ВАО. РӮЗНОМА МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ МАФКУРАСОЗ АСТ

18 апрел 2025, Ҷумъа
4
15-уми марти соли 2025 рӯзномаи «Ҷумҳурият» – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-сола шуд. Ба ин муносибат, дар расонаҳо мақолаҳои зиёде ба нашр расиданд, китобҳои илмию тадқиқотӣ низ аз чоп баромаданд ва муаллифон ба ҷарида умри боз як садсолаи нав ва аз ин ҳам зиёдтарро орзу намуданд. Албатта, ин барои кормандони рӯзнома ва ҳам барои он журналистоне, ки дар матбуоти даврии типографӣ, яъне коғазӣ, фаъолият мебаранд, хуш аст, зеро дар замони пешрафти технологияи нави электронӣ – компютерҳо, Интернет, мултимедиа ва ғайра мавқеи худро нигоҳ доштану ба комёбиҳо ноил гаштан, душвор аст. Чун фикру ақида ва пешгӯиҳое дар расонаҳо ба чашм мехӯранд, ки гӯё умри рӯзномаҳо кам мондааст.
Агар ба таърихи матбуот назар афканем, маълум мегардад, ки ин гуфтаҳо нав нестанд. Газета, ки зиёда аз чор аср пештар (солҳои 1609 дар Олмон, 1622 дар Англия, 1631 дар Фаронса, 1702 дар Россия) пайдо шуда буд, дар тамоми ҳаёташ ба рақобатҳо тоб овард. Вақте ки дар оғози асри ХХ Попов ва Маркони радиоро ихтироъ карданду баъдтар телевизион пайдо шуд, сухан дар бораи аз байн рафтани газетаҳо бештар садо медод. Хушбахтона, рӯзномаҳо то ба имрӯз вуҷуд доранд. Чаро? Ба ин суол Гуревич Семён Моисеевич, доктори илмҳои таърих, профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, дар китобаш «Газета вчера, сегодня, завтра» нигоштааст, ки ҳар як инсон барои робита барқарор намудан бо дигар нафар воситаҳои зиёдеро дорост, аз ҷумла забон, хат ва телефон. Газета низ ҳамчун воситаи муҳиму асосии қонеъгардонии талаботи одамон ба иттилоъгирӣ, робита, алоқа ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ ба миён омад. Газета ба ҳар нафар имкон дод, ки ба ашхоси алоҳида ва ё якбора ба миллионҳо нафар муроҷиат намояд. Маслиҳату тавсия гирад, дар ҳалли масъалаҳои мушаххас ақидаашро иброз дорад. Яъне, нақши газета ҳамчун миёнарави иҷтимоӣ дар байни унсурҳову узвҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар идоракунии ҷамъияту давлат ниҳоят бузургу муҳим мебошад.
Як хусусияти газета ҳамчун нахустин, қадимтарин воситаи ахбори омма аз он иборат аст, ки кадом вақте мехоҳед, барқ ҳаст ё нест, онро мехонед: субҳ, нисфирӯзӣ, бегоҳ, шаб ё баъди ҳафтае ва ё солу солҳое. Чунин имконро ягон васоити техникӣ ба хонанда намедиҳад. Албатта, бо рушди босуръати раванди техникӣ, мавқеи рӯзнома ва ҳам худи он тағйир ёфтанд ва ин тағйирёбӣ ҳар лаҳза ба чашм мехӯрад ва нигоҳ доштани он ба иродаи касе вобаста нест. Бо дигар гаштани шароит, газета низ дигар шуд, бо сахтҷонӣ ва истеъдоди фавқулода худро ба он мутобиқ сохт. Бегуфтугӯ, дар сари вақт, филфавр ба муштарӣ расондани маълумот рӯзнома бо радио, телевизион, телефонҳои мобилӣ, нашриётҳои шабакавӣ, умуман воситаҳои интернетӣ, ҳеҷ гоҳ баробар шуда наметавонад. Аз ин рӯ, рӯзномаҳои кишварҳои мутараққӣ ба тарзи дигари расондани иттилоот даст заданд. Хабарнигорони газетаҳо ба таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгӯии комёбиҳо бо назардошти пешрафти илму кашфиётҳои илмӣ ва шарҳи аналитикии ҳодисаю воқеаҳо, тавонистанд мавқеи ҷаридаашонро дар ҳама солҳо устувор нигоҳ доранд. Газета имрӯз низ чун чор сада муқаддам оинаи замони худ аст ва бо ҳаёт ҳамқадам мебошад, набзу назокатҳои ҳар рӯзи гузаштаро дар саҳифаҳояш нигоҳ медорад. Ҳар як воқеаро дар саҳифаҳояш дарҷ менамояд ва бесабаб нест, ки олимон, алалхусус муаррихон, ҳангоми таҳлилу таҳқиқи замони муайяни таърих ба бастаҳои рӯзномаҳо рӯ меоранд. Ҳамин мисолро мо дар симои рӯзномаи «Ҷумҳурият» бармало мушоҳида мекунем, ки теъдоди обунаи солонааш аз ҳазор нусхаи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, имрӯз ба зиёда аз 50 ҳазор расидааст. Олимони шинохтаи соҳаи матбуот, профессорон Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ дар китоби худ «Ҷумҳурият»: дирӯз ва имрӯз» нигоштаанд: «Матбуоти даврӣ барои таъсир расондан ба афкори хонанда, аз имкониятҳои гуногун истифода бурдаанд, ки мо онро аз тарзу тариқати матолиби рӯзномаи «Ҷумҳурият» мушоҳида намудем. Тули солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки аҳли эҷоди нашрияи «Ҷумҳурият», хусусан сармуҳаррири он, роҳу усулҳои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори рӯзномаро ҷӯё мешаванд, ки натиҷааш дар солҳои 2018-2023 аз тарафи Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» серхонандатарин рӯзнома дар Тоҷикистон эътироф шудани он аст».
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои аз нашрияҳои даврии шабакавӣ қафо намондан, тамоми ходимони адабиро бо васоити техникӣ: компютерҳо, ноутбук, аксбардорҳои рақамӣ пурра таъмин намудааст. Маркази кор бо шабакаҳои иҷтимоии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ташкил гардида, дорои саҳифаҳо дар шабакаҳои Телеграм ва Инстаграм шуд. Сафи обуначиёни ин саҳифаҳо муттасил меафзояд. Шакли интернетии рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба нашр мешавад ва онро тамоми муштариёни рӯзнома, дар куҷое, ки бошанд, мутолаа менамоянд.
Имрӯз дар Тоҷикистон миллионҳо нафар телефонҳое доранд, ки онро рӯзнома – газетаи хурд гуфтан мумкин аст. Тамоми намуди иттилоотро метавон тавассути онҳо дастрас кард, аммо ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин эраи газета ба охир мерасида бошад. “Ҳаргиз, – таъкид менамояд Семён Моисеевич, – дар раванди рушд, дар ҳама ҳолатҳо ва тағйирёбиҳои шароит, бо хусусиятҳои махсус ва нақши иҷтимоии худ, газета дар даҳсолаҳои наздиктарин ҳамчун муҳимтарин ҷузъи васоити ахбори омма боқӣ мемонад. Имрӯз мултимедиа – васоити нави ахбори оммаи маҷмуӣ, ки радио, телевизион, маҷалла, рӯзнома, нашрияҳои шабакавӣ дорад, фазои иттилоотиро пурра фаро гирифтааст. Дар ин ниҳоди иттилоотӣ рӯзнома яке аз ҷузъҳои муҳими он мебошад ва ин мавқеашро минбаъд низ ба шарофати заҳмати арзандаи журналистони касбӣ нигоҳ хоҳад дошт”.
Қурбон МАДАЛИЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76