“РОҒУН”: АЗ АФСОНА ТО ҲАҚИҚАТ

15 апрел 2025, Сешанбе
7
1. ҶАСОРАТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми октябри соли 2006 дар Конфронси дуюм оид ба фурӯши неруи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе аввалин бор оид ба бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷониби худи Тоҷикистон изҳорот дода буданд. Дар ин ҷамъомади энергетикҳои ду минтақаи бузург аз тамоми олам роҳбарони сатҳи олӣ ва мутахассисони мумтози соҳаи энергетика иштирок доштанд ва ин изҳоротро ҳар кас ҳар хел қабул намуд.
Ман шоҳид будам, ки бисёриҳо, ҳатто кормандони соҳаи энергетикаи тоҷик ва мутахассисони хориҷии ба кишвари мо хайрхоҳ низ, китф дарҳам кашида, изҳори ҳайрат ва нобоварӣ мекарданд. Дар назари аввал, ҳақиқатан, ба ин бовари кас намеомад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ёрии ягон давлати абарқудрат ин Неругоҳи бузургро бунёд карда тавонад, зеро дар даврони шуравӣ дар оғози бунёди НБО “Роғун” аз ҳисоби институтҳои лоиҳасоз ва заводу ташкилоти сохтмонӣ зиёда аз 400 корхонаи азим ба ин кор сафарбар шуда буд, вале корро ба охир нарасонданд...
Аз афти кор, онҳо намедонистанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол ба омӯзиши ин масъала машғуланд, бо мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ ҳамсуҳбат гардидаанд ва ҳамаи инро қиёс намуда, бовар ҳосил карда, сипас, ин изҳоротро ироа намудаанд.
Пеш аз ин, чанд кӯшиши бо ёрмандии дигар давлатҳо бунёд кардани НБО “Роғун” низ аз сар гузашта буд. Вале маълум шуд, ки дар ҳолати бо шарикӣ бунёди чунин азамати энергетикӣ ҳамкорон манфиати худро дар ҷойи аввал мегузоранд. Дар дигар соҳа агар ин, фарз кардем, андаке мумкин бошад, дар соҳаи энергетика, ки воситаи асосии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар аст, ба ин наметавон роҳ дод. НБО “Роғун” бояд моли тоҷик бошад ва пеш аз ҳамаву беш аз ҳама барои халқи Тоҷикистон хидмат намояд.
Онҳое, ки ба бунёди НБО “Роғун” бо қувваи худи Тоҷикистон бо назари шубҳаву нобоварӣ менигаристанд, шояд аз ҷасорати худодод ва иродаи қавии Пешвои миллати тоҷик дуруст огоҳ набуданд. Халқ дар атрофи Сарвари наҷотбахши худ муттаҳид шуд. Махсусан, баъд аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон, ки 5-уми январи соли 2010 ироа гардид, ҳама як тан шуда, барои бунёди ин Неругоҳи тақдирсоз камар бастанд. Дар Муроҷиатнома, ки хеле самимона буд, аз ҷумла гуфта мешавад: «Муҳимтар аз ҳама, ман имрӯз дида истодаам, ки халқи сарбаланди тоҷик ва ҳар як фарди баору номус зарурат ва аҳамияти ин иншооти сарнавиштсозро бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд ва ин, албатта, ба роҳбарияти давлат, инчунин, бинокорон нерую илҳоми тоза мебахшад. Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакат тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст. Чунки Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад!».
Талошҳои хастагинопазири Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат, ниҳоят самараи дилхоҳ ба бор оварданду лоиҳаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ бо ҷалби мутахассисони мустақил боз як бори дигар аз ташхис гузашт. Тобистони соли 2015 бунёди НБО “Роғун” аз тарафи мутахассисони мустақил баҳои мусбат гирифт. Ин ғолибияти аввалини НБО “Роғун” ва нишонаи обрӯву нуфузи байналмилалӣ ва самараи ҷасорати сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Нозир ЁДГОРӢ, нависанда
(Давом дорад)
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72