"ҶУМҲУРИЯТ" ДАР МАҲЗАРИ ЭЪТИРОФИ РӮШАНФИКРОНИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶӢ
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” намунаи барҷастаи иттиҳод бахшидани форсизабонони дунё, тоҷикони Осиёи Марказӣ ва устувории мактаби сулҳу дӯстӣ, пайвандгари қавмҳои дунёст. Бавижа, дар даҳ соли охир тавассути озмунҳои гуногунрангу гуногунмуҳтавои хеш муаллифони фаъол ва қаламкашони хориҷиро аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Россия, Чин, ИМА, Фаронса, Қирғизистон, Қазоқистон, Кувайт ба ҳам овард. Албатта, як омили аслии ба унвони рӯзнома мақолаву ёддошт фиристодани чунин муаллифон робитаи хуҷаста ба расму ойин ва фарҳанги тоҷикон бошад, омили дигар сиёсати эътирофшудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон аст. Онҳо маҳз тавассути Президенти Тоҷикистон ин кишварро шинохта, сафар карда, баъдан азми навиштани таҳсиннома, офаридани филму асарҳои алоҳидаи ҳунарӣ намудаанд.
Инак, чанд намуна аз гуфтугузор, суҳбатҳо, хотираҳо ва бардоштҳои муаллифони дохилию хориҷӣ ҳамчун мушт – намунаи хирвор.
Кароматулло ОЛИМОВ,
файласуф, академики АМИТ:
– Дар замоне ки матбуот барои аз даст надодани хонандаи рӯзномаву маҷаллаҳо талош дошт, баъзе аз ҷаридаҳо бе хонанда мондаву баста шуданд, баъзеи дигар теъдоди чопро кам карданд, як гурӯҳ рӯзноманигорон аз рушди бемайлони техникаву технологияи нав ноумед шудаву аз байн рафтани матбуотро “пешгӯӣ” мекарданд, “Ҷумҳурият” ба майдон омад ва тавассути баргузории озмунҳои фарогири пурмазмун ва гуногунмавзуъ на танҳо хонандагони худро аз даст надод, балки шумораи обуначиёни худро аз панҷоҳ ҳазор зиёд кард. Ибтикорҳои “Ҷумҳурият” нав, тоза ва қобили ситоишанд. Озмунҳои рӯзнома дар баробари падидаи тоза будан, ба як раванди таърихӣ табдил ёфтанд, гулчини мақолаҳо китоб шуданд, чанд тан аз рӯшанфикрони хориҷиро ба Тоҷикистон овард ва дар муаррифии дигарбораи миллат ва асолати он саҳм гирифт.
То ҷое, ки мушоҳида кардем, озмунҳои “Ҷумҳурият” бо омадани сармуҳаррири нав – Қурбоналӣ Раҳмонзода оғоз гардида, дар 10 соли охир ба ҷараёни нав дар матбуоти тоҷик табдил ёфтанд.
Ван ХУЭЙҶУАН,
устоди Донишгоҳи Конфутсий
дар Тоҷикистон:
– Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» иштирок кардан, барои ман боиси ифтихори беҳисоб аст. Фахр дорам, ки дар ин Озмуни муҳим бо дуои ду модар – яке модари тоҷикистониям, дигаре модари чиниям иштирок намуда, ҷоизадор шудам. Барои чопи мақолаи ман – “Меҳри бемарз ё қисса аз ду модари ман, яке чиниву дигаре тоҷик” (4.10.2024 № 193) аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” сипосгузорам. Пештар ҳам бо масъалаҳои корӣ бо ин рӯзномаи бонуфуз ҳамкорӣ доштам, аммо иштирок дар Озмун ва дар сафи ғолибон будан, ифтихори дигарест.
Бори дигар собит гардид, ки маҳз сухан аз модар – фариштаи рӯи Замин, моро ба ҳам меорад, мисли он ки то зинда будан дар оила фарзандонро зуд-зуд сари як дастархон ҷамъ меоварад. Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар», бешубҳа, Озмуни байналмилалист, зеро модар барои ҳамаи миллатҳо яксон азиз аст, бахусус барои мо чиниҳо ҳам.
Франсис РИШАР,
пажӯҳишгари адабиёти тоҷикӣ-порсӣ,
дастхатшинос, Фаронса:
– Ифтихор дорам, ки маро ба студияи рӯзномаи “Ҷумҳурият” даъват намудед. Инчунин, сипос, ки мақолаи маро дар бораи Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ” бо ду забон чоп кардед. Ба кори рӯзнома комгориву пешрафт мехоҳам.
Бояд бигӯям, ки банда аз 15-солагӣ тавассути як қартае (пластинка), ки туҳфаи Бобоҷон Ғафуров ба падарам буд, лаҳну оҳанги тоҷикиро шунидам ва орзуи дидани ин сарзаминро дар дил ҷо кардам. Падарам Жан Ришар академик, мутахассиси таърихи асрҳои миёнаи Аврупо, Фаронса ва Осиё буд.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад, Жилбер Лазар, аз камшумортарин пажӯҳишгарони аврупоӣ, ба мо шоирону гӯяндагони аввалини забони форсиро меомӯхт ва дар соли 1958 барои ҷашни гиромидошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Тоҷикистон омада буд. Медонист, ки забони классикӣ маҳз дар ҳудуди Варорӯд боқӣ мондааст. Ба мо низ дарсҳоро бо забони классикии хуросонӣ, ки то ҳол роиҷ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Самарқанду Бухорост, мегузашт. Ман низ баъди омадан ба Тоҷикистон, дарк кардам, ки бо вуҷуди баъзе омезишҳо, забони тоҷикӣ покизатар аст ва ба гирудори забони арабӣ камтар гирифтор шудааст.
Масъуди СИПАНД,
шоир ва пажӯҳишгари ойини
меҳрпарастӣ, ИМА:
– Соли 1999 буд, дар кохи Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон будем. Он ҷо Масъуди Миршоҳӣ ҳам буд. Раисҷумҳур ба ин маънӣ гапе гуфт: «Агар ба сари тоҷике, дар кадом гӯшаи ҷаҳон набошад, ягон иттифоқи нохуше афтад, ман нороҳат мешавам». Ва ин сухан ба ман хеле асар кард. Баъд шеъри “Ман ориёиям”-ро ҳамон шаб сурудам. Ин шеър аз тарафи Марям Ҷалолӣ, сарояндаи номвари эронӣ, дар Амрико сабт ва ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ гардид.
Шумо мардуми хушбахтед, ки Раисҷумҳуре чун Эмомалӣ Раҳмон доред. Ӯ Раисҷумҳури ман ҳам ҳаст, Ватани ман Тоҷикистон аст. Шеъри «Ман ориёиям» дар Тоҷикистон навишта шудааст, дар Эрон ё Амрико навишта нашудааст. Ин шеърро ман ба абармарди ҷаҳони эронитаборон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидаам.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон:
– Дар ҷаҳони имрӯза, ки мардум шоҳиди таҳаввулоти зиёде ҳастанд, баргузории чунин озмунҳо манфиати маънавии бисёр дорад. «Ҷумҳурият» бо рисолати тамаддунофарии хеш, аллакай, ба як қомуси таърихсози миллати тоҷик табдил ёфтааст ва дар баробари мактаби бузурги журналистӣ, ҳамзамон, мактаби садсолаи одамият ҳам ҳаст.
Аз ин рӯ, рӯзнома мундариҷаи худро аз мавзуъҳои ҷовидона, мисли васфи Модар-Ватан ғановат бахшида, ба масоили муҳими ватандӯстӣ, сарҷамъӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир сохтааст. Ҳамчунин, озмунҳои рӯзнома собит мекунанд, ки ҷарида дар саргаҳи таҳаввулоти иҷтимоӣ қарор дорад ва ҳамеша набзи ҷомеаро месанҷад. Дар ин шабу рӯзҳое, ки ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нигаҳдории якпорчагии Ватан ва дифои марзу буми он аз ҳама офату газанд муҳимтарин масъала аст, тарбияи ҷавонони бохираду ҷасоратманд ва фидоиву меҳандӯст, зираку дурбин хеле муҳим аст. Дар ин ҷода маҳз “Ҷумҳурият” пешгом аст ва тафаккур месозад.
Яъқуби ЯСНО,
пажӯҳишгари “Шоҳнома”, устоди вақти
Донишгоҳи Берунии Афғонистон:
– Дар остонаи садсолагии «Ҷумҳурият» китоби хотираҳоямро варақ мезанаму мебинам, ки ба ошноии ман бо ин ҷаридаи таърихӣ 9 сол пур шудааст. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳори соли 2016 барои Ҷашни Наврӯз дар радифи шоирон, фарҳангиёну нависандагони забони тоҷикӣ-форсӣ аз саросари ҷаҳон маро ҳам аз Афғонистон даъват карда буданд.
Ҷашни Наврӯз дар он сол дар ҳузури Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси муҳтарами шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бисёр бошукӯҳ баргузор шуду Пешвои муаззами миллат дар чанд барнома суханронӣ карданд ва бо устодон, шоирон ва фарҳангиён дидору суҳбатҳо доштанд.
Ман аз таҷрибае, ки аз Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон доштам, мақолаеро ба номи «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Ҷамшеди рӯзгори мо» навиштам. Дар мақола ба ин назар будам, ки Наврӯз тавассути Ҷамшед асосгузорӣ шуд, аммо он чанде ба фаромӯшӣ супурда шуда буд. Хушбахтона, бинобар кӯшишу талоши Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз аз нав эҳё шуд ва ривоҷ ёфту мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Бинобар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамшеди рӯзгори мост.
Ин мақола дар нашрияи «Ҷумҳурият» ва дар маҷаллаи «Пайванд» ба нашр расид. Ҳамин тавр, аз соли 2016 бо нашрияи «Ҷумҳурият» ошно шудаму навиштаҳову матолиби нашрияи «Ҷумҳурият»-ро мехонам ва ба унвони як нависандаи хориҷӣ бо нашрияи «Ҷумҳурият» ҳамкории қаламӣ дорам ва маъмулан, матолиберо барои нашр ба ин нашрия мефиристам ва дар он нашр мешавад.
«Ҷумҳурият» яке аз нашрияҳои бо гузаштаи кишвар – Тоҷикистон ягона аст, ки аз фаъолияташ сад сол мегузарад. Дар ҳақиқат, яке аз нашрияҳои бонуфуз ва таърихии минтақа аст, зеро нашрияҳои ангуштшуморе дар кишварҳои минтақа вуҷуд доранд, ки сад сол таърих дошта бошанд.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон:
– Рӯзномаи ҳамеша маҳбуби мо ва хондании рақами яки кишварамон – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳануз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ, яъне як аср қабл аз ин бештар ба масоили саводнокшавии сокинон ва иҷрои корҳои тарғиботию бунёдкорӣ машғул буд. Рисолати он низ на танҳо барои мардум расондани хабари тоза, балки чун минбар хидмат кардан будааст. Аз ин рӯ, бо эътимод метавон гуфт, ки бешак, “Ҷумҳурият” оинаи тамомнамои таърихи як асри мост!
«Ҷумҳурият» аз рӯзи таъсисёбӣ, дар баробари иҷрои рисолати асосиаш, ҳамзамон, бо чопи даҳҳо мақолаҳои илмию оммавӣ, адабӣ, фарҳангӣ барои тафаккурсозӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа замина фароҳам овардааст.
Маҳз ба ин хотир, нахустпрезиденти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки худашон низ яке аз муаллифону ходимон ва обуначиёни фаъоли ин рӯзномаи маҳбубу маъруфи кишварамон буданд, маҳз ин нашрияи меҳвариро «модари матбуоти тоҷик» номида буданд, ки дар ҳақиқат, дуруст аст. Омӯзишу баррасии мундариҷа, шакл, таносуб ва ороиши матолиби ҷарида нишон медиҳад, ки он маҳз барои рангорангии муҳтавою мундариҷа ва таъсирбахш баромадани матлабҳои худ аз як қатор роҳу василаҳои мухталиф низ дар мавридҳои зарурӣ кор гирифтааст. Ин ҷарида қариб ҳама соҳаҳои як ҷомеаи рӯ ба рушдро дар худ ифода мекунад. Дар он сиёсат, илм, истеҳсол, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг, ҳунар ва таърих ба таври рӯшан таҷаллӣ меёбад. Бахусус, дар ин як аср хабару гузоришҳои расмии сохтору зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва воқеаҳои ба соҳаи илм марбут дар он пайваста чоп шудаанд. Ҳар каси алоқаманд агар таърихи таҳаввул ва ташаккули 74-солаи ин ниҳоди илмии бонуфузи ҷумҳуриро омӯхтанист, бешубҳа, манбаи асосӣ “Ҷумҳурият” хоҳад буд.
Таърихи пурпечутоб, аммо ибратбахши якасраи фаъолияти пурсамарро ба ҳама аҳли қалами нашрия ва ҳайати эҷодии он самимона табрику муборакбод мегӯям. Ҷашни фархундаи 100-солагии нашрияи расмӣ ва маҳбуби Меҳан ба аҳли илму маърифати тоҷик фархунда бод!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон:
– Агар ба ягон муассиса, рӯзнома ё ягон ниҳоди алоҳида имкони додани унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон бошад, бешубҳа, ин унвон сазовори рӯзномаи “Ҷумҳурият” аст. Зеро ин рӯзнома дар давоми сад сол на танҳо мисли ҷаридаҳои дигари тоҷикӣ аз чоп намонд, баста нашуд, балки баръакс бо мадад ва талоши хастагинопазири қаҳрамонҳое мисли Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба шукуфоӣ расид. Яъне, вақте “Ҷумҳурият”-ро қаҳрамон меномем, ин ба он маъност, ки саҳифаҳои садсолаи он минбари аслии қаҳрамонҳост. Кам нестанд касоне, ки воқеан ҳам, қаҳрамонона барои зинда нигаҳ доштани ин рӯзнома ҷонфидоиҳо карданд ва баъзе аз онҳо дар ин роҳ, ҳатто, ҷони худро аз даст доданд. Ин қаҳрамонӣ нест, албатта, ин қаҳрамонӣ аст!
Масъуд МИРЗО,
раиси шуъбаи Маркази миллӣ-фарҳангии
тоҷикони Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона:
– Имрӯз рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо сурати мунаввар ва сирати маърифатгустар ба чашму гӯшу ҳуши мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва берун аз он шуълаи субҳи саодати ваҳдат, азони бедорӣ ва ояҳои ҳушёриро муаррифӣ мекунад...
Бо камоли мамнуният ва сипосгузорӣ ёдовар мешавем, ки “Ҷумҳурият” дар бораи Фарғона ва аҳли Фарғона низ чанд матолиби хонданиву ҷолиб нашр кардааст, ки барои таҳким бахшидани дӯстӣ ва афзудани эҳтироми тарафайн байни ӯзбекону тоҷикон нақши назаррас доранд...
Ёдам ҳаст, ки аввалин мақолаи калонҳаҷми ман бо номи “Халқи тоҷик марди таърихсоз меҷуст, ин марди бузург Эмомалӣ Раҳмон аст!” дар таърихи 10.11.2021 (№ 225 – 226) чоп ва он дар китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” низ интишор шуд. Ин ҳама иттиҳодбахшии тоҷикони дунёро ба санъати воло “Ҷумҳурият” идома медиҳад.
Аҳли қалами рӯзнома ва иродатмандону хонандагонашро ба муносибати 100-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият” самимона муборакбод мегӯем. Бовар дорем, рӯзнома минбаъд низ номаи ростини рӯз хоҳад буд ва сухан аз зарурати ҳаётии арҷгузорӣ ба арзишҳои арҷманди миллӣ ва умумибашарӣ хоҳад гуфт. Барои беш аз пеш густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, амалӣ шудани ибтикороти инсонпарваронаи ду чеҳраи мондагори таърихӣ – сарварони кишварҳоямон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон хидмат хоҳад кард.
Каёни ПОКДИЛ,
доктори илмҳои забоншиносӣ, Канада:
– Соли 2023 бори нахуст ба Тоҷикистон омадам ва сафарамро аз зиёрати мақбараи устод Рӯдакӣ сар кардам. Вақте пеш аз сафар ба ёру дӯстон паём додам, ки ба Тоҷикистон меравам, ҳама ҳайрон шуданд. Чаро Тоҷикистон? Гуфтам: «Мехоҳам, то як бахши гумшудаи ҳувиятамро бозёбам». То омадан ба ин ҷо тавассути расонаҳои форсию англисӣ дар бораи Тоҷикистон мутолаа кардам. Аз созу суруд ва суханрониҳои тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳра бурда, шавқам дучанд меафзуд. Вақте ба таври зинда дар Душанбе забони тоҷикиро шунидам, дилам ҳолу ҳавои дигар ёфт. То ҳол лаҳзае ҳисси бегонагӣ накардаам. Дар Панҷакент шабе дар хонаводаи як марде аз деҳаи Дашти Қозӣ хуфтам, ки аҳли оила бисёр меҳмондӯст ва хушсухан буданд. Се рӯз дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияи Деваштич будам. Мардум чунон меҳру муҳаббат нишон доданд, ки гӯё бо ман сад сол боз ошно бошанд. Суҳбату шеърхониҳо бо забони тоҷикӣ, овои ҳар вожаи ноби тоҷикӣ, ки аз таъсири беруна эмин монда, дар кишварҳои дигари форсизабон истифодаи кам доранд, хушоянд буд.
Он ҳама таассуроти некамро, хушбахтона, тавассути студияи «Фонус – минбари андеша»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҳамзабонон ва дӯстони хориҷиам расондам, ки шакли видеоӣ (https://youtu.be/-PIdsIFj9tc?si=P-Ca_-6tThcJRIgR) ва чопии он суҳбат (19.04.2023 № 81-82) дар хидмати шумост. Барои арзи ҳол ва ба ҳам дидани корҳои бузурги дарпешистода бобати дӯстиву рафоқати форсизабонони дунё бо Тоҷикистон ба минбари баланди матбуоти тоҷик – “Ҷумҳурият” сипос мегӯям!
Бахтовар КАРИМЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»:
– «100 наврӯзи «Ҷумҳурият» як ҳамоиши сирф фарҳангие буд, ки бо иштироки ходимони давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат баргузор шуд.
Бахусус, оростани хони наврӯзӣ, суханони табрикии аҳли илму адаби шинохтаи ҷумҳурӣ ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо пешниҳоди суруду таронаҳои тарабафзо маҳфилро дар сатҳи як фестивали пуртантанаи Наврӯз ҷилва дод.
Дарвоқеъ, «100 Наврӯзи «Ҷумҳурият» бо намоиши анъанаҳои наврӯзӣ, паёмҳои шодбошиву суханони табрикӣ ва тарабу шодии ҳозирин идомаи мантиқии тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз буд: бо шукӯҳ, арзанда, фарқкунанда ва намунавӣ.
«Ҷумҳурият» дар сад соли фаъолият, аз ҷумла дар даҳ соли охир, иқдому ташаббусҳои зиёди созанда амалӣ намудааст. Дар баробари иҷрои рисолати касбию функсияҳои иҷтимоӣ, дар сатҳи баланд баргузор намудани 13 озмуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муддати на чандон тулонӣ на ба ҳар роҳбар ва ҳайати эҷодӣ даст медиҳад, вале «Ҷумҳурият» бо ҳайати эҷодиаш аз уҳдаи ин кор баромад.
Шоҳиди рафти баргузории озмунҳои рӯзнома будам, аз ҷумла дар чанд озмунаш иштирок ҳам доштам. Ҳар дафъа мушоҳида мешуд, ки ҳар як озмун аз дигараш бо интихоби мавзуъ, сатҳи ташкилӣ, ҳавасмандӣ ва иштироки аҳли эҷод, ходимони давлатӣ, намояндагони касбу кори гуногун, макони ҷамъбаст ва тантанаи мукофотсупорӣ ба ғолибон ва дар ҳошияи озмунҳо ташкили саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ комилан фарқ мекунанд. Ҳар яке аз дигаре беҳтар.
«100 Наврӯзи «Ҷумҳурият» дар баробари маҳфили арзёбии фаъолияти садсолаи рӯзнома гаштан, як навъ хулоса ва натиҷагирии озмунҳо ва иқдому ташаббусҳои дигари он низ буд, ки аз ҷониби аҳли зиёи мамлакат шоистаи таҳсин ва намунаи пайравӣ баҳогузорӣ шуд.
Ноил гаштан ба чунин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ба азму ирода ва заҳмату талошҳои роҳбарияти рӯзнома ва кормандони эҷодию техникии он вобаста аст. Ба онҳо танҳо аҳсану офарин бояд гуфт!
Воқеан, «Ҷумҳурият» оинаест, ки хонанда дар он на танҳо пастиву баландиҳои зиндагии миллати тоҷикро дар тули 100 соли охир, балки тавассути нигоришу очеркҳои таърихиаш, шебу фарози таърихи миллат ва ҷоннисориву заҳматҳои фарзонафарзандони ин халқи куҳанбунёдро дарк менамояд.
Бо итминон метавон гуфт, роҳбарият ва кормандони «Ҷумҳурият» иқдому ташаббусҳои наве, ки дар даҳ соли охир амалӣ намуданд, бо руҳияи тоза ва мазмуну муҳтавои нав минбаъд ҳам идома хоҳанд дод.
Ҷумъаи ҶАМОЛ,
устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона:
– Аз самими дил муштариёни рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва кулли дабирону қаламкашони онро бо ҷашни садсолагии ҷарида муборакбод мегӯем. Умедвори онем, ки ташаббусҳои нотакрор, ваҳдатофариниву ватансозиашон боз ҳам идома мекунанд ва ҳувияти миллии мардуми тоҷикро дар дохилу беруни кишвар пойдор нигаҳ медоранд.
Шодаму шарафманд, ки чун муаллиф ва ҳаводори ин рӯзнома чандин мақолаҳоям дар саҳифаҳояш чоп шуда, мақолаи озмунии “Номгузорӣ ва насабсозиҳои миллӣ аз Пешвои миллат оғоз шуд” ғолиби озмуни “Тоҷикистон – хонаи умеди ман” гардида буд (10.11.2021 № 225 - 226 ).
Дар ҳақиқат, масъалаи муҳим, ки ба рушди минбаъдаи забон дар алоқамандӣ бо эҳёву посдории суннатҳои ниёгон ва ҳувияти милливу асолати забон, сиёсати забон дар мамлакат дахл дорад, эҳёи арзишҳои миллии халқамон дар ному насабсозии миллист. Дар саргаҳи ин ибтикори наҷиб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва худ ному насабашонро тоҷикӣ карданд.
Шоҳона СУЛАЙМОНӢ,
сармуҳаррири маҷаллаи
“Бонувони Тоҷикистон”:
– Бароям бисёр хушоянд буд, ки хони наврӯзии “Ҷумҳурият” кормандони собиқу имрӯз ва шахсиятҳои саршиноси кишварро ба ҳам овард. Ба дидори нафароне расидем, ки дер боз пазмонашон будем. Онҳо нафаронеанд, ки дар ҷомеаи имрӯза мактаби қаламкашии худро доранд.
“Ҷумҳурият” рӯзномаи яки кишвар аст. Рӯзномае ҳаст, ки дар кишвар ҳама дӯсташ медоранд, мехонанд, бесаброна интизор мешаванд, чунки бо саҳифаҳои хондании худ имрӯз дар дили хонанда ҷо гирифтааст. Бартарии рӯзнома дар он зоҳир мегардад, ки он қариб ҳамарӯза ба хонанда мерасад ва онҳоеро, ки дар музофот зиндагӣ мекунанду ба иттилооту интернет дастрасии камтар доранд, аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангиву сиёсии кишвар огоҳ менамояд. Бояд гуфт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯзнома хеле фаъолу пешгом ва дар ин самт ҳам рақами як аст.
“Ҷумҳурият” имрӯз як мактаби бузургест, ки мо ҳам аз он хеле чизҳоро омӯхтаем. Ҳоло он ҷавононро барои журналистика ва адабиёти ояндаи Тоҷикистон тарбия карда истодааст ва дар ҳақиқат, як армияи бузург аст. Инро мо дар чорабинии наврӯзии нашрия эҳсос кардем, ки қисми зиёди кормандон ҷавонон буданд. Дар чеҳраҳо муҳаббат, самимият ва ғуруре ҳувайдо буд аз оне, ки дар рӯзномаи рақами як фаъолият менамоянд. Ман таманно мекунам, ки қалами аҳли эҷод боз ҳам бурро ва ҳар рӯзи мо чун иди наврӯзии “Ҷумҳурият” мондагор бошад.
Мурод МУРОДӢ, профессор:
– “100 наврӯзи “Ҷумҳурият” ҷашни ботантана ва ёд кардан аз таъриху гузаштаву хизматҳои он барои имрӯзи ҷомеа буд. Филми кӯтоҳе, ки дар ҳаҷми 15 дақиқа пешниҳод гашт, роҳи тайкардаи нашрияро тули сад сол бозгӯ карда, фикру назари шахсони баруманди кишварамонро дар робита ба он ифода намуд.
Иштироки намояндагони гуногун, кормандони худи нашрияву собиқадорони он, ҳамчунин, он муҳаррироне, ки қаблан фаъолият доштанд, аъзои иттифоқҳои нависандагону журналистон дар чорабинӣ – ин як навъ эътирофи онҳоест, ки воқеан бо қаламу сухани худ аз минбари нашрия истифода карда, ормонҳои миллиро дар давру замонҳои гуногун таблиғ намуданд.
Қадрдонии аҳли сухан дар се зина сурат гирифт, ки бисёр хуб аст. Ба пешвози 100-умин Наврӯз нахустин маротиба таъсис додани медали 100-солагии “Ҷумҳурият” низ иқдоми наву қобили таваҷҷуҳи роҳбарият аст, ки дар оянда барои ҷалби аҳли зиё ба кори нашрия ва ҳавасмандгардонии онҳо хизмат хоҳад кард.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик», шаҳри Тошканд,
Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
– Солҳое, ки дар рӯзномаи бачагонаи «Булбулча-доно» кор мекардам, барои саҳифаҳои он аз шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби гуногуни хурду ҷолибро дарёфт менамудам. Рӯзе ҳангоми ҷустуҷӯи чунин маълумот, тасодуфан саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» пеш омад. Дар ин саҳифа матолиби хурду реза, аммо ҷолиб, шавқовар ва хотирмон хеле зиёд буданд. Баъд фаҳмидам, ки ин саҳифаи махсуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст.
Баъдан, қариб ҳар рӯз ба саҳифаи расмии рӯзнома дар интернет ворид шуда, дар баробари мақолаҳои таҳлилӣ, адабиву фарҳангӣ, ҳар як матлаби саҳифаи «Шоми шанбе»-ро мехондам. Ба маъное, дар сомона эълон гардидани матолиби ин саҳифаи махсуси фарҳангиро интизор мешудам.
Дертар дар саросари ҷаҳон бемории сироятии коронавирус доман паҳн кард. Дар натиҷа, ҳама хонанишин шуда, ба тарзи корбарии фосилавӣ гузаштанд. Акнун барои мутолаа, аз ҷумла ба хондани мақолаву матолиби ин рӯзнома, беш аз пеш вақт доштам. Рӯзе дар бораи мақолаҳои пурмуҳтаво, саҳифаи махсуси «Шоми шанбе»-и «Ҷумҳурият» ба яке аз дӯстони худ нақл кардам. Ӯ гуфт, ки «на ҳама дар ин бора медонанд ва имкони дастрасӣ ба сомонаи рӯзномаро доранд. Хуб мешуд, дар шабакаи Telegram, ки ҳоло хеле маъмул шудааст, гурӯҳеро таъсис дода, матлабҳои ҷолиб, муҳим ва шавқовари саҳифаро гузорем».
Маҳз бо мақсади вусъат бахшидани доираи хонандагони «Шоми шанбе», инчунин, саҳмгузорӣ дар рушди забони модарӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ моҳи апрели соли 2020 гурӯҳи фарҳангиву фароғатии «Садои тоҷик»-ро таъсис додем. Ин гурӯҳ ҳоло дар байни тоҷикони Ӯзбекистон ҳаводорони зиёд дорад.
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ,
рӯзноманигори мустақил аз Афғонистон:
– Инак, ҳис мекунам имрӯз яке аз аъзои хонаводаи ин рӯзномаи муътабару пайванддиҳандаи порсизабонон ҷаҳон – “Ҷумҳурият” ҳастам. Зеро дар се соли охир ман на танҳо муаллифи фаъоли рӯзнома гардидам, балки ғолибу иштирокдори чор озмуни он шудам, мақолаам дар китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” бо забонҳои русиву тоҷикӣ чоп шуд, дидаму таҷриба кардам, ки ин ҷарида барои сулҳ ва ҳамгироии тоҷикони ҷаҳон бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ёри дерин ва собитқадами шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, чи талошҳое мекунад. Умеду орзуҳои тоҷикони Афғонистон сулҳу ҳамдигарпазирии тоҷикони Тоҷикистон аст. Чун қудрат ва ҳокимияти тоҷикон дар Осиёи Марказӣ решаи таърихӣ дорад, бинобар ин, ҳарчи дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ решадор бошад, ба ҳамон андоза тоҷикони Афғонистон ва тамоми кишварҳое, ки тоҷикон дар он зист доранд, муфтахар ва пуштвонаи қавӣ доранд.
Ба навбати худ, садсола шудани ин рӯзномаро ба тамоми кормандон, бавижа миллати шарифи Тоҷикистон, муборакбод мегӯям. Таманно дорам, ки ситораи ному нишони рӯзнома дурахшон ва машъали дастоварди хомакашонаш тобон бимонад!
Меҳрангез ҚОДИРОВА, Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.04.2025 №: 74
