ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАЁНИ ПОКДИЛ: «ХИДМАТ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ИШҚИ МАН АСТ!»

КАЁНИ ПОКДИЛ: «ХИДМАТ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ИШҚИ МАН АСТ!»

19 апрел 2023, Чоршанбе
47
0


 
Чанде пеш ҳангоми зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ бо доктори илмҳои забоншиносӣ, сокини Канада Каёни Покдил ошно шудем. Ӯ ҳар суҳбату шеърхонии гардишгаронро, ки бо забони тоҷикӣ садо медод, бо мароқ гӯш дода, ба навор мегирифт. Барои Каён ҳар вожаи ноби тоҷикӣ, ки аз таъсири беруна эмин монда, дар кишварҳои ҳамзабони мо истифодаи кам доранд, хушоянд буд. Бо мақсади шиносоии бештар бо ошнои хориҷие, ки забони модарии моро арҷ мегузорад, ӯро ба студияи «Фонус – минбари андеша»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» даъват кардем ва инак, фишурдаи суҳбат пешниҳоди шумост.
– Огоҳем, ки ин нахустин сафаратон ба Тоҷикистон аст. Шаҳру навоҳӣ ва мардуми онро чӣ гуна дарёфтед? 
– Вақте ба ёру дӯстон паём додам, ки ба Тоҷикистон меравам, ҳама ҳайрон шуданд. Чаро Тоҷикистон? Гуфтам: «Мехоҳам, то як қисми гумшудаи ҳувиятамро бозёбам». То омадан ба ин ҷо тавассути расонаҳои форсию англисӣ дар бораи Тоҷикистон мутолиа кардам. Аз созу суруд ва суханрониҳои тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳра бурда, шавқам дучанд меафзуд. Вақте ба таври зинда дар Душанбе забони тоҷикиро шунидам, дилам ҳолу ҳавои дигар ёфт. То ҳол лаҳзае ҳисси бегонагӣ накардаам. Дар Панҷакент шабе дар хонаводаи як марде аз деҳаи Дашти Қозӣ хуфтам, ки аҳли оила бисёр меҳмондӯст ва хушсухан буданд. Се рӯз дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияи Деваштич будам. Мардум чунон меҳру муҳаббат нишон доданд, ки гӯё бо ман сад сол боз ошно бошанд.
– Дар мавриди самти пажӯҳишу фаъолият дар кишварҳои Фаронсаву Канада ва ҳадафи омӯзиши забони тоҷикӣ иттилоъ медодед. 
– Дар Эрон донишгоҳро дар риштаи забону адаб ба поён овардам ва бо бурсияи таҳсилӣ рафтам Фаронса. Он ҷо дар самти забоншиносӣ таҳқиқот оғоз кардам. Кори пажӯҳишии ман «Бакоргирии фановариҳои омӯзишӣ барои омӯхтани забон ба таври онлайн (маҷозӣ) дар мисоли забони фаронсавӣ» ном дошт. Онро соли 2012 дифоъ кардам ва мавзуи мазкур он замон мавзуи бисёр муҳими рӯз буд. Минбаъд дидам, ки хориҷиҳо барои тарғиби забони худ аз фановариҳои ҷадид, махсусан аз роёнаву интернет, ба таври фаровон истифода бурдаанд, ки мутаассифона, дар мо ин раванд ба кундӣ пеш меравад. Аз ҷумла, онҳо тавассути барномаҳои компютерӣ абзорҳое сохтаанд, ки омӯзиши забонро осон карда, ба миллионҳо омӯзандагони забон дастрас мебошад. Масалан, танҳо забони англисӣ дар мамлакатҳои Австралия, Амрико ва Британияи Кабир се гӯйиш дорад. Бо ин андеша нақша кашидам, то фарҳанги муштараки забони форсиро созам, ки гӯйишҳои се кишвар – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро фаро гирад ва тавассути як абзори электронӣ дастраси форсизабонони ҷаҳон гардад. Бо ин мақсад, омадам Тоҷикистон. Аз рӯзи аввал дарк кардам, ки тоҷикон садҳо вожаву ибораҳои ноби форсиро дар забони худ нигоҳ доштаанд. Ин ҳама хазинаи вожагон дар Эрон кайҳо фаромӯш шуда, ҷои онҳоро калимоти арабӣ гирифтаанд. Ҳар яке аз ин вожаҳо ҷаззоб ва омӯзанда мебошанд. Масалан, мо агар «ворид» ва «хориҷ» гӯем, шумо «даромад» ва «баромад» мегӯед, «суҳбат мекунем» - «гап мезанем», «аз мошин пиёда мешавам» - «аз мошин мефароям», «аз хона берун мешавам» - «аз хона мебароям», «ҷустуҷӯ мекунам» - «мекобам». Ҳамин тавр, тоҷикон на танҳо вожаҳои зебои форсии тоҷикиро ба кор мегиранд, балки шакли танҳо ва фарогири онро мегӯянд, ки бисёр аҷиб аст. Бо ҳадафи омӯхтани бештар ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон рафтам. Дидам, ки барои кори ояндаи ман даҳҳо китоби хуб, луғатномаҳои махсус чоп шудаанд. Албатта, дар хониши онҳо бо хатти кириллӣ мушкил дорам, аммо дар ин чор ҳафтае, ки будам, хеле омӯхтам ва кам-кам ба кириллӣ ҳам мехонам.
– Фароҳамсозии фарҳанги гӯйишҳо давоми кори илмии шумо ба ҳисоб меравад? Анҷоми ин корро кай ба нақша гирифтаед?
– Не, аслан сохтани фарҳанги мазкур ба унвони илмӣ ё раванди фаъолияти ман дар Канада ҳеҷ иртиботе надорад. Баръакс, омӯзиш ва хидмат ба забони тоҷикӣ ишқи ман аст. Вақте дар Амрикову Канада дар конфронсҳои забоншиносӣ иштирок мекардам, эҳсос шуд, ки ба чунин фарҳанги муштамили се кишвар сахт ниёзмандем. Ба ин хотир, танҳо барои расондани камтарин хидмат дар ҷаҳонишавии забонамон сари кор шудам. Ягона пайванди бостонии мо забони муқтадири мост. Ман ин забонро на танҳо барои се кишвари ёдшуда, балки барои тоҷикони Чин, Покистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва соири кишварҳо сутуни ҳувият медонам. Бовар дорам, ки ба ҳадаф мерасем, зеро мураттаб кардани чунин фарҳанг кори як ё ду кас, кори яксолаю дусола нест, балки кори дастаҷамъии олимону алоқамандони кишварҳои форсизабон ва ҳамтаборони мо аз мамлакатҳои дигар аст. Дар ин замина, лоиҳае таҳия кардаам, ки дар ҳоли баррасист.
– Лутфан, мағзу муҳтавои лоиҳаро каме равшан мекардед. Он дар куҷо баррасӣ мешавад?
– Албатта, барои  амалишавии ин лоиҳа аз таҷрибаи пажӯҳишгарони Аврупо кор мегирем. Лоиҳа нахуст чанд ҳазор вожаҳои решагиро, ки асли забонанд, фаро мегирад. Минбаъд баррасии татбиқии гӯйишҳои забони форсии тоҷикӣ ё ҳамон дарӣ сурат мегирад. Гӯйишҳо дар шакли фарҳанг ба се бахш ҷудо мешаванд: гӯйишҳои маъмули Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон. Инҳо дар абзори электронӣ, ки ҳамеша онлайн бошад, ба ҳам меоянд ва омӯзандагони забон бо ишора ба тугмаҳои фармонии «ТJ», «IR» ва «АFG» ба зудӣ дармеёбанд, ки кадом ифода ё калима дар куҷо чӣ гуна истифода мешавад, чӣ баромаду басомаде доранд, феълҳои содаи чунин гӯйишҳо дар се кишвар чӣ гунаанд. Бо чунин лоиҳа ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омадам ва бо машварати олимон рафтам пеши директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода. Ин бонуи боҳуш ғояи лоиҳаро хуш пазируфтанд ва ҳоло посухро интизорам. Агар лоиҳа тасдиқ шавад ва маро чун пажӯҳишгар ба Тоҷикистон хонанд, ба таври фарогир корро дар ин замина оғоз хоҳем кард. 

ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Каёни Покдил соли 1979 дар устони вилояти Форси шаҳри Шерози Эрон ба дунё омад. Баъди хатми мактаб соли 1998 ба Донишгоҳи миллии Эрон шомил шуда, таҳсилро соли 2002 дар риштаи забон ва адаби форсӣ ба поён овард. Минбаъд ба Фаронса омада, рисолаи докториро дифоъ кард. Забонҳои фаронсавӣ ва англисиро бисёр хуб медонад. Чандест, ки мушовири назоратӣ дар Вазорати беҳдошти Канада аст. 
Навори пурраи суҳбати моро аз Ютюбканали «Ҷумҳурият» тамошо кунед.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив