АЗ ИНТИЗОР ТО ИФТИХОР

15 апрел 2025, Сешанбе
1
Дар зери партави офтоби нубуғ ва шеъри оламгири ӯ - Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, зистану аз ҳастӣ башорат додан давлатест бузург ва саодатест бурун аз гуфтану ҳама шарҳу баён. Ин офтоб беш аз ҳазор сол медурахшад ва ҳамчунон нуру гармӣ мебахшад. Шукӯҳу ҷалоли он ба ҳеҷ давре кам нашуда ва ҳам нахоҳад шуд. Дар тавсифу тавсифномаҳо нагунҷидаву намегунҷад.
Ҳазор солу беш аз ҳазор сол бо мо буду бо мо хоҳад буд. Балки ба сад ҳазор сол ин офтоб моро гармиву рӯшноӣ мебахшад ва башорати ҳастии ин миллатро ба ҳар рӯз медиҳад.
Забони Рӯдакӣ забони ноби тоҷикист. Наметавон онро инкор карду эътироф нанамуд. Забони Рӯдакӣ забони шеъри асилу оламгир аст. Забони Рӯдакӣ забонест ҷовидонӣ ва сармояву пояи зиндагонӣ. Пеши нубуғи ӯ ва шеъри баландаш ҳама сари таъзим фуруд овардаанд.
Бас бузургон саъй ба харҷ доданд ва умри гаронмояро сарф карданд, то асрори ин нубуғ ва шеъри ҷовидонаашро барои худу оламиён кашф бикунанд, аммо муваффақ нагардиданд. Ба пайравияш шеър гуфтанд, вале заъфу нотавонии худро дар назди ӯ ҳамон замон бештару бештар дарёфтанд.
Бар ин офтоб кӣ раҳ бурда, то дигарон бибарад? Корест, охир, бурун аз ақл ва андешаест нанги ҳар нақл. Ин офтоб худ далели худ аст ва гунҷоишаш на дар ҳар гуфтушунид аст.
Аз ин офтоби дурахшон бояд ба ҳар рӯз баҳраҳо бибарему неру бигирем. Ин офтоб аз мо чизеро хостор нест. Беминнат, бедареғ нур мебахшаду гармӣ. Ин офтобест, ки наметавон бо домонаш пӯшид. Бо Рӯдакӣ ифтихор доштанд, бо Рӯдакӣ ифтихор дорем, аммо шукри неъматашро, ашъори ҷонпарварашро бояд бештар, бояд беҳтар ба ҷо биорем. Дар зеҳну дилу вуҷуди мо ашъори ин нобиғаи ҳама давру замонҳо бояд сахт нақш бандад. Пас аз ин мо метавонем худро аз аҳли хирад бидонему бихонем. Ашъори ӯ дониш асту ҳикмат асту ақл.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Рӯдакӣ ҳама забонҳо ва ҳар гуна забонро як ва бар мо дарёфти донишро осон карда ва ҳам сангҳоро бароямон нарм намуда, то нигоштани дониш дар онҳо душворамон нагардад. Пас, чӣ гуна ба ин устоди устодон изҳори сипос накунему эҳтиромашро ба ҷо наёрем? Арҷ гузоштани ӯ аз ҷониби ҳар тоҷик, хосса, ҳар зиёии асил воҷиб аст. Ӯ сардафтари адабиёти мост, адабиёте, ки ҷаҳониён орзуи доштани онро мекунанд.
Рӯдакиро мо бояд бо чашми дигар бубинему бо гӯши дигар бишнавем, на бо ин чашму гӯши зоҳир. Ӯ дунёро ва моро чун ба он чашм диду ба он гӯш шунид. Ба таъкиди ӯ, Одамушшуаро, нахуст бояд чашми хирадамон боз бошаду дидавар.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ва ҳам барои наҷоти мо аз тӯфони азиму ҳалокатбори даҳр баён медорад:
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Ба ҷаҳон магар бо чашми хирад нигаристаем?
Дарё ва шукӯҳи онро дидаву дарк кардаем? Киштие аз накукорӣ сохтаем? Ин омӯзгори мушфиқу ғамхор ба ин пурсишҳо посух меҷӯяд, посухи мусбат, дар ҳама давру замон, аз мо. Ин посухро на барои худ, балки барои мо хостор мебошад.
Медонаду мегӯяд, ки умр кӯтоҳ аст ва фурсати ин гуна як имтиҳон кам.
Агар посухе мусбат ва сазовор дорем, Рӯдакӣ моро мебинад, Рӯдакӣ моро мешунавад ва аз он шод мегардаду қаноатманд.
Агар ҳам ин гуна посухро надорем, ӯро дар миёни худ, яъне ғамгинон мебинему аз забонаш мешунавем:
Маро дилест, чу аз ғамгинӣ дур шавад,
Ба ғамгинон шаваду ғам фароз гирад вом.
Ӯ аз мисли мо – зиндаҳо зиндатар аст ва ҳеҷ ором намегардаду хотираш ҷамъ намешавад, то замоне ки бар сари нафси худ амир набошем.
Шунидан аз забони ин нобиға осон аст, ки:
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Аммо мушкил асту ғамафзо, вақте мебинему мешунавем дунё ба фитна андар асту ҳамчу аждар аст. Яъне, ҳар куҷо «бузург»-ест, фитодаро бо пой мезанаду бо силоҳ маҳв месозад. Ва низ аз ҳақ мегӯяду аз он ба ҳазор фарсах худ дур аст ё мегурезад.
Ӯ ҳаргиз хостори он набуда ва нест, ки мо ин зиндагии чи кӯтоҳ ва чи дарозро бо ғам бифарсоему аз ҳамаи ҳақиқаташ ба нодониву ҳасрат берун биёем.
Зиндагони чи кӯтаҳу чи дароз,
На ба охир бимурд бояд боз?
Пас чӣ бояд кард? Оре:
Шод зӣ бо сияҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
Худ ҳамин гуна зист, агарчи дар поёни умр ё худ даврони пирӣ бас хораш карданд ва дар он ҳол гуфт:
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд.
Яъне, гӯё аз пирӣ шикоят кард. Ин шикоят ба андеша ва дар андешаи мо аст. Онеро, ки аз мансаби таҳқиқи анбиё насиб гардидааст («Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб»), ҳаргиз забон ба шикоят намекушояд. Ин қасида ҳушдорест бар мо, то ба қадри зиндагӣ, хушиҳои он, хосса даврони ҷавонӣ, бирасем.
Ва ҳам аз панду андарзи ӯст бар мо, то озор, озори беш аз гардун набинем ва ба нодонӣ аз замин гули ҳасрат начинем:
Озори беш бинӣ з-ин гардун,
Гар ту ба ҳар баҳона биёзорӣ.
Ӯ, ки донишу хираду таҷрибаи рӯзгор бисёр дорад ва рисолати ҳаётии худро пештару бештару беҳтар шинохтааст, моро раҳнамоест, раҳ менамояд, раҳи дуруст, раҳи ошно.
Ӯ моро то ба манзили мақсуд бе хавфу хатар мебарад.
Ӯ шукӯҳу ифтихорамон мебахшад.
Китоби Рӯдакӣ бояд китоби рӯимизии ҳар кадоми мо бошад.
Китоби Рӯдакӣ ҳамасола бо забонҳои гуногун бо теъдоди зиёд нашр бигардад. Китоби Рӯдакӣ бояд беҳтарин туҳфа ба дӯстону пайвандону наздикон ва мусофирону ғарибон бошад. Гӯру мақбараи ӯ бояд зиёратгоҳи аҳли дил ва ҳар тоҷикистонӣ ва шоирони дунё бигардад. Ҳар рӯз бояд рӯзи Рӯдакӣ бошад ва рӯзи Рӯдакӣ беҳтарин рӯз. Тухми муҳаббати Рӯдакӣ ва ашъори ҷонпарварашро аз хурдӣ бояд дар замири дилҳо кошт. Омӯзгор бояд бо меҳри беандоза, ифтихори бепоён ва дониши мукаммал ба хонандагону толибон аз Рӯдакиву ашъораш дарс бигӯяд.
Пеши ин нобиғаи бузург бояд сари таъзим фуруд оварданро биомӯзему бо ӯ ифтихор бикунем. Рӯдакиро бо он шаҳомату бузургие, ки дорад, дуруст бишносем ва бар дигарон ошно бинамоем.
А.РАҲИМ, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72