ЗЕҲНИ СУНЪӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҶОРИСОЗИИ ОН ЧӢ ТАШАББУС НИШОН МЕДИҲАД?
Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ (AI), рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Бо дарки муҳимияти соҳа дар шароити муосири рушд ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, № 483 Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид. Дар стратегия бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир ҳадафу афзалиятҳо ва вазифаҳои минбаъдаи рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар муаяйн шудаанд, ки амалӣ гардидани онҳо барои пешрафти неруи зеҳнӣ, истифодаи беҳтару бештари дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ДАР ИН САМТ ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳоро дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ фаъолона инкишоф дода, аз муколамаи созанда ва шарикии стратегӣ дар ин соҳаи муҳим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад. Далели ин гуфтаҳост, ки 7-уми марти соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид – шаҳри Ню-Йорки ИМА бо ибтикори Тоҷикистон чорабинӣ оид ба зеҳни сунъӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ: Эҷоди имкониятҳо барои рушди устувор – таҷрибаи Тоҷикистон» баргузор гардид. Доир гардидани ин ҳамоиш бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим дар муҳокимаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Намояндагони Тоҷикистон – вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дастовардҳо ва кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди технологияҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуда, аҳамияти онро дар рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид карданд.
ПЕШНИҲОДИ ҚАТЪНОМАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ АЗ ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ
Дар чорабинӣ, бо ташаббуси Тоҷикистон қатънома оид ба рушди зеҳни сунъӣ пешниҳод шуд. Ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони доимии як қатор давлатҳо дастгирӣ ёфт, ки аҳамияти он барои пешрафти технологии ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Қатъномаи Тоҷикистон якчанд ташаббусҳои муҳимро дар бар мегирад, ки ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст.
Дар байни онҳо:
1. Таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ, ки платформаи ягона барои муттаҳид намудани захираҳои ҳисоббарорӣ (AI compute), мубодилаи маълумот (data-sharing) ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ (R&D) хоҳад буд.
2. Дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ тавассути механизмҳои худтанзимкунии уфуқӣ, ки ба инноватсия ва рушди пешрафта дар минтақа мусоидат мекунад.
3. Ташаккули фазои умумии худтанзимкунии зеҳни сунъӣ, ки ба рушди бехатар ва самараноки технология равона гардидааст.
Қатъномаи пешниҳодшуда хоҳиши кишварро ҷиҳати эҷоди экосистемаи устувори AI таъкид мекунад, ки на танҳо ба рушди минтақавӣ, балки ба пешрафти технологии ҷаҳонӣ низ мусоидат менамояд. Ташаббуси Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими муколама миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои олӣ мебошад.
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: АСОСИ ТАҲАВВУЛОТИ РАҚАМИИ ИҚТИСОДИЁТ
Тибқи арзёбии мутахассисон, зеҳни сунъӣ ё Artificial intelligence (AI) як бахши илми информатика буда, системае мебошад, ки метавонад мустақилона фикр ронад, биомӯзад ва тариқи худкор амал намояд. Мақсади асосии зеҳни сунъӣ ин худкор кардани равандҳои рӯзмарра, ҳалли мушкилоти инсон, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва ихтирои молҳои электронии нав мебошад. Ба ибораи дигар, зеҳни сунъӣ низом ё таҷҳизоти компютерие мебошад, ки қодир аст қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии инсонро барои иҷрои вазифаҳои муайян такрор намояд. Зеҳни сунъӣ падидаи нав буда, бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, рушди илму техника, рақамикунонии иқтисодиёт хеле муҳим мебошад.
Баъзе намунаҳои татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди рақамӣ, аз қабили маҷмааҳои агросаноатӣ, тиб, сохтмон ва бахши молия дар ҷаҳон, васеъ ба мушоҳида мерасанд. Ҳамин тариқ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бо ҳам алоқамандии зич дошта, асоси таҳаввулоти рақамии иқтисодиёт ва қувваи пешбарандаи пешрафтҳои муҳим дар истифодаи технологияҳои муосир ва пешбурди тиҷорат мебошад.
Коршиносони байналмилалӣ пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2030 зеҳни сунъӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарра мешавад. Ин омил водор месозад, ки ба масъалаи омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ тавассути ҳавасмандгардонӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН