НАВРӮЗ. ПУЛИ РАМЗИИ ДӮСТӢ

15 апрел 2025, Сешанбе
8
То имрӯз хурду калони кишвар, зери таассуроти хотирмони таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҳастем. Ин бесабаб ҳам нест, зеро баргузории иди Наврӯзи оламафрӯз бо шукӯҳу шаҳомат, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гашта, сарварони ду давлати ҳамсояву дӯст – Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаровро сари дастархони сулҳу салоҳ ба ҳам овард, дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад.
Кулли ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ тантанаҳои наврӯзиро дар Тоҷикистон бо ширкати се сарвари кишварҳои ҳамсоя бахушӣ истиқбол кардаву ин ҳамоишро таҷрибаи бузурги омӯзиш ба ҳамаи қитъаҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳамсоягариву дӯстиву рафоқат эътироф мекунанду Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва мунодии сулҳ эътироф менамоянд.
– Ҳама бахту тахтамон, иқболамон, осудагиву рӯзгорамон, ҳама муваффақиятҳои иқтисодиву давлатиамон дар заминаи дӯстӣ миёни мардуми ӯзбеку тоҷик аст, ки садсолаҳо идома дораду боз ҳамин хел побарҷо хоҳад монд, – иброз дошт Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Бо иштироки президентҳои се давлати ҳамсоя таҷлил шудани Наврӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд иқдому ташаббуси олиҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки халқҳоямонро аз пештара дида, боз ҳам наздиктар месозад ва меҳрро миёни ҳасояҳо афзун хоҳад кард. Ин ташаббуси Сарвари Тоҷикистон зуд самараи нек ба бор овард ва бо пешниҳоди муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон, соли оянда бо ширкати мардуми се кишвар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Фарғона доир хоҳад шуд.
– Хеле боз чунин таассуроти ғанию хотирмонро аз чорабиниҳо набардошта будам, бисёр олиҷаноб, хеле олӣ. Бо мушакпарониҳои рангин поён ёфтани иди Наврӯзи навбаҳорон дар шаҳри қадимии Хуҷанд ҳаргиз аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд,– гуфт Юлдуз Усмонова, Артисти халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон. – Бигзор халқҳоямон зери осмони софу беғубори дӯстӣ умр ба сар баранду орзуҳои ширин дар сар дошта бошанд. Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бошад!
– Иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон бароям фаромӯшношуданист, – бо дили пур аз фараҳу шодӣ иброз дошт Аида Айзода, ҳунарманд аз кишвари Қирғизистони бародар. – Ростӣ бори аввал ба шаҳри Хуҷанд омадам ва аз ин басо хушҳолам; аз дидани диёри сабзазору гулафшон ба ваҷд омадам. Ба меҳнатдӯстиву меҳмоннавозӣ ва меҳанпарстии бародарони тоҷик бовар ҳосил кардам. Бо самимияти афзун, ба сарварони се ҷумҳурии бародар барои чунин иди бузурги дӯстӣ арзи сипос менамоям!
Дар ин рӯзҳои баҳориву наврӯзӣ ба Ватани азизи мо меҳмонони хеле зиёд аз давлатҳои дур низ ташриф оварда, ҳамроҳи мо Наврӯзи хуҷастапайро истиқбол гирфтанд ва бо бардоштҳои зебо ба Ватани худ бозмегарданд.
Хонум Тониё Кайҳон, шаҳрванди эронитабори Австрия, аз дидану тамошоҳои мавзеъҳои зебои Тоҷикистони соҳибстиқлол, тантанаҳои иди Наврӯз, урфу одатҳои мардуми тоҷик бо илҳоми тозаву рангин сухан гуфт:
– Ман аз он тавре ки Тоҷикистонро тасаввур мекардам, зиёдтару беҳтар дарёфтам: чи аз лиҳози фарҳангу чи аз лиҳози таъриху анъанаҳои қадимӣ. Хеле зебост, хеле ёдмон аст таассуроти ман аз истиқболи Наврӯзу меҳмоннавозии мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг, хеле дӯст доштам Душанбеву Хуҷанд ва Панҷакентро. Акнун борҳо хоҳам омад ба ин ҷо, худро бегона намегирам. Ташаккур ба созмондиҳандаҳои ин ҳама ҳамоишҳои идона!
Ли Ао, шаҳрванди Чин, аз омаданаш ба Тоҷикистон ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ изҳори шукр кард:
– Дидам, ки Наврӯз воқеан ҳам дар мамлакати шумо хеле самимона, бо шукӯҳ ид мешавад. Суманакпазӣ, хӯришҳои гуногуну болаззат ба ман писанд омаданд. Дар Хуҷанд бо иштироки се роҳбари кишварҳои ҳамсоя доир шудани Наврӯз, бешубҳа, аҳамияти байналмилалӣ дорад, ки дар сатҳи олӣ гузашт. Аз ҳунарнамоии санъаткорони се халқ ҳаловати маънавӣ бардоштам, эҳсос кардам, ки воқеан ҳам Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72