МАҚОМОТИ СУДӢ. РАҚАМИКУНОНИИ СОҲА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

15 апрел 2025, Сешанбе
9
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030-ро давраи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва содагардонию шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Воқеан, рушди инноватсия дар пешрафт ва тағйироти иҷтимоии ҷаҳони муосир нақши бориз дорад. Рақамикунонӣ ба баланд бардоштани самаранокии равандҳои тиҷорат, рушди соҳаҳои нави иқтисодиёт, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ самтҳои муҳим муайян шуданд, ки бояд ба онҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад. Албатта, ҳадаф аз ин ташаббус ба зинаи нави рушди инноватсиониву технологӣ расондани Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, ба вазорату идораҳои дахлдори соҳа супориш дода шудааст, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Қобили зикр аст, ки рушди соҳаи мазкур на танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дорад, балки ба дигар соҳаҳо, аз ҷумла пиёдасозии вазифаҳои хизматии мақомоти судӣ низ, мусоидат менамояд.
Дар ин росто, Суди Олӣ ҳам дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамову сармашқи кори худ медонад, зеро рақамикунонӣ ба бунёди ҳукумати электронӣ дар ҳама самтҳо нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, барои иҷрои дастуру супоришҳо ва омӯзиши гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, бо ташаббуси роҳбарияти Суди Олӣ дар бинои мақомоти мазкур ҳамоиши омӯзишӣ-амалӣ бо мақсади таҳкими дониш ва такмили малакаҳои касбии кормандони мақомоти судӣ доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки мутахассисон аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҷараёни омӯзиши назариявӣ ва амалӣ барои кормандони судҳо тарзи кор бо ҳуҷҷатҳои электрониро шарҳ дода, ба иштирокдорон усулҳои самараноки истифодаи имконоти рақамиро омӯзонданд. Толори электронӣ, ҳамчун макони муосири омӯзиш ва табодули таҷриба имкон дод, ки равандҳои судӣ бо усулҳои инноватсионӣ мавриди таҳлил қарор гиранд. Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди касбӣ ниҳоят муҳим буда, ҷиҳати беҳтарсозии раванди кор бо ҳуҷҷатҳои электронӣ нақши бориз дорад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти судӣ ҳамасола дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат нақшаҳои махсуси фаъолиятро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои мушаххасро амалӣ месозад.
Хуллас, эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия як қадами муҳими стратегӣ буда, он имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба тағйироти ҷаҳони технологӣ мутобиқ шавад, рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сифати зиндагии аҳолиашро беҳтар созад.
Одинашоҳ САФАРЗОДА, судяи суди ш. Душанбе
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72