ПИРЯХҲО. КОҲИШИ МАНБАЪҲОИ ОБИ ОШОМИДАНӢ ОҚИБАТҲОИ МАРГОВАР ДОРАД

15 апрел 2025, Сешанбе
11
Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунанд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намоянд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаҳову дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар гуна пайомади офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалии замони муосир мубаддал гашта, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинони осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз омилҳо ва мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсиргузоранд, бамаротиб меафзоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 дар Саммити оби Осиё ва уқёнуси Ором қайд намуда буданд: «Тамоюли рушди ҷаҳонӣ чунин аст, ки қимати об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳои зарурӣ барои рушди устувори ояндаи ҳар як кишвар ва минтақа боло истад».
Бояд зикр намуд, ки дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Пиряхҳои Тоҷикистон, асосан, дар Помири шимолию ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Пиряхҳои аз ҳама калон дар қисми шимолу ғарбии Помир мавҷуданд. Бузургтарин пиряхи минтақа – Ванҷях (пештара Федченко), ки майдони калон ва системаи васеи қаторкӯҳҳоро ишғол менамояд, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор дорад. Пиряхҳои хурду бузург дар нуқтаҳои баландтарини кӯҳҳои Тоҷикистон – қуллаи Исмоили Сомонӣ ва қуллаи Абуалӣ ибни Сино ҷойгиранд.
Тибқи пешгӯиҳои олимон, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи майда пурра аз байн меравад, зеро пиряхҳо дар ҳавзаи дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар баланд шудани ҳарорат, кам гаштани боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст.
Қобили зикр аст, ки дар иртибот ба тағйирёбии иқлим, кам шудани захираҳои об, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳое, ки метавонанд ояндаи башариятро зери хатар гузоранд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош доранд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли саривақтии ин мушкилоти табиӣ ҷалб намоянд. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Ташаббускории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт боис гардид, ки шаҳри Душанбе маркази баргузории ҳамоишҳои бошукӯҳи байналмилалӣ гардида, кишвари азизи мо дар сархати расонаҳои бонуфузи ҷаҳон қарор гирад.
Соли 2023 дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид бист сол сипарӣ шуда, дар ин муддат аз ҷониби ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ 9 қатънома қабул гардидааст, ки 5 қатънома оид ба рафъи мушкилоти обро дар бар мегирад. Қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҷамъомадҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёд дар пай доранд.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72