ТАНЗИМ. АЗ БАРАКАТИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ РӮЗГОРҲО ОБОД МЕШАВАНД

14 апрел 2025, Душанбе
17
Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Чун Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт, масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи олӣ ва асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ мушкилоти ҷомеа аз як тараф ба проблемаҳои иқтисодӣ ва роҳу равиши ислоҳоти онҳо табдил ёфта буд, аз тарафи дигар масъалаҳои ҳалталаби маънавӣ истода буданд, ки ба афкори пешрафтаи ҷомеа ва тафаккури созанда ниёз доштанд. Бинобар ин, масъалаи ба тартибу низоми муайян овардани расму оинҳои миллӣ ва маросими диниро бори аввал Президенти мамлакат дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросими динӣ 9-уми июли соли 1999 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар заминаи ин мулоқот 9-уми июли соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 27-уми ноябри соли 1999 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ» қабул гардиданд ва тавсиянома низ ба тасвиб расида буд, вале вазъи маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи исломӣ торафт серхарҷ шуда, дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки зиёда аз нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медоданд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод шуда буд.
Аксарияти расму оин ва маросим бештар моҳияти зиёфат, таом додану таом хӯрданро ба худ гирифта буданд ва маҳз ҳамин омил ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардуми моро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд мегардид.
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки барои рафъи мушкилоти мардум мусоидат намуд.
Бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкидҳои пайвастаи ӯ кишвари мо бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Аз ҷумла, сатҳи зиндагии мардум давра ба давра беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 21,2 фоиз дар соли 2023 паст карда шуд.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа соли 2006-ум барои баргузории 60 ҳазор тӯйи домодию арусӣ ва 87 ҳазор маросими дафну азодорӣ зиёда аз 500 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ гардида бошад, дар соли 2024 барои баргузории ин маъракаву маросим ҳамагӣ зиёда аз 73 ҳазор сар чорвои калону майда харҷ гардид. Ин аст, ки айни ҳол, саршумори чорвои калон ва майда ба 9, 2 миллион сар расида (2,6 миллион сар чорвои калон ва 6,6 миллион сар чорвои майда), ду баробар зиёд шуд.
Ин хароҷоти ҳангуфт дар ҳоле буд, ки буҷети солонаи кишвар се миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медод. Айни ҳол бошад, буҷети солонаи мамлакат зиёда аз 48 миллиард сомонӣ аст.
Таассубу хурофотпарастии мардум, асосан, аз пастии маърифати динӣ ибтидо мегирифт. Ҳамин буд, ки дар давоми соли 2006 барои гузарондани 98 ҳазор маросими хатнасур қариб 200 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ шуда буд.
Шукронаи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ки сокинони мамлакат ҷашни суннатии оилавӣ ва одии хатнаро ба монанди кишварҳои пешрафти олами ислом бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон мегузаронанд.
Инчунин, дар натиҷаи тадбирҳои Ҳукумат сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ афзудааст. Масалан, то давраи соҳибистиқлолӣ, ки аҳолӣ 5 миллион нафар буд, ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид. Ҳоло бошад, шумораи аҳолии мамлакат зиёда аз 10, 3 миллион нафарро ташкил дода, воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар қариб, ки коҳиш ёфтааст ва истеҳсоли гӯшт 100 фоиз, картошка бошад, 122 фоизи талабот аз меъёри истеъмолиро ташкил медиҳад.
Хурсандибахш аст, ки тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад, яъне агар соли 2000-ум аз ҳисоби буҷаи давлатӣ барои соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас дар соли 2024 ҳаҷми он ба 8,3 миллиард сомонӣ расидааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки Қонуни танзим низ шароити мусоиди баргузории маъракаҳоро фароҳам овардааст. Шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки ба беҳтар кардани шароити зист ба тарбияи фарзандони худ диққати бештар диҳанд.
Ин ғамхориву талошҳои давлату Ҳукумат натиҷаҳои назаррас ба бор овард ва дар кишварамон насле ба камол расида истодааст, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, забондон ва соҳибмаърифат мебошанд, дар арсаи байналмилалӣ аз давлату миллат намояндагӣ доранд ва барои тараққиёту ободии Ватани азизамон содиқона хизмат мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин пешравию муваффақиятҳо маҳз аз қабул ва амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарчашма мегиранд, ки муаллиф ва ташаббускори он Пешвои муаззами миллат мебошанд.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71