ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕАТРҲОИ КАСБИИ «ПАРАСТУ»
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-21-уми апрел Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту» баргузор мегардад.
Тавре Вазорати фарҳанг иттилоъ додааст, Фестивал бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландмазмуни ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомон доир мегардад.
Фестивал анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба гузаронда мешавад. Дар он 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯи саҳна омадаанд, дар театрҳои пойтахт намоиш медиҳанд.
Дар назар аст, ки Фестивал – озмун 21-уми апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбаст гардад.
«БОЗГАШТ»
Намоиши асарҳои санъати тасвирии тармимшуда
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Бозгашт» намоиши асарҳои санъати тасвирии тармимшуда ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ бори нахуст зиёда аз 17 асари нодири санъати тасвирие, ки солҳои 1911-1974 аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон А. Моргунов, В. Лонин, М. Зубреева, А. Камелин, Б. Серебрянский, А. Раҳимов, В. Сидоренко, В. Бровидский, С. Барто, Е. Буртсев ва дигарон офарида шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Аҳамияти таърихии намоиш дар он аст, ки ин асарҳои нодир аз солҳои 60-уми асри XX то инҷониб ба намоиш бароварда нашуда буданд. Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, мавзуъҳои табиати нотакрори диёр, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, дӯстии халқҳо, об, расму оин, анъанаҳо ва дигар унсурҳои миллӣ инъикос ёфтаанд. Бояд ёдовар шуд, ки намоиш то 22-юми апрел идома меёбад.
КОНФЕРЕНСИЯИ МУҲИМ ДАР ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКА
Чанде пеш дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд, – хабар медиҳад Институт.
Дар ҳамоиш маърузаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои гуногуни илми астрономия, аз ҷумла «Тақвимҳои қадимӣ дар асоси мушоҳидаҳои мавқеи Офтоб дар болои уфуқ», «Омӯзиши фаъолнокии ҳастаи кометаи даврии 12P/Pons-Brooks дар солҳои 2023-2024», «Таҳқиқи хусусиятҳои мадорӣ ва физикии кометаи С/2019 T4 (Atlas) дар асоси мушоҳидаҳои расадхонаи Санглох», «Басомади ҳаррӯзаи заминларза дар Тоҷикистон» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
СОМОН ЭЙР ПАРВОЗҲОРО ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ – КРАСНОЯРСК БАРҚАРОР МЕНАМОЯД
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе – Красноярск – Душанбе аз нав роҳандозӣ менамояд. Шуруъ аз 14-уми апрел парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе сурат мегиранд ва мусофирон метавонанд аз онҳо бароҳат истифода баранд. Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иҷро мегарданд ва вақти парвоз аз Душанбе 13:30 ва баргашт аз Красноярск 20:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Красноярск 3 соату 45 дақиқа ва баргашт 4 соатро ташкил медиҳад.«Барқарор шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Красноярск аз ҷидду ҷаҳди «Сомон Эйр» бобати тавсеаи шабакаи парвозҳо ва фароҳам овардани робитаи мувофиқу муносиб байни нуқтаҳои муҳими Тоҷикистону Россия шаҳодат медиҳад. Хатсайри мазкур, ҳамчунин, барои таҳкими равобити фарҳангиву иқтисодии байни давлатҳо иқдоми муҳим мебошад.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" пайваста баҳри пешниҳоди хизматрасонии босифат ва таъмини иҷрои саривақтии парвозҳо кӯшиш менамояд ва дар навбати худ ба интихоб шудани ширкат аз ҷониби сайёҳон ҳамчун интиқолдиҳандаи боэътимод боис мегардад», – иброз дошт Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
Чиптаҳо дар сомонаи ширкат www.somonair.com, замимаи мобилии Somon Air ва хазинаҳои чиптафурӯшӣ дастрас мебошанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
НАВРӮЗ. ҶАШНИ ҲАМБАСТАГИИ АДИБОНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН
Зери ҳамин унвон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он як зумра олимону адибон аз ҷумҳурии ба мо наздику ҳамзабон иштирок доштанд. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зикр намуд, ки дарвоқеъ, рӯди Ому давоми асрҳо моро бо ҳам мепайвандад ва бо баракату файзи баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз сарзамини аҷдодӣ ва паҳнои Хуросони бузург ҳамешасабз боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки аз таҷлили маросими наврӯзӣ андаке гузаштаву Сездаҳбадар ҳам ба анҷом расидааст, суннатҳои дерини ҷашнӣ дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол побарҷоянд.
Ҳамчунин, Қобилҷон Хушвахтзода таъкид сохт, ки «чун анъана ҷашну суннатҳои наврӯзӣ дар мамлакатҳои қаламрави Наврӯз 40 рӯз идома меёфтааст. Аз ин рӯ, ҷойи хушист, ки имрӯз Наврӯзи оламафрӯзро бо ҳузури фаъоли ҷамъи дӯстону ҳамтаборони он сӯйи Ому ҷашн мегирем. Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзҳои офтобии Ватан ба дунболи таҷлили Наврӯз бо ташаббус ва ибтикори раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ин ҳамоиши муҳими илмию фарҳангӣ баргузор мешавад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз дар силсилаи ҷашну оинҳо ва маросими мардуми тоҷик ҷойгоҳи асосӣ дорад. Мардуми тоҷик давоми таърихи мавҷудияти хеш вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёде таъсис ва мавриди таҷлил қарор додаанд, ки бо рангу тобишҳои гуногун дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом ҷилва намуда, барномарезиҳои ҷашнии ононро зебу зинат додаанд.
Дар идома як зумра олимону муҳаққиқон ва шоирону адибони ҳар ду ҷониб доир ба таърих ва фарҳангу оинҳои суннатии мардуми тоҷикзабон ва ҷашни аҷдодии ниёкон, аз ҷумла Наврӯз, маъруза ва шеърхонӣ намуданд. Маҳфил дар охир бо замзамаи сурудҳои овозхонҳои варзида анҷом ёфт.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА “Ҷумҳурият”
РОҒУН. АВҶИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамбастагӣ бо бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр корҳои кабудизоркунӣ, аз ҷумла ниҳолшинониро вусъат доданд.
Дар арафаи Ҷашни Наврӯз заҳматкашон, коргарону мутахассисони НБО “Роғун”, ташкилоту муассисаҳо ба ҳашари умумӣ баромада, дар ин чорабинии мардумӣ саҳми арзанда гузоштанд. Тавре роҳбари бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Абдулазиз Боев гуфт, тибқи нақша, имсол бояд дар майдони 5 гектар ба ҷои боғҳои куҳна боғи нав бунёд намоем. Айни ҳол 2 гектар боғи нав бунёд кардем. Ҳамчунин, бояд 13 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонда шавад. Дар иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ деҳоти Қадиоб ва Луғур саҳми муносиб гузоштанд.
Бо дастгирии раиси шаҳр Сунъатулло Саидзода дар маркази он низ садҳо бех ниҳоли ороишӣ шинонда шуд. Корҳои созандагию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ дар шаҳр ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома доранд.
Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 январ 2024, Ҷумъа
Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479