ПИРЯХҲО. ГАНҶЕ, КИ БОЯД ҲИФЗ ШАВАД
Чун ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо 21-уми март дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар бораи аҳамияти пиряхҳо ва ҳифзи ин неъмати табиӣ, тадбирҳои андешидашуда вобаста ба муҳофизати онҳо ва ҷашн гирифтани ин сана аз ҷониби кишварҳои дунё хоҳем гуфт.
АҲАМИЯТИ ПИРЯХҲО
Пиряхҳо яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои оби тоза дар сайёра буда, на танҳо барои таъмини оби нӯшоӣ муҳиманд, балки дар нигоҳ доштани тавозуни иқлим, кишоварзӣ ва энергетика низ нақши калидӣ мебозанд. Масалан, пиряхҳо ҳарорати муҳитро танзим мекунанд ва тағйироти шадиди иқлимиро коҳиш медиҳанд. Ҳамзамон, обе, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, барои зинда нигоҳ доштани гуногунии ҳаёт дар дарёҳо ва кӯлҳо зарур мебошад. Мутаассифона, пиряхҳо бо суръати бесобиқа об мешаванд, ки сабаб гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим аст. Олудашавии муҳити зист – газҳои гулхонаӣ ва партовҳои саноатӣ низ обшавии пиряхҳоро метезонанд. Ғайр аз ин, фаъолияти инсон – буридани бешазорҳо, истифодаи беназорати захираҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ПИРЯХҲОРО ҲИФЗ КАРД?
Коҳиши партови газҳои гулхонаӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва кам кардани партови газҳо аз роҳҳои асосии пешгирии таъсири гармшавӣ ба ҳисоб меравад. Кишвари мо ҳарчанд ба ҳаво партофти камтарини газҳои гулхонаӣ дошта бошад ҳам, барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳудуди мамлакат истифодаи самараноки неруи Офтоб ва электромобилҳоро роҳандозӣ намуд, ки иҷрои уҳдадориҳои Созишномаи Париж мебошад.
Ҳамчунин, пешгирии буридани бешазорҳо ва кам кардани ифлосшавии ҳаво метавонад суръати обшавии пиряхҳоро коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, қабули Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 саривақтӣ буда, татбиқи он таҳти назорати қатъии мақоми ваколатдори давлатӣ – Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, хусусан тарғиби усулҳои ҳифзи табиат ва ташвиқи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, аз воситаи дигари ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад. Таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг – назорати доимии ҳолати пиряхҳо ва андешидани чораҳои лозима идомаи корҳоеанд, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист мунтазам анҷом дода мешавад.
ШУКӮҲИ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Ҳамаи чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии СММ ва ЮНЕСКО баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Нақшаи чорабиниҳо дар доираи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо амалӣ гардонда шуда, бо ин мақсад бо фармоиши раиси Кумита аз 3 майи соли 2024, №69 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта, ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи кории техникии Кумита дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии СММ ва ЮНЕСКО лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи қатъномаи мазкур таҳия карда шуд. Тибқи ин қатънома, аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ва ЮНЕСКО Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалӣ таъсис ёфт, ки Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун аъзо, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил мебошад.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар баробари Тоҷикистон, дигар кишварҳо низ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар Амрико ба баргузории чорабиниҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Зеро обшавии пиряхҳо дар Аляска, Канада ва дигар минтақаҳои кӯҳии Амрикои Шимолӣ ба захираҳои обӣ ва экосистемаҳо таъсир мерасонанд.
Агар инсонҳо бо масъулият рафтор кунанд ва чораҳои муассир андешанд, метавонанд ин ганҷи бебаҳо – пиряхҳоро барои наслҳои оянда ҳифз намоянд. Ҳифзи пиряхҳо на танҳо як вазифаи экологӣ, балки қарзи инсоният барои ояндаи устувор аст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
