ДИЛАМ БА ЁДИ МОДАР ГУМ ЗАД

15 апрел 2025, Сешанбе
2
Воқеан, ҳаёт аҷиб аст. Қариб ҳама чиз мегузарад ва он чи мемонад боқӣ хотира аст. Хотираҳо хоҳ нохушанду хоҳ хушоянд, тамоми умр моро тарк нахоҳанд кард. Махсусан, вақте дар хилвату танҳоем. Мисли ҳамин лаҳза, зери сояи санавбар, миёни гулҳои шукуфта ва рангоранги зеботарин гулгашти Душанбеи азиз. Пеши чашми ман ду гулдухтараки зебо чун ду парвона гирди шамъ канори модар машғули бозиянд. Садои хандаи кӯдакона ширинтар аз кулли садоҳои дигар хомӯшии ҳамин кунҷи гулгаштро шикаста, диққати маро сӯи худ мехонад. Чи лаҳзаи нотакроре, модар духтарчаи хурдиро бо як даст дар оғӯш дошта, онеро, ки бузургтар менамояд, болои арғунчак ҳой медиҳад. Намедонам чӣ гуна ва барои чӣ кабӯтари хаёли ман низ майли парвоз канори модарам кард. Модари марҳуму модари муштипарам. Модаре, ки гӯё дирӯзакак ману хоҳарамро ба ана ҳамин гулгашти зебо ба тамошо оварда буду ана дар ҳамин арғунчак ҳой медод ва солгарди зодрӯзамонро шодбош мегуфт. Аз мо хушҳолтар модарам буд. Баланду ширинтар аз ману хоҳарам механдид, ончунон аз сидқ механдид, ки гӯё худи ӯ зодрӯз дошт...
Тобистон буду ҳавои гарм. Субҳ акнун медамид, ки аҳли оилаи мо чун ҳамсояҳои дигар машғули кори хона буданд. Баъзеҳо, ки заминҳои корам доштанд, як-як аз хонаҳо бадар паси кори саҳро мерафтанд. Нафаронеро, ки ҳанӯз бандии танбаливу хоб сар аз бистар намебардоштанд, садои марғуладори подабони деҳа ҳушёру бедор мекард. Хуллас, барои ҳама як рӯзи нави одии зиндагӣ оғоз мегирифт. Вале на барои ману хоҳарам, зеро имрӯз мо ҳар ду соҳибҷашн будем. Аз хурдӣ солгарди ману хоҳарамро, ки ҳамагӣ як рӯз аз ҳам фарқ дорем, модарам якҷоя, бо як дастархони ба қавли худаш шоҳона ҷашн мегирифт. Ид болои ид гуфтагӣ барин модарам таъкид кард, ки зуд омода шавед, шуморо ба шаҳр ба тамошои боғи Парчам мебарам.
– Боғро тамошо карда, зодрӯзро ҳам дар шаҳр дар хонаи бибият ҷашн мегирем, –гуфт модарам. Мо, ки, аллакай, аз тамошои кӯчаҳои Душанбе мафтун шуда будем, баробари дидани боғи Парчам якбора ихтиёрро аз даст додем. Дигар ба куҷову ба кадом пайраҳа пеш ҳаракат карданамонро намедонистем. Ҳама ҷо зебову гулпӯш ва дилрабову ҷолиб менамуд. Ниҳоят даст ба дасту домони модарам ба назди арғунчакҳо расидем. Савори арғунчак гоҳе бо навбату гоҳи дигар якҷоя модарамонро садо мекардем, ҳар кадом мехост модар ба ӯ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад. Хурсандии модарам болотар аз шодии мо буд. Ҳар замон лаҳзаи муносиб ёфта, ману хоҳарамро бо навбат мебӯсид ё ҳой додаву сарамонро сила мезад...
– "Очаҷон" – гуфтани духтараки арғунчаксавор нохост маро берун аз дунёи хаёлот ба худ овард. Духтарча аз чанд қадам дуртар рафтани модари меҳрубонаш дар ҳарос шуда, ки каме баландтар ӯро садо дорад.
Ба худ омадам ва ҳамон лаҳза ҳис кардам, ки чӣ гуна қатраи сарди ашк аз рухсораам ба қафаси сина рехтан дорад. Оҳ, модар модар, магар ман метавонистам он лаҳза тасаввур кунам, ки замоне дарди бемодарӣ мекашаму марги туро мотам мегирам?!
Ёд дорам бароям яхмос харидӣ. Шояд барои ту ҳеҷ арзиш надошт, вале гумонам дунёро бароям туҳфа додӣ ва имрӯз дигар чизе аз молу сарвати дунёӣ пеши ман арзише баландтар аз он нахоҳад дошт.
Ман хеле зиёд ба ин боғ меоям, ба қадамҷои ту модарҷон. Меоям то осоиш ёбам, зеро дар ин ҷо ман худро чун дар канори ту, балки сари дастони ту эҳсос мекунам ва тамоми гулу гиёҳи ин гулгашти афсонавиро аз баландии дастони ту мебинам, тамошо мекунам ва лаззат мебарам. Вале имрӯз ором наёфтам. Ту худат медони барои чӣ модарҷон. Барои он ки дар симои ин зани хушбахт ва тифлакони аз навозишҳои беохири модар сархуш туро дидам ва худу хоҳаракамро дар канорат.
Ҳамин ҳоло дилам гум мезанад, хеле сахт мехоҳам, то ба ту занг зада, ҳайда гирам, ки дар боғ савори арғунчак духтарчаҳои гирди модар парвонаро дидам ва зодрӯзи худу хоҳарамро ба ёд овардам. Ба ёд овардам дастони гарму бӯйи мушкини гесувонатро, яхмосро, ки ҳадяам додӣ, модарҷон... Аммо ба куҷо ва чӣ гуна занг занам, модарҷон? Ба куҷо ва чӣ гуна?!
Басона САТТОРЗОДА , “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72