ҲАҶ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ, ФАРДО

16 апрел 2025, Чоршанбе
22
Тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, дар мавсими рамазони имсола аз гӯшаву канори гуногуни олам 122 миллион нафар маросими ҳаҷҷи умраро ба ҷо овардааст, ки, албатта, дар ин миён шаҳрвандони кишвари мо низ буданд.
Аз рӯи нақлу ҳикоёти зоирони тоҷик, ҳеҷ замоне чун дар ин давра зиёраткунандагон зиёд набуданд. Албатта, ин факт аз он ҷиҳат хурсандибахш ҳаст, ки сатҳи зиндагӣ болотар рафта, беҳтар гардидааст. Аммо чун кас ба мушкилоти хонаводагии бархе аз ин зоирон огоҳӣ пайдо мекунад, то ҷое афсус мехӯрад.
Аввалан, ҳамин шабакаҳо нишон доданд, ки бархе аз зоирони тоҷикро ширкатҳои хориҷӣ фиреб додаву бурдаанд ва онҳоро ба ҳоли худ гузоштаанд. Ин фиребхӯрдагон имкони баргаштанро дар вақти муайяншуда пайдо накардаанд.
Боиси таассуф аст, ки пули кишвари мо ба берун мебарояд ва дигар ширкатҳо аз он нафъ мебаранд. Ин зоирони фиребхӯрда наандешидаанд, ки то ба кишвари дигар рафтан, дар он ҷо ғизо хӯрдану шабро рӯз кардан, чӣ қадар ранҷ дораду сарфи маблағ.
Бархе аз ин зоирон, ки беш аз даҳ маротиба ҳаҷҷи умра кардаанд, масъулияти асосии имониву инсонии худро нашинохтаанд. Агар ҳам аҳли хонадони ин шахсон мушкилоти зиёд дар рӯзгор доранд, вале барои боло бурдани сатҳи маърифаташон маблағи заруриро харҷ кардан намехоҳанд. На дониши динӣ доранду на дунявӣ. Ҳатто муҳимтарин фармудаҳову хостаҳои шариати исломиро, ки махсус ба ахлоқи неки инсонӣ марбутанд, иҷро намекунанд.
Аз суҳбати бархе аз ин зоирон бахубӣ дарёфтан мумкин аст, ки ин афрод бо маносики ҳаҷ ошно нашудаанд ва низ пас аз баргаштан наметавонанд бигӯянд, ки дар кадом маконҳои муқаддас буданду он ҷойҳоро ба чи хотир зиёрат карданд.
Ин дар ҳолест, ки дар кишвари мо, пеш аз адои ҳаҷҷи фарзӣ, барои зиёраткунандагон маносики ҳаҷро таълим медиҳанд ва нафароне, ки бо тартиби расмӣ ба зиёрат мераванд, аз ин омӯзишҳо бархӯрдоранд. Гурӯҳи дигар низ аз ноогоҳӣ хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал карда, дӯст медоранд, то маросими ҳоҷиталбону ҳоҷиошӣ доир гардад. Ин ҳама ба хотири муаррифии худашон ҳамчун ҳоҷӣ ва иззату икромашон мебошад. Ин афрод намедонанд, ки ҳаҷҷи умра дар баробари ҳаҷҷи фарзӣ нест ва иҷрои маносики ҳаҷ, ҳатто фарзӣ, набояд сабаби шуҳратталабӣ бошад.
Муҳаббату ибодат ба Худо ҳам натиҷаи дониши дуруст аст, чи расад ба шуҳратталабӣ. Мавлоно барҳақ фармудааст:
Ин муҳаббат ҳам натиҷай
дониш аст,
Кай газофа бар чунин тахте
нишаст?!
Фикр мекунам, дар ин маврид масъулони соҳаи дин бояд бештар бигӯянду бинависанд, ки киҳо ва дар кадом маврид ба ҳаҷ бираванд, то афроди ноогоҳро аз чоҳи ҷаҳолат раҳо намоянд.
Дар ҳақиқат, ба ин қадар зоире, ки дорем, агар ҳақиқӣ мебуданду огоҳ, сатҳи ахлоқ, дониш хеле болотар мерафт ва ин камбудиҳо камтар ҷой медоштанду сар мезаданд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи мамлакат (4-уми июни соли 2013) изҳор доштанд: “Вале имрӯз бо 4 ҳазор масҷиду 6 мадраса, як гимназияву як донишкадаи исломӣ, беш аз 7 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти динии дохиливу хориҷӣ ва 200 ҳазор нафар ҳоҷӣ дар ҷомеа хурофотпарастӣ ва ифротгароиву таассуб афзуда истодааст ва ҳатто зуҳуроти бисёр хатарноки терроризм ба қайд гирифта шудааст”.
Дар ин дувоздаҳ сол шумораи ҳоҷиён ва масҷидҳо зиёд шуд, вале таассубу хурофот дар баробари онҳо низ дар ҳоли афзудан аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар соли гузашта (9-уми март) изҳор доштанд: “Дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқ тисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд.
Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кард ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст...”.
12 миллиард сомонӣ пули андак нест ва сарфи он бояд натиҷаи дуруст ба бор орад. Дар бораи маблағҳое, ки минбаъд дар ин маврид сарф мешаванд, бояд биандешем ва нафъи онро дар назар бигирем.
Ба андешаи инҷониб, ҳамаи зиёраткунандагонро зарур аст, ки танҳо аз кашварамон, ба истиснои тоҷиконе, ки дар Россия иқомат доранду кор мекунанд, бираванд.
Нафароне, ки ба ҳаҷ мераванд, хосса ҳаҷҷи умра, таълим дода бишаванду аз имтиҳон бигузаранд ва дар ин хусус ҳуҷҷат бигиранд. Ҳамзамон, фаъолияти ширкатҳои ватание, ки барои бурдани зоирон масъуланд, зери назорати махсус бошад.
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
P.S.: Ба воситаи мақомоти расмӣ ширкатҳои хориҷие, ки зоирони тоҷикро бо фиреб бурдаанд, муайян гашта, дар кишварашон ҷазо бигиранду зарарҳои зоиронамон ҷуброн шаванд.
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73