“ҶУМҲУРИЯТ” – НАМУНА БАРОИ МАТБУОТИ МИНТАҚА

17 апрел 2025, Панҷшанбе
13
“Модари матбуоти Тоҷикистон” – ин баҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” аст, ки бо номҳои “Иди тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх” ва “Тоҷикистони советӣ” аз қалами алломаҳои равшанфикру барӯманд, фарзандони шуҷоу ҷоннисор ва ҷомеасози миллат сабзида, то ба умқи фарҳанги миллӣ реша давонда, ба рӯзномаи маҳбуби мардум табдил ёфт.
“Ҷумҳурият” минбарест, ки аз замони таъсис то ба имрӯз дар дифои манфиатҳои давлату миллати тоҷик бапост. Дар равшаннамоии таърих, афзудани донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқдонии шаҳрвандон, тарбияи эҳсоси баланди амонатдорию ватандӯстӣ, муқаддас донистани хоку оби кишвар, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, дӯстию баҳамоӣ хастагинопазирона саҳмгузорӣ менамояд.
Бо ин рӯзномаи баландмартаба ва ҷамъияти аҳлу солими он туфайли озмунҳое, ки бо даъваташон иштирок дар онҳо муяссарам гаштааст, ошноӣ ва дӯстии қавӣ пайдо кардам. Даъвати хушу ногаҳонии роҳбарияти рӯзнома дар озмуни гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода буд, ки маро ба шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бурд. Он замон авҷи латофату назокати фасли баҳор буд. Озмуни дигарӣ, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” ном дошт, моро ба зодгоҳи Сарвари кишвари тоҷикон – ноҳияи Данғара бурд. Қарибиҳои зимистон буд ва ҳамчун рамзи дили пок дар рӯзи маросими ҷамъбасти озмун вилояти Хатлонро барфи оҳарӣ пӯшид.
Ёдовар шавам, ки рӯзнома давоми ҳафт соли охир 13 озмунро дар сатҳи ниҳоят баланд гузаронд, ки онҳоро метавон падидаи нав дар ҳаёти фарҳангии кишвар ҳисобид. “Ҷумҳурият” дар гузарондани озмунҳо бо роҳи маъмулӣ нарафт. Яъне, одатан, ин гуна озмунҳо дар худи идораи ҷарида ҷамъбаст мешаванд ва натиҷаҳои он эълон мегарданд. Услубу тарзи нави роҳандозии ин гуна озмунҳо, фикр мекунам, дар таърихи матбуот, хусусан матбуоти тоҷик, қадамҳои нахустин бошад. Яъне, рӯзнома ва муаллифону чеҳраҳои ошнои саҳифаҳои онро назди мардум мебарад, мардумро ба рӯзнома наздик мекунаду шумораи муштариёни рӯзномаро бо ин роҳ зиёд мегардонад. Як робитаи зеборо байни хонандаю муаллифони рӯзномаро ба вуҷуд меорад, дар баробари ёди гузашта, ояндаро тарҳрезӣ менамояд. Бо шахсиятҳои бузургу барӯманди ҷомеа, хусусан шахсиятҳои маъруфу хидматнишондодаи миллат, мардумро ошно мегардонад. Иштирокдоронро ба гӯшаву канори гуногуни кишвар ва ҳатто берун аз он мебарад. Омадани ҳайати эҷодии рӯзнома ба Бухорову Самарқанд ибтикори тозаву омӯзанда буд. Ростӣ, гузарондани озмунҳо ва бо ин роҳ, зинда нигаҳ доштани ВАО-и чопӣ, ба ҳам овардани тоҷикони кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистону Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ камназир аст.
Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки ҳайати пурмасъулияти рӯзнома баргузор мекунад, барои имрӯзу фардо манбаи хубест дар ташаккули андешаи худшиносӣ, масъулияти ватандӯстӣ, бунёдкориву созандагӣ.
Дар Озмуни байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” 300 мақола аз дохилу хориҷи кишвар ирсол гардида, зиёда аз 200-тои он дар саҳифаҳои рӯзнома ба чоп расид. Ин рақамҳои гӯё баёнгари дастовардҳои “Ҷумҳурият” ва махсусан, аз обрӯю нуфузи баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Мақолаҳои аз давлатҳои дуру наздик воридшуда далели онанд, ки обрӯю эътибори Тоҷикистон кайҳо дар сатҳи байналмилалӣ афзуда, озмунҳои “Ҷумҳурият” низ байналмилалӣ гаштаанд.
Яке аз афзалиятҳои Озмун дар шакли китоб бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” бо забонҳои русию тоҷикӣ чоп кардани гулчини мақолаҳост. Он 384 саҳифаро дар бар гирифта, ба тариқи рамзӣ 30 мақолаи беҳтарини озмуниро фаро гирифт. Яъне, рамзи 30-солагии Истиқлоли миллӣ.
Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми тоҷик умеди дар сулҳу субот зиндагӣ карданро аз даст дода, ба ҳар гӯшаву канори дунё муҳоҷир шуданд. Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳо ба сифати фарзонафарзанди миллати куҳанбунёд чунин нобовариро дар дили мардум барҳам зад ва дар муддати кӯтоҳ ба мардум сулҳу оромиш овард ва муваффақ гашт, ки дар якҷоягӣ бо хайрандешиву некназарӣ, азму ирода ва суботи ҷоннисоронаи мардуми кишвар дар ободии диёр муваффақ гардад.
Аз натиҷаҳои Озмуну матолиби ин китоб ҷавонон ба саволҳои зиёде ҷавоб пайдо мекунанд, аз роҳи душвор, вале пуршарафи тайкардаи давлату Сарвари хирадгустари хеш бештар огоҳ мешаванд.
Ҳар озмуни “Ҷумҳурият” чандин ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад: ваҳдату худшиносӣ, қадршиносию эҳтироми бузургони миллат, сохтани давлати навин, рушди сайёҳии дохилӣ, ошноии хориҷиён бо минтақаҳои тамошоии мамлакат ва, муҳимтар аз ҳама, пуштибонии амиқи сиёсати давлатӣ. Ба шарофати ҳамин озмунҳо фикру андеша ва назарҳои тоза баён мегарданд, пажӯҳишу тадқиқоти нав пайдо мешаванд.
Сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода, хомакашони муттаҳид ва босалоҳият, инчунин, муштариёни “Ҷумҳурият”-ро ба муносибати 100-солагӣ таҳният намуда, пирӯзиҳои бештари эҷодӣ орзумандам.
Амина ШАРОФИДДИНОВА,
номзади илмҳои суханшиносӣ,
шаҳри Самарқанд
Санаи нашр: 17.04.2025 №: 74