ИФТИХОРИ БУЗУРГИ МО
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” аз охири солҳои 70-уми асри гузашта, ки он замон номи “Тоҷикистони советӣ”-ро дошт, барои хонадони мо мақому эътибори махсусро дошт. Хушбахтона, имрӯз низ он маҳбубиятро аз даст надодааст. Баръакс, сол ба сол он дар ҳоли афзудан мебошад. Хосса, дар ин шабу рӯз, ки моро аз воқеоти ҷаҳони мураккаб, роҳнамоиҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабардор месозад.
Ба андешаи ин ҷониб, “Ҷумҳурият” рӯзномаи рӯимизии ҳар корманди кишвар ва зиёии асили он бояд бошад.
Дар ин рӯзнома, ба ҷуз матлабҳои расмӣ, маводҳои таҳлиливу таҳқиқӣ ва фароғатӣ нашр мегарданд. Мутахассисони соҳаҳои гуногун дар саҳифаҳои он зуд-зуд баромад ва дурнамои фаъолияташонро баррасӣ мекунанд.
Аз саҳифаҳои рӯзнома дарёфтам, ки он сад сол боз нашр мегардад ва шумораи нахустини он бо номи “Иди тоҷик” ба табъ расида будааст. Баъдҳо номашро ба “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх”, “Тоҷикистони советӣ”, “Тоҷикистони шуравӣ” ва “Ҷумҳурият” иваз кардааст. Муҳимтар он мебошад, ки тағйири мақсаду маром нанамудааст ва барои ҳифзу пойдории давлат, миллат, арзишҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдатӣ миллӣ, расму ойинҳои миллӣ хидматҳои арзандаву фаромӯшношуданӣ намудааст.
Замоне кас ба саҳифаҳои он назар мекунад, ба хубӣ ва осонӣ ин ҳақиқат маълумаш мегардад, ки “Ҷумҳурият” таърихи миллати мо мебошад. Барои ин рӯзнома шахсиятҳои маъруфу маҳбуби кишвар, аз ҷумла устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Мирзо Турсунзода, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Абдулҳамид Самад, Самад Ғанӣ, Мутеулло Наҷмиддинов, Ширин Бунёд ва дигарон матолиби муҳиму хубу хонданӣ навиштаанд. Бархе аз ин шахсиятҳо дар ин рӯзномаи муътабар фаъолият доштанд ва саҳми арзандаву таърихии худро гузоштаанд.
Аз матолибе, ки дар ин сол нашр гардиданд, дарёфтам “Ҷумҳурият” мактаби бузурги рӯзноманигорон ва адибони асил будааст. Баргузории маҳфилҳои адабӣ дар пешрафти адабиёти муосир таъсиру нуфузи зиёд доштааст.
Ба аҳли байтам таъкид кардаам, ки ин рӯзномаро дӯст бидоранд ва пайваста мутолиа бикунанд, то ҳувияти миллиашон боло биравад ва махсусан аз вазъи кишвар, ташаббусҳову иқдомоти неку дурбинонаи Пешвои миллат огоҳ бошанд.
Чандин сол аст, ки ин рӯзномаи дӯстдоштаам озмунҳои гуногуни сиёсиву адабӣ баргузор ва дар сатҳи баланд ҷамъбаст мекунад. Ин озмунҳо на танҳо дар болоравии сатҳи маънавиёти мардум асар дорад, балки ҳаводоронашро меафзояд. Ҳамин аст, ки теъдоди хонандагони он аз 50 ҳазор гузаштааст. Яъне, дар як ҳафта чун панҷ маротиба нашр мешавад, он беш аз 250000 нусхаро ташкил медиҳад. Дар кишвар чунин як рӯзномае, ки сад сол умр дошта бошаду ҳафтае 5 маротиба бо теъдоди бештар аз 250000 нашр шавад, вуҷуд надорад.
Рубрика ва гӯшаҳои нави ин рӯзнома дар солҳои охир диққати ҳар хонандаро ба худ ҷалб месозад. Махсусан саҳифаи “Шоми шанбе”-ро мо бесаброна интизор мешавем. Матолиби хурди он як ҷаҳон маънӣ доранд ва инсонро ба пешрафту созандагӣ ҳидоят месозанд.
Ин рӯзнома барои таърихнависони миллат маводи зиёди дуруст дода метавонад. Бовар дорам, ки минбаъд низ ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Ҳамчунон ки “Бедории тоҷик” барои бедории миллат дар солҳои пурошӯбу низоъҳои миллӣ хидмати шоиста кард, имрӯз низ “Ҷумҳурият” ин вазифаро дар дигар шакл идома дода истодааст.
Воқеан, агар миллат бедор набошад ва пешрафт надошта бошад, маҳв ва ё дастнигар мешавад. Махсусан ҷавонон аз ҳар замони дигар бояд бедортар бошанд, то зархарид нагарданду шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ нашаванд. Бархе аз намояндагони ин гурӯҳро чун меоранду бозпурсӣ мекунанд, маълум мегардад, ки фирефтаи хоҷагонашон шудаанд. Ҳол он ки ин ҷавонон бо огоҳӣ метавонистанд, ки барои давлату миллатамон, амнияти кишварамон хидматҳои арзандаву фаромӯшношуданӣ бикунанд.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) таъкид доштанд: “Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодаанд”. Албатта, вазифаи мо - кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки дар иҷрои ин барнома саҳми шоиста бигирем ва нагузорем, ки ҷавононамон бо мафкураҳои танг шомили гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бигарданд.
Дар ҳақиқат, ҳамаи мо, инчунин, вазифадорем, ки дар ҷаҳони ноорому вазъи мураккаб, афзоишу таҳдидҳои хатарҳои муосир бар он истиқлол, ваҳдати миллӣ, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, манфиатҳои кишвар бештару беҳтар фаъолият намоем ва масъулияти ҷиддӣ эҳсос бикунем.
“Ҷумҳурият” барои иҷрои ин вазифаҳо нашр мегардад ва муҳаббати ману аҳли хонадонамон ба он аз ин рӯст.
Бо “Ҷумҳурият” будан барои мо дар ҳақиқат ифтихори бузург аст.
Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН