ДӮСТИИ АБАДӢ. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

15 апрел 2025, Сешанбе
22
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ, таҳти унвони “Ман дӯсту дӯстӣ гуфтам” ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд.
Даврон Сафарзода, ректори Академия, зикр намуд: “Имзои Эъломияи дӯстии абадӣ аз чанд ҷиҳат барои давлатҳои минтақа аҳамияти сиёсию таърихӣ дорад. Аз нигоҳи консепсияи тамаддунию ҷуғрофӣ Осиёи Марказӣ воҳиди тому ягонаи геополитикиро ташкил дода, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти он бояд дар натиҷаи ҳамгироӣ ва ҳамзистии осишта таъмин карда шавад. Яъне, давлатҳои минтақа ҳам аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва ҳам аз нигоҳи тамаддунӣ ба ҳам вобаста мебошанд”.
Зикр гардид, ки Эъломияи мазкур якчанд баҳсҳои минтақавии марзиро, аз қабили баҳси марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Тоҷикистон, Қирғизистону Ӯзбекистон, ки давоми чанд даҳсола ҳалли худро талаб мекарданд, хотима гузошта шуд. Махсусияти дигари ин Эъломия бидуни миёнарав – давлат ва ё созмони дигар имзо гардидани он мебошад, ки ҳолати камназир дар муносибатҳои минтақавии ҳалли баҳсу низоъ ба шумор меравад. Бе миёнарав сурат гирифтани раванди Эъломияи дӯстии абадӣ бозгӯи он аст, ки дар доираи имзои он манфиатҳои миллии давлатҳои аъзо ва халқи ҳамин минтақа ба инобат гирифта шуда, ҳимоя мегардад.
Дар ҳамоиш Назира Амирбекзода, директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Некрӯз Сафарзода, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Академия доир ба аҳамияти Эъломияи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, таҳдиду хатарҳои нави геополитикӣ, рушду инкишофи ояндаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маъруза хонданд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАНТАНА ДОШТ
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар суханронии худ чунин гуфт: “Истеъдоди нотакрори ҳунармандии занону духтарони тоҷик онҳоро ҳамчун занони бохираду порсо, созандаву офаранда, фарҳангиву фарҳангсолор муаррифӣ менамояд. Баргузории чунин намоишгоҳҳо, озмунҳо, фестивалҳои ҷумҳуриявӣ имкон медиҳад, ки паҳлуҳои нозуки санъати асили ҳунармандӣ, кадбонугӣ, маърифати оиладорӣ, сарфаву сариштакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беҳтарин ҳунармардон қадр карда шаванд. Ин васила барои пайдо намудани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши расму оин, мероси ниёгон, анъанаи миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа такони хуб мебахшад».
Дарвоқеъ, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкасбу соҳибдониш гардидани занону духтарон, ҷалби занон ба омӯхтани касбу ҳунар, ҳамзамон, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар ин радиф, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, иброз дошт: “Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони шарафманди тоҷик дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ соли ҳафтум аст, ки дар мамлакат гузаронда мешавад. Итминони комил дорем, ки бо баргузор намудани чунин озмунҳои тарғиботӣ-маърифатӣ теъдоди зиёди занону духтарони соҳиби касбу ҳунар ва ҷойи кори доимӣ зиёд мегардад”.
Бояд гуфт, ки Озмун аз рӯйи 6 номинатсия: «Беҳтарин ороиши дастархон», «Эҳёи таомҳои миллии азбайнрафта», «Омода намудани қурутоб», «Омода намудани рубич», «Омода намудани хӯриши миллӣ», «Омода намудани кулчақанди миллӣ» баргузор гардида, дар он Лайлӣ Мусоева (ш. Душанбе), Камуна Ҷумъахонова (ш. Хоруғ), Муяссара Қурбонова (ш. Хуҷанд), Гулрухсор Бухориева (ш. Кӯлоб), Солеҳа Назарова (ш. Ҳисор) ва Раъно Шарофиддинова (н. Рашт) сазовори мақоми аввал гардиданд.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72