МЕЪМОРӢ. АВЛАВИЯТ БА ИҶРОИ ТАЛАБОТИ ҶОМЕАИ МУОСИР
Меъморӣ ва сохтмон дар рушди ҷомеаи муосир нақши калидӣ доранд. Коршиносон таъкид медоранд, ки дар шароити босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон меъморӣ ва сохтмон бояд арзишҳои милливу фарҳангиро ҳифз намуда, ба талаботи нави замони муосир мутобиқ шаванд, аз навоварӣ ва таҷрибаҳои экологӣ истифода бурда, ба рушди иқтисодиёту тарзи зисти сокинони мамлакат посухгӯ бошанд.
АҲАМИЯТИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Имрӯзҳо сохтмон ва меъморӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт буда, ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозанд ва ба соҳаҳои марбута, аз қабили истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, тарроҳии бинову иншоот ва хизматрасонии меъморӣ мусоидат менамоянд. Меъморӣ на танҳо намои зоҳирии шаҳрҳо, балки бозкунандаи санъати меъмории халқу миллатҳо мебошад. Таъсир ба сифати зиндагӣ ҷанбаи дигари мусбати меъморӣ ва сохтмон мебошад, зеро сифати меъморӣ ва сохтмон ба ҳаёти одамон рабт доранд. Чунончи, функсионалӣ ва бароҳатии биноҳо, ҷолибияти зоҳирии онҳо ва қобилияти ҳамгироӣ ба муҳити зист ба ҳолати равонӣ ва ҷисмонии сокинон таъсиррасонанд. Ҷойҳои хуби тарҳрезишудаи ҷамъиятӣ, аз қабили боғҳо ва майдонҳо, ки алҳол дар пойтахту шаҳрҳои бузург бунёд меёбанд, ба фароғат, сайругашт ва вақтхушии одамон мусоидат менамоянд.
ТАВАҶҶУҲИ ҲУКУМАТ БА СОҲА
Бо назардошти ин, Ҳукумати мамлакат пайваста ба сифати меъморӣ ва сохтмон дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт аз тадбирҳои муассир кор мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (28-уми декабри соли 2024) ба Маҷлиси Олӣ самтҳои дурнаморо оид ба инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва бунёди шаҳрҳо таъкид намуда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун вусъат ёфта истодааст. Дар ин робита, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ба сифати сохтмон ва санъати баланди меъмории иншооти бунёдшаванда, ки барои зебо гардондани симои шаҳру ноҳияҳо мусоидат карда, ба мардум садсолаҳо хизмат намоянд, аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Бояд гуфт, ки масъалаи пешравии бемайлони санъати меъмориву шаҳрсозӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мақому эътибори махсус пайдо карда, зери таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Ин буд, ки бо саъю кӯшиши меъморону мутахассисони соҳа, дар давраи на чандон зиёди таърихӣ санъати меъмориву шаҳрсозии таърихан куҳану мазмунан муосири тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Имрӯз дар ҳар гӯшаи мамлакат, махсусан дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои стратегӣ, аз санъати волои аҷдодии меъмориву сохтмонии миллати тоҷик, ки дар сохтмонҳои азиму таърихӣ таҷассум ёфтаанд, метавон шиносоии бештар пайдо кард. Ҳоло ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва барои бо сатҳу сифати баланд бунёд намудани иншоот дар ҳама гӯшаи мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 1-уми январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ бунёди 29 ҳазору 26 иншоот ба нақша гирифта шуда, 18 ҳазору 800 иншоот (64,8 фоиз) ба истифода супурда шудааст. Сохтмони 5 ҳазору 529 иншоот идома дорад.
БАРАСМИЯТДАРОРИИ ҲУҶҶАТҲО ТАРИҚИ ЭЛЕКТРОНӢ
Мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба густариши раванди рақамикунонӣ, дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ бо тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд. Айни замон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бо тариқи электронӣ дар сомонаи хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумита www.kifs.tj ба расмият дароранд.
Барои дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумита пурра ба кор даровардани низоми электронии коргузорӣ, ҷойгиронии маводҳои дахлдор ва фарогири ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумита, барои дар фаъолияти корӣ татбиқ кардани таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва марҳала ба марҳала ҷорӣ намудани низоми электронии қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ портали электронии корхонаҳои мазкур таъсис ёфта, мавриди корбарӣ қарор доранд.
СИСТЕМАҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ ДАР БИНО ВА ИНШООТ
Бо мақсади рушди «иқтисоди сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлм, кам кардани партовҳои газҳои гулхонагӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 тасдиқ гардид. Амалӣ намудани Стратегияи мазкур барои расидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.
Бо ҳамин мақсад, фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон аз 29-уми марти соли 2024 дар бораи истифодаи системаҳои барқи офтобӣ дар бинову иншоотҳо ба тасвиб расид. Тибқи он, аз 1-уми апрели соли 2024 истифодаи системаҳои барқи офтобӣ зимни сохтмон ва бозсозии тамоми намуди биноҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ҳатмӣ мебошад. Махсусан, ширкатҳои сохтмонӣ вазифадоранд, ки системаҳои барқи офтобиро дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, маъмурӣ, ҷамъиятӣ, варзишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯрокворӣ, биноҳои истиқоматӣ, роҳу кӯчаҳо ва боғҳои истироҳатӣ ҷорӣ созанд. Кумита ният дорад, ки дар оянда ин равандро дар кулли Тоҷикистон ривоҷ диҳад.
Хуллас, меъморӣ ва сохтмон барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон аҳамияти бузург дошта, на танҳо ба намуди зоҳирии шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин зебоӣ, шукӯҳ ва рангорангӣ зам мекунанд, балки ба соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва экология таъсири мусбат расонда, ҳамчун муаррифгари санъати волои миллӣ хизмат менамоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН