«ҶУМҲУРИЯТ». МАКТАБИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН ДАР АСРҲОИ ХХ-ХХI
Барои ҳар касе, ки на танҳо бо таърихи матбуоти тоҷик, балки ба таърихи сад соли Тоҷикистон шавқмандӣ дорад, донистани шакли нахустин рӯзномаи ин қаламрав – «Иди тоҷик», заминаҳои пайдоиши он, сабаби шаш бор тағйири ном кардан ва то ба дараҷаи «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» (таъбири устод Садриддин Айнӣ) расидани он, албатта, муҳим аст.
ПАЖӮҲИШИ ИН РӮЗНОМА ЧАРО МУҲИМ АСТ?
Агарчи дар иртибот ба таърихи таъсиси нашрия, фарогирии мазмуну мундариҷа дар давраҳои гуногун, мақолаву мулоҳизарониҳои ҷудогона ҳам аз ҷониби собиқадорони матбуот ва ҳам муҳаққиқони таърихи журналистикаи тоҷик анҷом шудаанд ва ин таълифот ба сурати мақолаву китобҳои ҷудогона ҳам ба нашр расидаанд, вале, воқеан ҳам, фаъолияти давомдори ин рӯзнома ба таври комил дар қолаби як рисолаи илмӣ мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст. Як сабаби ба таври мукаммал омӯхтаву таҳқиқ нашудани рӯзнома, пеш аз ҳама, шояд мунтазам чоп шудани он бошад, ки бо як ё ду рисола хатм намешавад. Масалан, аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” қариб 1 сол 153 шумора, «Шуълаи инқилоб» 3 сол фаъолият кардааст. Рӯзномаи дигари тоҷикии «Овози тоҷик» ҳам, агарчи ҳоло нашр мешавад, пажӯҳишҳо атрофи ҳамагӣ як давраи муайяни он анҷом гирифтаанд. Ба фарқ аз инҳо, «Ҷумҳурият» мунтазам ва бо шумораи зиёд чоп шуда истодааст. Дар рӯзи 100-умин солгарди худ шумораи 25 ҳазору 171-уми худро муаррифӣ намуд. Яъне, барои таҳқиқи фаъолияти якасраи «Ҷумҳурият», вақт, сабурӣ, сарчашмашиносӣ, дақиқназарӣ, пажӯҳиши мукаммал ва огоҳии таърихию сиёсӣ зарур аст.
«ИДИ ТОҶИК» ДАР КУҶО ЧОП ШУД?
Пеш аз «Иди тоҷик» дар ҳудуди имрӯзаи кишвари мо варақаву бюллетенҳо тақсим мешуданд. Онҳоро метавон варақаҳои иттилоотӣ гуфт. Масалан, «Красний Каратегин», «По басмачу!», «Овози Шарқ», ки намунаҳои онҳо расида наомадаанд. Ба мо маълум аст, ки ба қаламрави Душанбе ду кас пешу пас дастгоҳи чопӣ овардаанд. Яке Ғайфулло Нурмуҳаммадови озарӣ ва дигаре Абулқосим Лоҳутӣ, аз аввалин адибону рӯзноманигорони замони нав. Лоҳутӣ аз Тирмиз бо аспу ароба ва Нурмуҳаммадов аз Бухоро бо ҳамин роҳ. Ҳар ду ҳам баазоб ва дар чанд шабонарӯз асбоби чопиро ба Душанбе расондаанд, аммо дар кадоме аз инҳо чоп шудани «Иди тоҷик» (“Ҷумҳурият”) маълум нест. Бо ба даст омадани ин шумора ҳама рӯшан хоҳад шуд, зеро дар поварақи он ҷойи чоп бояд ишора шуда бошад. Масалан, медонем, ки нахустин маҷаллаи илмӣ ва адабии «Дониш, биниш» соли 1927 дар Самарқанд ба табъ расидааст ва ба таъкиди сарчашмаҳои зикршуда «Иди тоҷик» ҳам дар ҳамин қолаб бояд мунташир шуда бошад.
ЧАРО “МОДАРИ МАТБУОТИ ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ” ГУФТААНД?
Омӯзиши пурраи рӯзнома барои таърихнигории миллати тоҷик басе муҳим аст. Устод Айнӣ онро бесабаб “модари матбуоти Тоҷикистони советӣ” нагуфтааст, зеро маҳз “Бедории тоҷик” роҳро ҳамвор кард, то дар қаламрави Тоҷикистон аввалин чопхона, аввалин радио ва нахустин рӯзномаҳо бо забонҳои ӯзбекию русӣ ба вуҷуд оянд.
Шароити моддиву маънавии ҷумҳурии навташкил имкони якбора ба роҳ мондани нашри рӯзномаҳои алоҳидаро барои доираҳои гуногуни ҷомеа намедод. Аз ин рӯ, ходимони «Ҷумҳурият», он солҳо баробари иҷрои вазифаву ҳадафҳои дарпешдошта, бо назардошти завқу салиқаи ҷавонону бонувон талош мекарданд, ки дар нашрия гӯшаву бахшҳои алоҳидаро таъсис диҳанд. Бахусус, гӯшаву саҳифаҳои ба ҷавонон ва бонувон таҳиякардаи ин рӯзнома дар баробари ин ки барои рушди маънавии онон нақши муассир дошта метавонистанд, инчунин, солҳои баъдӣ барои таъсиси рӯзномаҳои соҳавию ҷумҳуриявӣ замина фароҳам овард. Муҳаққиқи таърихи матбуоти шуравии тоҷик А. Қодиров, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро, ки шумораи якумаш 5-уми апрели соли 1930 рӯйи чоп омад, ба саҳифаи «Ҷавонони ленинии Тоҷикистон» нисбат медиҳад, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввал дар рӯзномаи «Бедории тоҷик» ва баъдан «Тоҷикистони сурх» нашр мешуд. Таъсиси рӯзномаи ӯзбекии «Қизил Тожикистон» (соли 1929 – ҳоло «Халқ овози») низ ба фаъолияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» алоқаманд аст. Рӯзнома бо назардошти аҳолии ӯзбектабори Тоҷикистон моҳе ду маротиба дар ду саҳифа матлабҳо нашр мекард. Номи он «Ӯзбек саҳифаси» («Саҳифаи ӯзбекӣ») буд, ки баъдтар, соли 1929, “Қизил Тожикистон” ном гирифт. Он муҳимтарин хабару гузоришҳои сиёсии даврро бо забони ӯзбекӣ тарҷума карда, пешниҳод мекард, то ниёзҳои намояндагони ин миллатро дар қаламрави кишвари мо барорад. Баъдан, аз моҳи феврали соли 1929 «Қизил Тожикистон» («Халқ овози»-и имрӯза) ҳамчун рӯзномаи алоҳида нашр гардид. Фаъолияти рӯзноманигории яке аз қаҳрамонони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳамин рӯзнома ибтидо гирифтааст.
РАДИОИ ТОҶИКИСТОН ҲАМ ПАРВАРДАИ “ТОҶИКИСТОНИ СУРХ” АСТ
Нахустмуҳаррирон, гардонандагони Радиои Тоҷикистон, ки садои он бори аввал 10-уми апрели соли 1930 аз Хонаи деҳқон (собиқ бинои театри ба номи В. Маяковский) баланд шуд, маҳз муҳаррирони «Бедории тоҷик» Қосим Дайламӣ ва Сайдалӣ Бурҳонов буданд. Азбаски бинои кории «Бедории тоҷик» ва Хонаи деҳқон ба ҳам наздик буданд, инҳо рӯзномаро ба чоп дода, дар як замон хабару гузоришҳои муҳими чопшуда ва гуфторҳои адабиро тавассути радио ба шунавандагон мерасонданд. Бояд гуфт, ки таъсисдиҳандагони Тоҷикистони Мухтори Шуравӣ Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур, Аббос Алиев, Қосим Дайламӣ муассисони “Ҷумҳурият” ва нахустин нотиқону тарҷумонҳои радиову ҷаридаҳои бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ интишорёбанда будаанд. Дар ҳамин факту рақамҳо “модар”-и на танҳо матбуот, балки дигар воситаҳои ахбор будани “Ҷумҳурият” тасдиқ мешавад.
АЛИФБОИ ХАТҲОИ НАВ ДАР МАРҲАЛАҲОИ ҲАССОС
Ба ҷуз аз хидмати бузурги муҳаррирону хомакашони рӯзнома, дар шаклгирии мактаби рӯзноманигорӣ, он мактаби воқеӣ ҳам буд. Даҳҳо адибони номдор дар ин мактаб тарбият дида, ба майдони адабиёт роҳ паймудаанд. Ба ёд биёрем ду бор иваз шудани расмулхатти моро. Дар он замон рӯзнома шумораҳои хешро ба алифбои нав бахшида, мардумро аз назокатҳои хатти нав ва тарзи дурусти навишту истифодаи онҳо огоҳ мекард. Дар дасти мо шуморае аз шумораҳои “Тоҷикистони сурх” ҳаст, ки дар саҳифаи аввал мақолаи “Масъалаи лотинонидан”-ро (22-юми майи соли 1930) чоп карда, дар шумораҳои дигар чун китоби Алифбо ҳарфҳоро бо шаклҳои чопиву навишторӣ муаррифӣ кардааст. Айнан ҳамин хидматро баъди ба хатти кириллӣ гузаштан низ идома дода, барои ҳарчи бештар инкишоф ёфтани саводи хондану навиштани халқ мусоидат намудааст. Яъне, дар он замони бекитобиву бемактабӣ рӯзномаи мазкур ҳам китоб, ҳам омӯзгор ва ҳам мактаб будааст.
Иброҳим Усмонов, Пайванд Гулмуродзода, Қироншоҳ Шарифзода, Давлат Давронов, Мурод Муродӣ, Аъзамҷон Азимов давраҳои гуногуни ташаккули «Ҷумҳурият»-ро таҳқиқ карда бошанд ҳам, омӯзиши густарда бояд ба роҳ монда шавад, зеро нақши ин рӯзнома дар ташаккули публитсистика, аввалин адибону ҳамкорони рӯзнома, муборизаи фарзандони миллат алорағми инкори ҳақиқатҳои таърихӣ, рӯшан кардани таъқибу фишори ноҷои рӯшанфикрони тоҷик муҳим мебошад.
“Ҷумҳурият” минбари тарғиби танҳо сиёсатҳои давр ва сабаби паёмрасонӣ набуда, балки огоҳии пурра аз таърихи он моро бо сиёсат, иқтисод, ҷомеашиносӣ, публитсистика, ивазшавии хат, ному мақоми забони тоҷикӣ-форсӣ дар сад соли охир, тарҷума ва тарҷумонӣ, муборизаи фарзонафарзандон барои бақои миллату давлат, фидо шудану зери бори маломату туҳмат мондани даҳҳо бузургони тоҷик, ташкили як давлати алоҳида бо ном, қаламрав, парчам, суруди миллӣ, нишон, таҳияи аввалин сарқонунҳо, масъалаҳои миллӣ, марзӣ, мероси фарҳангӣ, ҷойгоҳи давлативу миллӣ бахшидан ба забон ва даҳҳо муаммоҳои сарнавиштсози ҳанӯз гиреҳбаста шинос хоҳад кард. Дар ҳоли дарёфт ва ба шакли рақамӣ даромадани ҳамаи шумораҳои камёфти рӯзнома аз «Иди тоҷик», 23 шумораи “Бедории тоҷик” то шумораи охирони «Ҷумҳурият», таҳаввули назарраси таърихие моро интизор аст.
Фаридун РАҲМОНЗОДА, унвонҷӯи ДМТ,
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН