад.
Дар робита ба ин, Татяна Евсеева, намояндаи Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, чунин гуфт: «Мо ба дастгирии қавии ВАО дар инъикоси ин масъалаҳо, ҳамчунин, даъвати кишварҳо ба амал ва тағйир додани фаҳмиш ва рафтори одамон дар бораи масъалаҳои экологӣ умед мебандем. Бояд дарк кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо инфрасохторро хароб месозад, ба экосистемаҳо осеб мерасонад ва ба ҳаёти беш аз 2 миллиард аҳолии Осиё, ки об, ғизо, энергия ва воситаҳои зиндагиашон аз пиряхҳо вобастаанд, таъсир мерасонад. Кишварҳо бояд ба инфрасохтори устувори огоҳсозии пешакӣ сармоягузорӣ намоянд, то пиряхҳоро ҳифз намоянд ва ҳаётро наҷот диҳанд. Мамлакатҳо, инчунин, бояд системаҳои устувори идоракунии кишоварзӣ ва обро дар асоси маълумоти ҳамаҷониба ва таҷрибаи пешқадам роҳандозӣ созанд. Бонки осиёии рушд дар ҳамкорӣ бо кишварҳо дониш ва ҳалли молиявиро барои рафъи таҳдидҳои обшавии босуръати пиряхҳо пешниҳод мекунад. Ҳамзамон, Бонки мазкур бо дастгирии Бунёди иқлими сабз арзёбии хатари обшавии пиряхҳоро дар Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон мегузаронад, ки барои лоиҳаҳо ва барномаҳо заминаи илмӣ-техникӣ хоҳад буд. Татбиқи дигар лоиҳаю барномаҳо дар ҳамкорӣ бо 9 кишвари Осиё идома дошта, Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост».
Баррасии масоили ҳифзи пиряхҳо ва пешниҳоди маълумоти дақиқ вобаста ба он барои таҳлили амиқ ва инъикоси вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон ёрӣ мерасонад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳалли бисёр масъалаҳои вобаста ба обу иқлимро дар бар гирифта, натиҷаҳои он ба нафъи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71